Меҳри Ватан


Ватан

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
 Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд.
Педагоги машҳур В.А.Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагй», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад.

Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, ба¬рои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Каҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи тоҷик Лоик Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:

Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
 Ватан хушномию фирӯзии мост.

Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандустӣ 6а дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
 Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бар меояд, ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеч ганҷе наметавон иваз намуд.

Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масьулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда буда, дар са¬росари он cyлҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт ycтувop набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташакул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан он чунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандустӣ ин худ садо¬қат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.

Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Хаким Фирдавсӣ дар «Шохнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳист ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.
 Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ӯ ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад:

Ватанро бинозам, маро дар канор,
 Чу модар гирифту намуд бахтиёр…

Мурод аз офаридани образи ватандӯстона дар адабиёти олам бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист.

Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиклоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст:

Ҳиммат агар ҳимати мардон шавад,
 Мӯр тавонад, ки Сулаймон шавад.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив