Мавзӯи Ватан дар ашъори Лоиқ Шералӣ


Нақша:

1.Тулӯи хуршеди маонӣ
2. Лоиқ ва мақоми ӯ дар адабиёти тоҷик
3. Мафҳуми Ватан дар ашъори Лоиқ
4. Хусусиятҳои бадеии ашъори Лоиқ
5. Аҳамияти ашъори ватандӯстонаи Лоиқ Шералӣ


Устод Лоиқ Шералӣ аз зумраи он шоироне ба ҳисоб меравад, ки дар таърихи шеъру адаби форсизабонон мақому мартабаи ниҳоят баланду беназиреро касб намудааст. Шоири забардаст 20-уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент дар оилаи шахсони бомаърифат ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон давом додааст. Лоиқ ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ ба шеър гуфтан шурӯъ менамояд ва нахустин чакидаҳои хомаи эҷодаш дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасанд. Аз қадамҳои нахустинаш маълум буд, ки ба ҷодаи адабиёт нафаре ворид шудааст, ки минбаъд бо истеъдоди нотакрор ва ашъори гаронмоя шеърро ба самти ормонҳои миллӣ ва кашфиётҳои навин интиқол медиҳад. Устод Лоиқ то охири умр ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намуда, раисии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикиро ба дӯш додааст.

Мақоми ин устоди бузурги сухан дар адабиёти тоҷик басо бузург аст. Лоиқро ба хуршеди ҷаҳонтоб метавон монанд кард, ки олами маонии Аҷамро нуру сафо бахшидааст. Ӯ офтоби шеъри Тоҷикистон буд, ки бо ашъори пурмазмунаш фикрҳои торики моро рӯшанӣ ато намуд. Лоиқ Шералӣ дар байни мардуми Шарқ мақому манзалатеро пайдо карда буд, ки ба ин андоза касе касб накарда буд. Ӯ дар кишварҳои гуногуни дунё басо шӯҳратёр гардид ва мухлисони зиёде пайдо кард. Ба гуфти худи Лоиқ шоирро модараш не, балки худи халқ меофарад:

Шоири фарзонаро асру замон,
Бар ниёзи хештан меоварад.
Модаре танҳо назояд шоире,
Халқ ӯро баҳри худ меофарад.

Мероси адабии шоир баҳри беканорро мемонад. Доираи мавзӯъҳои ашъори ӯ низ басо васеъ ва гуногун аст. Мавзӯи Ватан дар ашъори Лоиқ мақоми махсусро ишғол мекунад. Ин мафҳуми хуҷастаро бо маънии томаш самимонаю ҳунармандона дар дилу зеҳни инсонҳо танҳо Лоиқ ҷой дода тавонистааст.

Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Дар ашъори ӯ мафҳуми Ватан аз гаҳвора, аз шири поки модар, аз сангу кӯҳу хоки диёр оғоз шуда, бо мафҳуми умумӣ ва ягонаи он-Тоҷикистон алоқаманд мешавад. Ба ақидаи Лоиқ Ватан онест, ки тифлро баробари модар ба оғӯш мегирад ва ватандор бо ҳазор риштаҳои аёну ноаён бо Ватан пайваст аст:

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.

Муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтироми ҳар қатраи оби зулолаш дар ватанномаҳои Лоиқ ба равшанӣ ҳувайдост. Инсон дар ҷаҳон ҳама чизро метавонад пайдо кунад, вале модар ва Ватанро не! Зеро ҳар кас танҳо як модару як Ватан дорад. Барои шоир ҳатто санги Ватан зебогии махсус дорад ва ҳар порае аз Ватан барояш азиз ва ноёб аст:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман.
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Шоир тақдири хешро бо тақдири Ватани худ алоқаманд намуда, дар шеъри навбатӣ аз камзаминии Тоҷикистони азиз маънии амиқи ватанхоҳӣ бардоштааст. Ба қавли Лоиқ, сарзамини мо кӯчак бошад ҳам, хоки он ба воситаи фарзандони барӯмандаш ба тамоми ҷаҳон паҳн шудааст:

Тоҷикистон – мазҳари ман,
Сарзамини камзамин.
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯйи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Бояд қайд кард, ки ашъори Лоиқ аз ҷиҳати маъно содаву оммафаҳм аст. Лоиқ шоири ҳарфҳои осмонӣ нест, ӯ шоири дардҳои заминист, ки ҳунарро меъроҷ бахшидааст ва ҳам мардумонро ҷондор намудааст. Шеъри Лоиқ шеъри ҳамагонист. Ватанномаҳои Лоиқ як силсила ашъореанд, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқату самимияти ӯро нисбат ба Ватан ифода мекунанд. Хондани шеърҳое, ки дар мавзӯи Ватан эҷод гардидаанд, ба кас эҳсоси фараҳ ва ифтихормандӣ мебахшанд ва манзараҳои нотакрори диёрро пеши назар ҷилва медиҳанд.
 Шоир бо шеърҳояш эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносии хонандаи ҷавони тоҷикро тақвият медиҳад, ки ин барои тарбияи ватандӯстонаи насли наврас басо муҳим аст. Шеърҳои Лоиқ пурмуҳаббат ва беназиранд ва ӯ гармии оғӯши модару Ватанро, ки тамоми башар бар он ниёз доранд, дар онҳо ғунҷоиш додааст. Охир Лоиқ, худ мӯъҷизае буд, ки бо дили инсон сарукор дошт. Вай нозуктарин торҳои дили ошиқону орифон, пирону ҷавонон ва модаронро ба ҷунбиш меовард, мепайваст. Дилҳои бешӯр, беғурур ва ҳатто мурда аз шеъри саршори Лоиқ қудрату қувват пайдо мекарданд ва фаъол мегардиданд. Вале марг ин нобиғаи айём, шоири бемислу монандро соли 2000-ум ба коми худ бурд. Марги Лоиқ ин мотами тамоми форсизабонон аст.

Бале, ӯ вафот кард, вале рӯҳи вай зинда аст. То шеъри тоҷик дар ҷаҳон боқист, Лоиқ зиндаю ҷовид аст. Чун худи шоир мегӯяд, марги ӯ ин завол нест, баъди солҳо низ ӯ аз нав зинда меояд:

Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз…


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив