Забони мо – ҷаҳони мо


Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?

– Калиди дари ганҷи соҳибҳунар!

      Саъдии Шерозӣ

      Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳури ҳар ду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст.

      Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи фикри инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа абонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расидаанд.

     Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, миёна ва нав. Зинда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хурав, Камоли Хӯҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардонидаанд.

      Минбаъд нависандагону шоирони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштаанд. Барҳак, шоири тавоно М. Қаноат дар шеъри “Ба ҳаводори забони тоҷикӣ” мегӯяд:

… Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,

Дӯст медорам варо

Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо.

       Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Чуноне ки мегӯянд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забонаш осон гардад.

      Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана даромадааст,аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҳақиқат он рӯз, яъне 22 июли соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани Қонуни забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин мекунад. Илова бар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.

       Аз навиштаҳои зерин ба хулосаи кӯчаке омадан мумкин аст,ки забони модариро гум кардан носипосӣ нисбати Модару Ватан аст. Хитоби устод Лоиқ Шералӣ ба нишони ғафлатзадагон айни мудаост:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

      Соли 2008, ки Соли бузургдошти Забони тоҷикӣ эълон шуда буд, моро водор намуд, ки дар роҳи татбиқи ҳамаҷонибаи забони давлатӣ мусоидат намоем.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив