Зебунисо Рустамова


Зебунисо РустамоваЗебунисо Рустамова ифтихори варзиши тоҷик аз руи тирпаррони аз камон устоди варзиши дараҷаи байналхалқи довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи ҷоизаи биринҷи Бозиҳои Олимпи Монреал дар соли 1976 дар Канада мебошад. Зебунисо Рустамова аз бародари худ Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир бохабар шуд ки дар майдони «Динамо» маҳфили нави варзиши тирпаррони аз акамон ифтитоҳ ёфтааст. Қарор дод, ки узви он маҳфил шавад зеро ҳунарнамоии беҳтарини камонкашони ҷумҳури дар майдони футбол ӯро мафтун карда буд. Нишонҳои равшан ки ба он тирҳои тез мехалиданд диққати ӯро ҷалб мекарданд. Дар мусобиқаи мамлакат ки дар шаҳри Кишинёв тирпаррони аз камон мегузашт дар масофаи 50м Зебунисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард дар масофаи 70м бошад дар муборизаи шадид медали тиллоро ба даст овард. Дар шаҳри Алушта ҳамаи тирҳои ӯ ба маркази доира расиданд. Дар машқи М-2 2233 хол гирифт ки ин шумораи холҳо аз меъёри устоди варзиши дараҷаи байналхалқи болотар буд. Зебунисо Рустамова устоди варзиши Иттиҳоди Шурави 20 карат рекордсменкаи Аврупо Иттиҳоди Шурави ва Тоҷикистон ғолиби мусобиқаҳои сатҳашон гуногун мебошад. Дар чемпионатҳои ҷаҳон соҳиби 2 медали хурди тилло ва 2 медали хурди бириҷи гардидааст. Барои хизматҳои шоён дар ривоҷу равнақи варзиши тоҷик ба ордени нишони фахри ва медал «барои меҳнати шуҷоатнок» сарфароз шудааст.
Зебунисо Рустамова

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив