Сенарияи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор»


Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихорСенарияи гузаронидани конференсияи илмӣ-бадеӣ дар гимназияи ба номи Низомии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор» бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойи гузаронидан: Гимназияи ба номи Низомӣ
Вақти гузаронидан: аз соати 10-00 то 11-30
 Санаи гузаронидан: 28 октябри cоли 2010

Барандаи 1:

Тоҷикистони азизам, парчамат поянда бод,
Мавҷзан дар зери гардун, қосиди оянда бод.
Парфишон гашта ливоят, дар фазои беканор,
 Шӯҳрати ту бахти моро боз афзоянда бод!

Баранадаи 2:

Тоҷикистон, Тоҷикистон, мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳасти бас аст,
 Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст!

Барандаи якум:
 Ассалому алайкум, меҳмонони арҷманд, омӯзгорони гиромиқадр! Ҳамаи мо дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди Истимқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии ин иди барои миллати тоҷик дар ҳақиқат ҳам бузург, табрику таҳният намуда, бароятон тандурустӣ, хушбахтӣ ва хонаи ободу бурдборӣ ва ба хонандагонатон таҳсили аъло таманно менамоем.

Барандаи дуюм:
 Соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақили миллӣ шуд. Дар натиҷаи сиёсати рӯҳбахши бозсозӣ, баъди тобеияти 70-сола халқи тоҷик озодӣ ба даст овард ва Т оҷикистон ба кишвари озод мубаддал гашт. Баъзеҳо мегӯянд,ки ин озодӣ ба мо гӯё ба таври осон насиб гашта бошад.Вале аслан ин тавр нест ва барои дарёфти ҳақиқат ба таърихи халқамон рӯ меорем…

Суннатуллои Рустам:
Дар солҳои 90-уми асри гузашта дар сиёсати додхилии Тоҷикистон нофаҳмиҳо дар байни мардуми тоҷик руҳ доданд ва ин боиси авҷгирии ҷанги гражданӣ шуд. Дар ана ҳамон шароити вазнин,ки дар пойтахти шаҳр вазъияти фавқулодда эълон шуда буд, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олӣ бо таклифи собиқ сарвари давлат Раҳмон Набиев, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб мегардад ва ӯ барномаи сиёсии худро вобаста ба шароити онвақта чунин иброз медорад: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
 Тоҷикистони азизи мо бошад, 9-сентябри соли 1991 Истиқлолияти худро ба даст оварда аз пеш вазниниҳои зиёдеро аз сар гузаронид.

Барандаи 1:
Соли 1991….(садои гиряи кӯдак)
Нилуфар Абдуллоева:
 Бишнавед, ин садои Тоҷикистони хурдакакест,ки ӯ мехоҳад, мардумонаш халқи бо ору номусаш гаҳвораи ӯро ҷумбонанд. Меҳоҳад.ки миллати бонангаш ӯро дар оғӯш гирифта навозиш кунад. Бале, ӯ орзуи ба воя расиданро дорад…

Барандаи 2:
 Соли 1992 (Садои даҳшат – сабт аз фитта)

Суннатуллои Рустам
Не, не, не! Намеҳоҳам, ки он рӯзро ба ёд орам.Чӣ рӯзи сахт, чӣ даҳшат буд, ки ба сари мардуми мо омад. Душмани миллати манн тавонист он сарзаминеро,к ибо ҳам мардумонаш, ёру бародар буданд, ба якдигар душман созанд. Чандин ҷавононро ғӯрамарг, чандин наврасонро хуни ҷигар, дили садҳо модаронро сад пора гардонд.
 Не, не, не!!! Ман намеҳоҳам,ки дигар он рӯзҳои шум такрор шаванд.

Барандаи 1:
 Соли 1994: (Аз фитта садои чаҳ-ҷаҳи булбул садо медиҳад)

Назарова Дилшода:
 Инак, дар сарзамини ман Сулҳ, дӯстӣ, якдигарфаҳмию ваҳдат ҳукмфармо гашт. Боз паррандагони хушилҳоми сарзаминам дар шоҳаҳои сарсабзи диёрам лонаҳо гузоштанд. Дар тӯли солҳои истиқлолият шоҳроҳи абрешим, яъне роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қайроққум, роҳи мошингарди Ҷумҳурии азизи моро мамлакатҳои хориҷии кишвар пайваст гардонд. Рафту омад ба Бадахшони кӯҳистон наздик гардид. Тавоноӣ ва обрӯи Истиқлол маҳз ҳамин аст.

Румия:

Зи истиқлол бо иқбол бошӣ,
Ҳамеша халқи ман хушҳол бошӣ.
Ҳама: Ин саодат, ин дилафрӯзӣ муборак бод,
 Тоҷикистон ҷашни фирӯзӣ муборак бод!

Манучеҳр:
 Бо эълони Истиқлолият китоби таърихи тоҷиктон варақгардон гардид ва дар он саҳифаҳои тозае кушода шуд. Истиқлолияти Тоҷикистон иди миллат аст. Барои кули мардуми Тоҷикистон муҳимтарин чиз осудагӣ ва таъмини амнияти ҳамагон аст.

Ҳикматулло:

Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бӯстон дорам,
Қавиазму зафарэъҷод, халқи қаҳрамон дорам.
Ба болои сарам мурғи саодат мекунад парвоз,
 Замини сабзу хуррам, обҳои зарфишон дорам.

Анушервон:
 Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рамзи дӯстию ваҳдат мебошад. Пайкара моро водор мекунад,ки ба таърихи куҳан ва ба қадри истиқлол расем.

Сулҳу ваҳдат ҷовидон ояд ҳаме,
Бар диёри тоҷикон ояд ҳаме.
Вориси исмоили Сомонием.
 Ин ҳақиқат бар забон ояд ҳаме.

Суннатулло Рустам:

Қабои Хусравӣ бар сар наояд ҳар касеро хуш,
Назебад тоҷи султонӣ сари ҳар носазоеро.
Салоҳи мулк агар ҳоҳӣ, биёмӯз эй шаҳи олам,
 Тариқи подшоҳиро зи Исмоили Сомонӣ.

Румия:

Баъди ҳазору сад баҳор, бахти баланд гашт ёр,
 Мояи ме ҳру ифтихор, бахти баланд омадӣ.

Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1994 сарқонуни Ҷумҳуриро қабул кард. Сарқонун ҳуҷҷатест,ки роҳи пешрафти халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо муайян месозад. Он қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохти иқтисодию сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, вазъи ҳуқуқии шахсият ва мақомоти хокимияти давлатиро дар марказ ва маҳаллаҳои Ҷумҳурӣ ташкил менамояд. Сарқонун нисбати дигар қонунҳо ва актҳои қонунгузорӣ мартабаи олиҳуқуқӣ дорад.

Ҷаъфари Афло:

Қонуни мо,ки ҳуҷҷати пурифтихори мост,
Қонуни истироҳату таҳсили кори мост,
Қонуни сарфарозиву авҷу барори мост,
 Қонуни халқу давлати пуриқтидори мост.

Миҷгона:

Замини тоҷикон гул кард, боғи тоҷикон гул кард,
Дили хуррам, сари сабз аз баҳори тоҷикон дорам.
Ба қонунномаи пешво бо хати зар бинвишт,
 Ҳуқуқи халқҳоро бин, чӣ бахти ҷовидон дорам.

Султон:

Ба ту, қонуни давлатам, ташаккур,
Барои бахти тобонам, ташаккур.
Намуди бахти одам дар кафи пӯст,
 Адолатро нигаҳбонам, ташаккур.

Парвиз:

Тоҷикистони азиз, ватани хурдакаку, вале дар бузургӣ аз ҷаҳон калони мо, хонаи умеди мо, ки аз меҳраш рӯйи олам пур мешавад соҳиби Суруди миллӣ, парчам, нишон ва пули худ – сомон аст.

Дилшода:

Парчами мо, чун сари шерри фалак боло шуд,
Зиндагӣ дар назари пиру ҷавон воло шуд.
Сухан аз ваҳдати гумшуда ба гӯшам омад,
 Боғи умри ҳама, ғарқи сумани зебо шуд.

Анушервон:

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон, зиёиён, дӯстию бародарии ҳамаи халқҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад.

Нишони миллати ман тоҷи хусравонии ӯст,
Нишони миллати ман, рахту сахтҷонии ӯст.
Нишони миллати манн, умри ҷовидонии ӯст,
 Нишони миллати манн, шӯҳрати ҷавонии ӯст.

Нилуфарп Абдуллоева:

Имрӯзҳо дар саросари кишвари мо, сулҳу ваҳдат хукмронӣ дорад. Зиндагии ором, хотири ҷамъ, дили пур аз фараҳ ва умеди мо пеш аз ҳама аз ҷаҳду талошҳои сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ раҳмон вобастагӣ дорад.

Гулшан:

Бо некият монди нишон, дар қомуси давру замон,
 Бо номи фарзандони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо!

Фарҳод:

Дидам, нури Худованд, бар сару ҳам рӯйи ту,
Накҳати пайғамбарон дар ҳар калому мӯйи ту.
Чун бигашти сояи Оллоҳ, дар ин мулки азиз,
 Шоду масруранд мардум, аз аъмолу хӯи ту.

Азизҷон:

Подшоҳо, дар лабонат, ғунчаи гул сабз шавад,
Ҳар каломат баҳри мардум чаҳ-чаҳи булбул шавад.
Офариди бар диёрат сулҳу ободию бахт,
 Дар қудумат мушкрезон, наргису сумбул шавад.

Суннатулло:

Подшоҳо, чун саховат дар Ватан бисёр шуд,
Ҷумла мардум некбахту соҳиби дастор шуд.
Бар сари халқи диёрат нур бод хуршедсон.
Базми хурсандӣ ба боғу ҳам гулу гулзор шуд.
Подшоҳо, нури Оллоҳ бар сарат рахшанда бод,
 Душмани бадҳоҳи миллат хору боз шарманда бод.

Нилуфар:

Ман тоҷикам ва зодаи ин сарзаминам. Аз сарзамине, ки тӯли асрҳо арзи ҳастӣ менамояд. Сарзамине,ки дорои кӯҳҳои баланд, обҳои софу шифобахш ва табиати биҳиштмонандеро соҳиб аст. СарзаминҲар мевае,ки тавонист дар тӯли қарнҳои зиёд фарзандони номдору барӯмандеро дар мисоли Рӯдакиву Ибни Сино, Ҳофизу Бедил, Саъдиву Камоли Ҳуҷандӣ, Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва дигару дигарон к ибо номи онҳо мо фахр мекунем, моро дар ҷаҳон мешиносанд.

Саидамир:

Яке гӯяд,ки аз Боми Ҷаҳонам,
Дигар гӯяд, ки аз Хатлонзаминам.
Агар аз ман бипурсанд, к-аз куҷоӣ,
Бигӯям, тоҷикам, тоҷикзабонам.
 (суруд дар иҷрои хонандагон «Тоҷикам ман-Ориёӣ»)

Барандаи 1:
 Холо рақс дар иҷрои хонандагони синфи 9 «г».

Барандаи2:

Ваҳдату эҳё муборак Тоҷикистон, Шӯҳрати дунё муборак Тоҷикистон!
 Саҳнача дар иҷрои хонандагони исинфи 9. «Шанбегӣ»

Барандаи 1:

Ҳар мева лаззати худро дорад,
Ҳар миллат либоси худро.
Либос рамзи миллати мост,
 Умед ба ояндаи давлати мост.

Барандаи 2:

Матои атлас, чакан хоси миллату давлати мост.Занҳои Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекунад ва мо аз он ифтихор дорем, барои зинда гардонидани мероси ниёгонамон бо дастгирии Президенти кишварамон дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Чакомаи гесу» гузашта истодаааст. Дар ин озмуни миллӣ хонандагони мо низ саҳм гузоштанд.
 (Дар зери садои мусиқӣ духтарони тоҷик ба рӯйи саҳна мебароянд)

Барандаи 1:

Духтари тоҷик қамарӣ,
Духтари тоҷик шакарӣ.
Оҳ шакари, оҳ қамарӣ,
Оҳ ҷигари, оҳ дигарӣ….
 Рақс дар иҷрои хонандаи синфи 8 – Нигорабону…

Барандаи 1:

Эй Ватан, эй Тоҷикистони азиз,
Эй диёри беҳтар аз ҷони азиз!
Тӯй дорӣ, тӯй дар ҳар хонадон,
Тӯйи сури давлати Сомониён!

Барандаи 2:

Тоҷикистон, бо ту дорам ифтихор!!!
Бо ҳамин композитсияи илмӣ-бадеӣ бадеӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом мерасад. Ба ҳамаи Шумоён хонаободӣ ва сарбаландӣ ҳоҳонем…


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив