Шӯриши Восеъ соли 1888 дар Бухорои Шарқӣ ба амал омада, пояи ҳукукмати Манғитияро ба ларза овард. Дар наси бадеӣ асари калонҳаҷме, ки образи Восеъро ба тамоми паҳлу мавриди тасвир қарор дода бошад, романи «Восеъ» аст.
С. Улуғзода ба таърихи муборизаҳои адолатхоҳонаи мардуми кӯҳистони тоҷик ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри ХХ мароқ зоҳир намуд. Баъдтар нависанда ба омӯзиши шӯриши мардуми тоҷик бо сардории Восеъ ҷиддан машғул шуда солҳои 1961-1967 романи «Восеъ»- ро таълиф кард ва соли 1969 аввалин чопи китобии он дастраси хонанда гардид. “Восеъ” ба жанри романи таърихӣ тааллуқ дошта, аз 33 боб иборат аст. Хонанда дар ду боби аввал нахуст ба симои манфӣ – Мирзоакрамбой ва баъд ба қаҳрамони асосӣ – Восеъ шинос мешавад. Ин ду образ (махсусан Восеъ) аз аввал то охири асар иштирок намуда, дар ҳалли зиддият ва масъалаҳои асосии асар мавқеи марказӣ доранд.
Дар боби дуюм ҷувозкундае тасвир ёфтааст, ки онро Восеъ ба пушт бардошта ба хонааш мебарад: “Восеъ ҷувозкундаро бағал карду озод бардошта ба болои харсанге гузошт ва баъд онро ба пушташ гирифта, хам шуда, калавида-калавида равон шуд.
– Намурӣ, Восеъ! Ёдат ба хайр!.. қанд бизан!. –қоил шуда таҳсин мекарданд шариконаш аз қафо.
Восеъ бори вазнини худро ба ҳавлиаш расонда, дар пеши дари ҷувозхона бо эҳтиёт ба замин гузошт… Ва ба ҷувозкунда даст зада, мамнунона илова намуд:
-Соз! Аз тути пир тарошондамаш. Дар ин, иншооллоҳ, бист-сӣ сол ҷувоз мекашам, занак».
Ин ҷувозкунда дар охири боби 33-юм боз зикр гардидааст. Вақте ки хоҳари Восеъ – Фотима аз Шаҳрисабз баргашта, хабари ба дор кашидани бародарашро ба ҳамдиёронаш мерасонад, мардуми Дараи Мухтор ва деҳоти гирду атрофи он як ҳафта азо мегиранд: “Дар поёни ҳафтаи азодорӣ пирамарде ба ҷувозхонаи Восеъ ишора карда, ба ҷамоат чунин гуфт:
-Додарон! Дар ин ҷо Восеъ ҷувоз мекашид. Ин ҷувозкундаро худаш фармуда тарошонда буд. Биёед, аҳду паймон кунем, ки ҳаминро аз Восеъ ба ёдгор нигоҳ медорем. Восеи шаҳид дар ватанаш қабр надорад, ҳамин ҷувозхона ба ҷойи қабраш зиёратгоҳи ӯ шавад. Омин оллоҳу акбар! Хурду калон ҳама бо ҳамроҳии пирамард даст ба рӯй кашиданд”.
Ин ҷувозкунда, ки ҳоло ҳам побарҷо буда, чун зиёратгоҳи мардум эътибор дорад, маънои рамзӣ касб кардааст ва нишонаи он аст, ки халқи тоҷик Восеъ барин фарзандони баҳодуру сарбаланди худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Баъди боби дуввум боз дар боби охири асар такрор шудани ҷузъи ҷувозкунда робитаи мантиқии қисматҳои романро қувват бахшидааст. Мисли ҳамин, истифодаи бамаврид ва моҳиронаи манзараи табиат, қиёфа (портрет), муколама ва порчаҳои шеърӣ бандубасти лаҳзаҳои алоҳидаи “Восеъ”–ро таъмин намуда, боиси афзоиши ҷозибаи тасвир гардидааст. Сужети “Восеъ” ҳодисаву воқеаҳоеро, ки дар охирҳои асри ХIХ дар роман қаламрави Бухорои Шарқӣ ба вуқӯъ пайваста буд, дарбар мегирад. С. Улуғзода хонандаро аввал ба амалиёти ҳарисонаи Мирзоакрамбой ном мансабдори аморати Бухоро шинос намуда, баъд ба тасвири зиндагии Восеъ ном марди кӯҳистонӣ ва аҳли оилаи ӯ мегузарад. Восеи ҷувозкаш бо ҳалолкорӣ, қавииродагӣ ва ёриву мададгорӣ дар байни ҳамдиёрон эътибори калон пайдо мекунад.
Дар Бухорои Шарқӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва аҳволи мардуми меҳнатӣ сол то сол бад ва тоқатфарсо мешавад. Дар ҳамин вазъияти барои аҳолии мавзеъҳои Ховалинг, Балҷувон ва Сарихосор сангин амири нави Бухоро Абдулаҳадхон (1885-1910) Мирзоакрамбойро мири Балҷувон таъин менамояд ва супориш медиҳад, ки аз аҳолӣ андози сесоларо ҷамъ намояд. Мирзоакрамбой молу пули зиёде сарф карда, ба ин мансаб соҳиб шуда буд. Бинобар ин, дар бадали ду ҳафта хароҷоташро ду баробар рӯёнда, барои хазинаи амир ҳам ҳадяи муносиб тайёр намуд. Ин амали беадолатона ва аз даҳони мардум кашида гирифтани охирин луқмаи нон косаи сабри аҳолиро лабрез намуд ва боиси сар задани шӯриш гардид.
Деҳқонону чӯпонон ва дигар табақаҳои камбизоати аҳолии бекигарии Балҷувон бо калтаку шохину белу каланд ва тешаву табар мусаллаҳ гардида, “дод аз дасти манғит” гӯён сарбозони бекии Балҷувонро торумор намуданд. Бек фирор кард. Амир Абдулаҳадхон ба кӯмаки мири шикастхӯрда ҳазор тан сарбози варзидаву мусаллаҳ фиристод. Ҳокими ҳисор Остонақул – қушбегӣ ба сарбозони аз Бухоро омада дастаеро илова намуда, ба Балҷувон сафар намуд.
Шӯришгарон ба муқобили сарбозони аз Ҳисор омада, мири Кӯлоб ва дастаи ғоратгари Туғай мардонавор ҷангиданд. Аммо бо белу каланд ба муқобили сарбозони мусаллаҳ истодагарӣ кардан душвор буд.
Оқибат шӯриш ба шикаст рӯ ба рӯ омад. Восеъро бо дӯстонаш (Назир, Одина, Саид мерган, Нозим, Давлат Аюб) дастгир намуда, аввалан ёронашро ба қатл расонданд ва баъд худашро ба ҳузури амир Абдулаҳадхон бурданд. Чун амир дар Шаҳрисабз буд, Восеъро баъди ба амир нишон додан ба дор овехтанд. Сужети асар бо таъкиди қадршиносии ҳамдиёрон, ки ҷувозкундаи Восеъро то ҳол аз харобшавӣ эмин дошта, деҳаи Дараи Мухторро ба зиёратгоҳ табдил додаанд, ба охир мерасад.
Образи Дар маркази роман образи Восеъ қарор дорад. Тасвири ин образ аз Восеъ лаҳзаи ба дуредгари Дараи Мухтор тарошидани ҷувозкунандаро супориш кардан оғоз меёбад. Дар ин ҳолат Восеъ соҳиби зан, се фарзанд ва обрӯю эътибор мебошад. Баъдтар нависанда руҷӯъ намуда, воқеаҳои даврони ҷавонӣ, ба Назири сайёд бародархонд шудан, Аноргул ном духтарро ба занӣ гирифтан ва Шакар ном падари ғамхору ҳалолкор доштани Восеъро тасвир менамояд. Ин лаҳзаҳо сарчашмаи ташаккули характери қаҳрамон мебошанд.
Восеъ аз ҳама хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархурдор аст. Мудом меҳнат мекунад, паҳлавон аст, нангу номусро дар ҷойи аввал мегузорад ва меъёри асосии ӯ дар зиндагӣ ҳақиқату адолат аст. Восеъ Ризо ном ятимбачаро ба тарбияи худ мегирад ва ба занаш, ки ба хона овардани ин бачаи оворагардро намехост, мегӯяд: «Аммо, ман мегӯям, ӯ бачаи хуб аст. Писархондаш кунем, савоб мешавад. Фоидааш ба ӯ, савобаш ба мо. Ту ба шумии ӯ, ба қилиқҳои бемазааш нигоҳ накун, ҷони ширин, инҳо ҳама аз бесариву бенасибӣ аст. Ман донистам, ҷавҳари бача пок аст, тарбияташ кунем, одам мешавад, ба ман дастёри хуб мешавад».
Восеъ дар ҷӯстҷӯйи бародархондаш Назир – ба Ҳисору қаршӣ ва Шаҳрисабзу Самарқанд сафар мекунад, дар мусофират ба беадолатӣ ва ноинсофиҳои мансабдорон дучор мешавад. Дар Самарқанд ба воситаи Муллосафар ном ҳамдиёраш ба ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш шинос мегардад. Ошноӣ ба зиндагии пурмоҷарои сокинони шаҳрҳои номбурда ҷаҳонбинӣ ва ҳисси худшиносии Восеъро афзун гардонда, мантиқи гуфтори ӯро боз ҳам қувват мебахшад. Пешвои шӯришгарон ба ҳар гуна таҳқир оҷизона тан додани шахсеро чунин маҳкум менамояд: “Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офарандаатро муттаҳам кардаӣ. Туро ба ноҳақ хор кунанд, зери по кунанду ту хап истӣ, номардӣ, ору номус надорӣ; занат ва фарзандонат, ёру дӯстонат ҳақ доранд, ки аз ту рӯй гардонанд”. Восеъ ба зарбаҳои зиндагӣ мардонавор тоб меорад. Вақте ки сарбозони амир бандиҳоро мебурданд, ду нафар зани сарбараҳна, пойлуч ва саропо хоколуд ба муқобилияти сарбозон нигоҳ накарда пеш баромаданӣ мешаванд. Восеъ онҳоро мешиносад: яке духтараш Гулъизор ва дигаре хоҳараш Фотима буд.
-Ота –а-а!.. Ота –а-а!.. – рӯканону мӯканон дод мезад Гулъизор.
Восеъ қадам нигоҳ дошт.
-Духтарҷонам!.. Хоҳаракам! – аз ҷигар фарёд кашид ӯ.- Алвидоъ! Ба модарат бигӯ, Гулъизор, ба додараконат бигӯ, падари шумо ба золимон сар хам накард, ҷангид, шаҳид шуд!
С. Улуғзода дар тасвири характери фардӣ ва симои ҳақиқии Восеъ аз ҷузъҳои бадеии сар хам накардан, қад барафрохта рост истодан бо маҳорат истифода кардааст. Аз ин ҷиҳат, вохӯрии Восеи асир ба амир Абдулаҳадхон омӯзанда аст. Амир Абдулаҳадхон сарвари шӯришгарони тоҷикро, ки пояи ҳукуматашро ба ларза оварда буд, дидан мехоҳад. Вохӯрии Восеъ ба амир дар ҳавлии қалъаи Шаҳрисабз ташкил мешавад. Вақте ки амир аз дари қалъа намудор мегардад, мансабдорон, сипоҳиён, нӯкарон-ҳама якбора ба таъзим хам мешаванд. «Дар байни саллаҳои сафеду сабзу кабуд ва телпакҳои сиёҳу сурхтобу хокистарранги қафқозии қариб то ба замин хамшуда танҳо Восеъ қад барафрохта рост меистод. Амир ба вай чашм дӯхт, вай ҳам ба амир чашм дӯхт, Восеъ гӯё бо нигоҳаш ба вай мегуфт: “Ту маро дидан хостӣ. Инак ман! Бубин! Душманони ту ҳама монанди мананд! Ман ҳоло асири туам, аммо ба ту сар хам намекунам, аз ту наметарсам!”
С. Улуғзода дар шахси Восеъ симои барҷастае офарид, ки аз корномаҳои он мардуми тоҷик солҳои сол дарси хештаншиносӣ меомӯзад. Аз ҷумла, Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Саидаҳмад Каримов барин ҳамдиёрони Восеъ ба хотири дифоъ аз нангу номуси инсонӣ дар ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонии ҳамватанони хешро такрор карданд.
Дигар образҳои роман
Дар роман Назир, Ризо, Нозим, Одина, Давлат, Аюб, Муллосафар, Саидалӣ барин персонажҳои мусбат ширкат меварзанд ва ҳар кадоми онҳо дар инкишофи воқеаҳо ва ҳалли зиддияти асар саҳми муайян доранд.
Дар байни ёрон ва наздикони Восеъ образи писархонд ва баъдҳо домоди ӯ – Ризо зиёда диққатҷалбкунанда аст. Покиву роскорӣ, шавқу завқи ҷавонӣ, далерию чобукӣ ва ҷуръату кордонии ин ҷавон хонандаро ба ваҷд меорад. Махсусан, муқобилияти Ризо ба сарбозони Остонақул – қушбегӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Вахш симои ӯро хеле хуб намоён месозад. Ризо ба муқобили душман аввал гулӯлапаронӣ ва баъд сангпаронӣ мекунад ва чун як қисми сарбозон ба воситаи амад аз дарё гузаштанӣ мешаванд, ӯ худро ба об андохта ба амад мерасад ва бо кордча гупсарҳои таги амадро чок карда, сарбозонро бо тиру туфангу шамшерҳояшон ғарқ мекунонад. Ризо вақте ки ба соҳил мебарояд, тир мехӯрад. Нозим Ризоро дар бағал гирифта чунин нола мекунад:
– Садқаат шавам, Ризоҷон, ту коре кардӣ, ки ҳеҷ фарзанди одам накардааст. Номи туро дар қиссаҳо нависанд, меарзад. Кошки тир ба ман мерасиду ту сиҳат мемондӣ.
Дар қатори симоҳои мусбат образи Муллосафар мавқеи муносиб дорад. Муллосафар типи ҷавонони кӯҳистоние мебошад, ки дар шаҳр таҳсил карда, илмҳои гуногун ва ҳунарҳои заргарӣ, наққошӣ, мӯҳрканӣ, хаттотиро аз худ кардааст. Баъди шиносоӣ ба ақидаҳои маорифпарварии Алломаи Дамирӣ дар ӯ инқилоби фикрӣ пайдо мешавад. Восеъ ва Назир дар Самарқанд чанд муддат дар хонаи Муллосафар зиндагӣ мекунанд ва аз андешаҳои маорифпарварии ӯ баҳра мебардоранд. Муллосафар дар бораи давлатдорони замонаш, аз ҷумла, чунин андеша дорад: «Худои таоло аз ин амирони ҷоҳил, вазирони коҳил, сипоҳиёни гумроҳи ғофил кайҳо рӯй гардондааст”. Ва муҳокимаҳои мантиқиашро чунин хулоса мекунад: “Давлати амир дер намепояд”.
Мутаассифона, Муллосафар то охир ба ақидаҳои иҷтимоии худ устувор намемонад, оқибати нохуши шӯришро ҳис карда, дар таҳлука меафтад. Хатои калони Муллосафар ин буд, ки ӯ ба савганди риёкоронаи Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис оид ба бахшидани “гуноҳи” Восеъ бовар карда, дар паси обпари Гулдара паноҳ бурдани дӯсташро ошкор месозад.
Муллосафар чанд лаҳза халосӣ ва озодии Восеъро дар хаёл оварда, дар дил хурсандӣ мекард. Вале чун яқин кард, ки Восеъ, Назир ва Давлат Аюбро ба Бухоро бурда мекушанд, фаҳмид, ки беихтиёр ба дӯстони худ хиёнат кардааст. Ин фоҷиа барои ӯ бисёр вазнин буда, оқибат боиси ҳалокаташ гардид. Муллосафар ба дастаи бандиён расида, дар назди Восеъ худро хиёнаткор номид ва баъд ба хонаи Ҳоҷӣ Яъқуб рафта ба ӯ дарафтид: «Эй беимон! Каззоби қасамзада!- дар нимторикии маҳтобшаб ба гиребони мударрис бехудона чанг зад Муллосафар. – Фиребгари дӯзахӣ! Восеъ куҷост?! Ту ӯро ба куштан додӣ? Ту дағопешаи кофиркеш динат, имонатро ба манғит фурӯхтӣ!»
Ин марди фиребхӯрда дар коҳдони Ҳоҷӣ Яъқуб ҷон дод. Фоҷиаи Муллосафар фоҷиаи зиёиёне буд, ки ба ҷараёни пурталотуми зиндагӣ назари воқеъбинона дӯхта натавонистанд.
Образи Дар роман дар қатори Фотима, Аноргул, Гулъизор ва Заррагул бари занон образҳои мусбат симоҳои манфие чун Марзия ва Лутфия низ тасвир ёфтаанд.
Аз образҳои мусбат, пеш аз ҳама, хоҳари Восеъ – Фотима дар хотири хонанда нақш мебандад. Фотима ҳамагӣ дар се лаҳза (дар бобҳои IV, ХХV ва ХХХIII) фаъолият дорад. Симои Фотима махсусан дар боби охири асар хеле муассир ба назар мерасад. Вақте ки сарбозон Восеъ ва ду нафар бандии дигарро аз Балҷувон ҷониби Ҳисор мебаранд, “Фотима монанди девонаҳо афтону хезон дод зада” ба корвон ҳамроҳ мешавад. Сарбозон ҳарчанд кӯшиш мекунанд, ӯро аз корвон дур карда наметавонанд. Дар роҳ Фотима пӯшокҳои Восеъро мешӯяд, нон, қурут, меваи хушк барин хӯрданиҳоеро, ки бошандагони маҳаллаҳои сари роҳ ба ӯ медоданд, ба бародараш пешкаш менамояд. Хоҳари дилсӯз то пояи дори Шаҳрисабз ба бародараш қувват бахшида, охирин нигоҳи ӯро дар худ эҳсос мекунад ва боз пойи пиёда, танҳову саргардон ба зодгоҳаш баргашта, хабари сарбаландона ба марг рӯ ба рӯ гаштани бародари шаҳидашро ба ҳамдиёронаш мерасонад: “Акама ба дори баланд кашидан. Акам натарсид, сарбаланд ҷон дод. Халқон гуфтанд:
«Ёдуш ба хайр, баҳодур будай!”
Нависанда бо тасвири пурсӯзи ҷонфидоиҳои Фотима нисбат ба бародари гирифтораш ба офаридани симои миллии духтари тоҷик муваффақ гаштааст.
Дар боби ХХI лаҳзаи хайрбоди Восеъ бо аҳли оилааш тасвир ёфтааст. Восеъ ба шӯриш печидани норозигии мардумро дида, аҳли оилаашро ба деҳаи кӯҳии Баландсар гусел менамояд ва ҳангоми хайрухуш ҳамсари азизашро дилбардорӣ менамояд. Аноргул низ ба шавҳараш хайрухуш мекунад ва аз ҳар ибора ва ҷумлаи ӯ бӯйи меҳр, садоқат ва вафодорӣ меояд:
– Доғ кардӣ маро, Восеъ, диламро об кардӣ, – гуфт Аноргул. –Илоҳӣ сиҳат – саломат, хушу хуррам гашта биоӣ. Хонаи манғит бисӯзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард… Ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам ба манғит теғ мекашидам. Ман туро аз барои шердилӣ, мардонагӣ, ростқавлиат дӯст доштам, ҳозир аз пештара ҳам зиёд дӯстат медорам… Тани зори ман дар ин ҷо ё дар Баландсар мемонад, аммо дилам, ҷонам бо туст. Ман ҳам аз ту розиям, Восеъ, сад бор розӣ…
Марзия ва Лутфия бошанд, аз образҳои мусбат бо ҷоҳилӣ, беномусӣ ва бадтинативу бахилӣ фарқ доранд. Макру ҳилла ва рашку ҳасад дар ниҳоди онҳо чунон пурқувват мебошанд, ки ҳар ду ба куштор даст задаанд. Марзия зоҳиран бадрӯй ва ботинан нопок аст ва ба ҳар ҷое, ки қадам гузорад, он ҷо ба вайрона табдил меёбад. Назири сайёд баъди вафоти занаш ба Марзия хонадор шуда, дар андак муддат хонахароб ва сарсону саргардон мегардад. Ягона дилхушии Назир набераи дӯстрӯяки дусолааш Азиза буд. Марзия ҳамин тифли бегуноҳро ба ҷарӣ тела дода мекушад ва бо ҳамин оилаи Назирро тамоман бадбахт мегардонад. Умуман Марзия ва Лутфия симоҳои манфур боиси бадбахтиҳои мардуми бегуноҳ гардиданд. Образи мардони Дар байни образҳои манфии асар Мирзоакрамбой, амир ҷафопеша Абдулаҳадхон, ҷобирдоруға, Саидасрор ва Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис мавқеи бештаре доранд. Махсусан, кирдор ва фаъолияти Мирзоакрамбой ҷолиб аст. Ҳирси манфиатҷӯйӣ ва мансабталошӣ тамоми вуҷуди Мирзоакрамбойро фаро гирифтааст. Симои Мирзоакрамбойи мансабталош ҳангоми ба амри Абдулаҳадхон мисли бедона ба “ҷанг” дромаданаш хеле ночиз ва нафратовар ба назар мерасад: “Мирзоакрами шӯрбахт хоҳу нохоҳ хам шуда, ҳамчунин ҳолати чорпо ба худ гирифту ба ҷойи бедонаи хоини худ ба ҷанг даромад. Ҳоҷиқул ва ӯба якдигарашон нӯл мезаданд, каллаҷанг мекарданд, якдигарашонро ба тагашон пахш менамуданд. Ҳоҷиқул мисли бедона бол меафшонд, питпилиқ мекард ва гоҳо бедона буданашро фаромӯш карда монанди хар ҷуфтак мезад. Оқибат Мирзоакрамбойи фарбеҳу ғафс ба обу арақ ғӯтида, нафасаш танг шуда ғалтида монд. Пешхизматони ҳоким ӯро ба пойгаҳ кашида ба сараш аз сатил оби хунук рехтанд. Бечора тамом аз ҳол рафта қариб буд, ки қолиб тиҳӣ кунад”.Хислату характери манфури Мирзоакрамбой аз забони зани сеюмаш ба таври возеҳ ошкор гардидааст. Вақте ки модари Зебӣ хабари ба Адбулаҳадхон пешкаш намудани духтари ноболиғашро мешунавад, ӯ ба Мирзоакрамбой дарафтода, дар зери қамчинзании шавҳараш фарёд мекашад:
“Куш маро! Ё зиндаву зор дар гӯрам тиққону баъд духтарамро бурда ба ҳокимат тортуқ кун! Шумо шармандаҳо, беномусҳо, мансаб гуфта бачаҳотонро мефурӯшед, ҳатто духтарҳои ноболиғатонро ба фоҳишагӣ медиҳед!..”
Образи Мирзоакрамбойро симои Абдулаҳадхон боз ҳам тақвият медиҳад. Абдулаҳадхон, чи дар замони валиаҳд буданаш ва чи дар замони амириаш, танҳо ба айшу нӯш, дилхушӣ, бедонабозӣ, шаҳватпарастӣ ва ришваситонӣ машғул аст.
Дар боби ХIV лаҳзаи марги падараш – амир Музаффарро интизорӣ кашидани Абдулаҳадхони валиаҳд1 ҷолиби диққат аст. Абдулаҳадхон дар Кармина хабари вафоти падарро бесаброна интизор аст. Зеро “ин хабар ӯро якбора соҳиби тахти аморат, молики рақоби сею ним миллион фуқарои мамлакат хоҳад кард. Ба назари тӯра вақт хеле ба оҳистагӣ мегузарад. ӯ хавотир кашида фикр мекунад, ки мабодо мисли ду моҳ пеш падараш боз сиҳат ёбад! Инро фикр мекунаду ба худ ларзида дар дилаш мегӯяд: не, не, ҳеҷ мумкин нест, ки вай намирад! Бояд бимирад!”
Ҳирси бемайлони ба мансаби олӣ ва сарвату ҷоҳу Ҷалол соҳиб гардидан Абдулаҳадро аз камтарин ҳиссиёти инсонӣ ва одатҳои одамгарӣ маҳрум гардонидааст, ба дараҷае ки ҳарчи тезтар вафот ёфтани падарашро бо ҷону дил хоҳон аст.
Нависанда дар офаридани характерҳои мусбату манфии роман услуби тазодии тасвирро истифода кардааст. Барои Назири шикорчӣ вафоти набераи дусолааш фоҷиаи бузургест, аммо Абдулаҳадхон хоҳони ҳарчи тезтар вафот ёфтани падараш мебошад; чун Фотима хабари қатли Восеъро ба ҳамдиёронаш расонд, мардум азо гирифт ва “маъракаи азодорӣ як ҳафта давом кард. Аз деҳу дараҳои дуру наздик ба Дараи Мухтор тӯда–тӯда мардумон саллаҳошонро ба миён баста, ба даст асо гирифта меомаданд, мотам мегирифтанд”, аммо мурдаи амир Музаффарро “бо шитобу ҷадал… ба хок супурданд. Аз пушти тобути ӯ на вориси тахташ рафт ва на ягон писари дигараш.”
Ҳамин тариқ, образҳои романи “Восеъ” ҳар кадом дорои хислату характери ба худ хос буда, дар маҷмӯъ зиндагии як давраи таърихии халқи тоҷикро хеле табиӣ ва бо тамоми паҳлуҳояш инъикос намудааст.
Комментарии (0)