- Аз тарафи растаниҳои сабз ҳосилкунии моддаҳои органикӣ.
- Атмосфераро бо оксиген бой гардонидан.
- Роли растани дар давргардии модда дар табиат.
- Растаниҳои автотрофӣ гетеротрофӣ ва симбиотрофӣ.
- Дар рафти фотосинтез захирашави моддаҳо.
- Саҳми олимон дар омӯзиши раванди фотосинтез.
2/3 Ҳиссаи растаниҳое, ки дар замини мо дучор мешаванд, ранги сабз доранд ва аз 1/3 қисми он ранги сабз надоранд, ки ба ин гурeҳ бактерияҳо, замбӯруғҳо, шилмакиҳо ва баъзе хелҳои растаниҳои паразит, монанди зарпечак, шумгиёҳ ва ғайра дохил мешавад.
Растании сабз қобилияти дар замин ҷамъ кардани энергияи офтоб, моддаҳои органики ва хориҷ кардани оксигени озодро дорад, ки ин сабаби мавҷудияти дигар организмҳои зинда мегардад. Маҳсулоти умумии олами растани дар як сол ба 4* 10 11
Растании сабз аз ҳаво (атмосфера), гази карбон (С02) аз замин, об ва намакҳои минералии дар он ҳалшударо мегирад ва бо иштироки нури офтоб, моддаи органикӣ ва оксигени озодро ҳосил мекунад, ки ин протсессро фотосинтез меноманд.
6С02+6Н2О нури равшани 674ккал
С6Н12О6+О2.
Сабз будани ранги растани ба пигменти хлорофилли он вобаста аст. Кадом растание, ки дорои пигменти хлорофилл бошад, дар он протсесси фотосинтез мегузарад. Олими рус Виноградов дар натиҷаи тадқиқоти худ нишон дод, ки оксигени дар протсесси фотосинтез хориҷшаванда ба оксигени об тааллуқ дорад, на ба гази карбон.
Маҳсулоти аввалини фотосинтез глюкоза ё ки фруктоза ба шумор меравад, ки он дар натиҷаи полимирилизатсияи (зичшави) ибо кардани як моллекула об (Н2О) ба крахмал мубаддал мешавад.
С6Н12О6=Н2О=(С6Н10О5)н.
Крахмал маҳсулоти аввалин барои ҳосилшавии моддаҳои мураккаби органики ба шумор меравад.
Моддаҳои органикие, ки дар натиҷаи фотосинтез ҳосил мешаванд, дар натиҷаи таъсири ферментҳо ба якчанд табдилёбиҳо мубаддал гардида, мураккаб мешаванд, ки онҳо ба се гурeҳ тақсим мешаванд- ангиштобҳо, равғанҳо ва сафедаҳо. Ангиштоба ва равған моддаҳои органикии бе нитроген ба шумор мераванд, сафеда бошад моддаи органикии нитрогендор аст, ки он дар натиҷаи иштироки нитроген ҳосил мешавад.
Аз фактҳои дар боло нишон дода шуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки растани дар замини мо организми махсусе мебошад, ки табиатро бо ҳамаи эҳтиёҷоти лозими таъмин мекунад. Агар фотосинтез намешуд, ҳаёти ҳозира ҳам вуҷуд намедошт.
Замини мо ҳудуд ибова агар моддаҳои дар он буда, гардиш накунад, мавxудоти зиндаи он ба ҳалокат мерасад. Бинобар он дар замини мо доимо гардиши модда вуxуд ибова он бевосита бо иштироки растаниҳо мегузарад.
Дар пояи растании хушкшуда элементҳои карбон, оксиген, гидроген, нитроген, гӯгирд, фосфор, калий ва ғайраро дучор кардан мумкин аст. Аз элементҳои номбар шуда 42-45 % ба зиммаи карбон ва оксиген рост меояд. Fайр аз элементҳои дар боло номбар кардашуда ба миқдори кам оҳан, магний, калсий, хлор, йод, аллюминий, синк, мис, тилло ва ғайра дучор мешаванд. Ҳамаи ин элементхои номбар карда шударо растани аз мухити онро иҳота кунанда мегирад.
Агар азхудкунии ин элементҳо яктарафа давом мекард, элементҳои номбар карда шуда дар вақти муайян дефисит (камчин) мешуд. Лекин ин тавр не, барои он ки дар табиат доимо бо иштироки растаниҳо гардиши модда ба вуҷуд омада меистад.
Ҳеҷ гоҳ гардиши моддаро дар табиат, ҳамчун ҳалкаи сарбаста, яъне даромад ва баромади элементҳоро ҳамчун баланс (мувофиқатоӣ) ҳисобидан мумкин нест. Барои он ки замини мо дар галактика аз дигар сайёра ва метиоридҳо изолясия ҷудо карда нашудааст. Ба замин доимо нури офтоб таъсир карда меистад ва бинобар он гардиши модда дар табиат, ҳамчун ҳалкаи сарбаста набуда, балки дар намуди спирал мегузарад.
Ҳисоб карда шудааст, ки растани ҳар сол аз атмосфера ба ҳисоби миёна 1,3* 10 10 т. Гази карбонро аз худ мекунад, ки ин ба 1\50 ҳиссаи захираи гази карбони дар атмосфера буда, рост меояд. Агар ин протсесс яктарафа давом мекард, захираи гази карбони дар атмосфера буда, дар бадали 50-сол тамом ибова протсесси фотосинтез дигар давом намекард. Лекин тағъйирёбии кулли таркиби атмосфера, то ин дам дида нашудааст ва протсесси фотосинтез бо пайдо шудани якумин растании сабз, ки ба эраи архей тааллуқ дорад, то ин дам давом карда истодааст.
Дар табиат дар муқобили протсесси фотосинтез, дигар протсесс мавҷуд аст, ки он атмосфераро бо гази карбон бой карда меистанд. Яке аз ин протсессҳои зарурии аҳамиятнок ин протсесси нафаскаши мебошад, ки ин ҳам бо растани ва ҳам ба ҳайвонот хос мебошад. Протсесси пeсиш, туршшави, сӯзиш ва ҳодисаҳои номбар карда шуда протсесси акси фотосинтез буда, таркиби атмосфераро каму-беш доимӣ нигоҳ медорад.
Лекин, доимо ин тавр набуд. Дар давраи кӯмурсанг дар таркиби атмосфера назар ба оксигени озод гази карбон зиёд буд. Дар аввалҳои мавҷудияти замин оксигени озод набуд, чи тавре, ки ҳозир ҳам дар қаъри замин дучор намешавад. Оксигени озод дар табиат пас аз ба вуҷуд омадани растаниҳои сабз, яъне хлорофиллдор, дар натиҷаи фотосинтез ҳосил шудааст, бинобар он оксигени озодро пайдоиши биогенетикӣ дорад, мегӯянд.
Растаниҳои барои хӯрок истифода бурда нашуда, ҷасади мурдаи ҳайвонот ва растани ҳам дар табиат аз гардиши даврии модда берун намемонанд. Онҳо дар натиҷаи фаъолияти растаниҳои бехлорофилл, яъне бактерия ва замбeруғҳо ба пӯсиш, туршшави сар мекунанд ва ба моддаҳои ғайриорганики мубаддал мешаванд ( гази карбон,об, аммиак ва ғайра ). Дар навбати худ ин моддаҳоро растани дар натиҷаи фотосинтез боз аз худ карда танаи худро месозад;
Хок---растанӣ---ҳайвонот---xасади мурда---хок---растанӣ.
Оксигени озод дар табиат буда, ба табиати ғайризинда таъсир карда, онро тағъйир медиҳад. Вайроншавии xисмҳои кeҳӣ дар натиxаи таъсири агентҳои (омилҳои) кимёвӣ, яъне оксидшавӣ ба вуxуд меояд. Дар натиxаи оксидшавӣ ва бодхeрдашавӣ xисмҳои кeҳӣ ковок мешаванд ва дар охир решаҳои растанӣ онро ба хок табдил медиҳад. Ин нишондодҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роли растаниҳо дар табиат хеле бузург мебошад.Мавxудияти биосфера ба фаъолияти растанӣ вобаста аст. Онҳо гардиши моддаҳоро дар табиат каму беш доимӣ нигоҳ медоранд, яъне аз як тараф дар протсесси фотосинтез моддаҳои органикӣ тайёр мекунанд, аз тарафи дигар дар натиxаи пeсиш ва туршшавӣ моддаҳои органикиро вайрон мекунанд.
Гуфтан лозим аст, ки агар дар табиат растанӣ намешуд, он вақт дар рeи замини мо табиат ва мавxудоти зиндаи он тамоман дигаргун мешуд.
Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ:
Саволи 1. Аҳамияти асосии растании сабз дар табиат аз чӣ иборат аст?А) Атмосфераро бо оксиген бой мекунад
Б) Гази дуоксиди карбонро фурe мебарад
В) Ба гардиши модда дар табиат сабаб мешавад
Саволи 2. Ба растаниҳои ранги сабз надошта чиҳо дохил мешаванд?
А) Растаниҳ ибо роҳи автотрофӣ ғизогиранда
Б) Растаниҳ ибо роҳи симбиотрофӣ ғизогиранда
В) Растаниҳ ибо роҳи паразитӣ ғизогиранда
Саволи 3. Маҳсулоти умумии олами растанӣ дар бадали як сол xамъ кунанда тахминан чанд моддаи органикиро дар бар мегирад?
А) 4·1011 тонна
Б) 5·1010 тонна
В) 3·1012 тонна
Саволи 4.Барои рафти фотосинтез кадом омил асоситарин ба шумор меравад?
А) Об.
Б) Равшанӣ
В) Гармӣ.
Саволи 5. Маҳсулоти аввалини фотосинтез кадом модда аст?
А) Полисахарид.
Б) Дисахарид.
В) Моносахарид.
Саволи 6. Маҳсулоти аввалин барои ҳосилшави дигар моддаҳои мураккаби органикӣ кадомҳо мебошанд?
А) Оҳар.
Б) Қанд.
В) Алдегид.
Саволи 7. Дар раванди фотосинтез кадом аз моддаҳои номбурда ба ҷудошавӣ иштирок мекунад?
А) Об.
Б) Гази карбон.
В) ҳар ду.
Саволи 8. Кадом олим исбот намуд, ки дар рафти фотосинтез асосан нури сурхи офтоб фурe бурда мешавад?
А) Тимирязев.
Б) Цвет.
В) Курсанов.
Саволи 9. Дар раванди фотосинтез чӣ захира мегардад?
А) Оҳар.
Б) Равған.
В) Энергия.
Саволи 10. Дар вақти фотосинтез дар растани чӣ ҳодисаҳо ҳосил мешавад?
А). Моддаҳои органики ҳосил мешавад.
Б). Растани гази оксигенро фурӯ намебараб.
В). Ҳосилшавии оҳари барг боз дошта мешавад.
Саволи 11. Барои организмҳои автотрофӣ чӣ хос аст?
А). Нитрогени ҳаворо истифода мебаранд.
Б). Оксигени ҳаворо истифода мебаранд.
В). Гази карбонро истифода мебаранд.
Комментарии (0)