Тарзи зиндагии модаркалони ман ва Дилоромканиз. Аз романи «Духтари оташ»


Зиндагӣ як шоҳроҳи пуразоб, огоҳ бош!

Аз ғаму шоду надомат беҳисоб, огоҳ бош!

Садриддин АйниОре, зиндагӣ шоҳроҳест, ки кӯчаҳои шодиву нишот ва ғаму ғуссаҳои беогоҳ дорад. Зиндагии ҳар як инсон вобаста ба давру замон хуб ё ки вазнин сипарӣ мешавад. Бо баробари мутолиаи романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ, махсусан шиносоӣ бо образи Дилоромканиз, дар ман суоле пайдо шуд, ки фарқи зиндагии модаркалони ман аз Дилормканиз дар чӣ бошад?

Дилоромкампир дар ибтидои асри бист дар замони вазнини ғулому ғуломдорӣ зиндагӣ карда, ҳамчун каниз то охири барҳамхӯрии ғуломдорӣ бо шавҳараш Иброҳими ғулом ва духтараш Сафия умр ба сар бурдааст. Ӯ бо азобу кулфат даврони ҷавонӣ ва миёнсолиашро сипарӣ кардааст. Дилоромканизро вазнинии рӯзгор, зулми ғуломдор, хиёнати писари хӯҷаин ба Сафия, вафоти ҳамсар ва ноадолатиҳои ҳукуматдорон хеле азият додааст. Боз ҷойе, ки дили маро ба дард овард, ин дар соли қаҳтӣ худро ба Латифбойи ғуломхар ба воситаи оқсаққоли деҳа ба ивази орду равған фурӯхта, падару модарро аз марг наҷот додан ва бо дӯстдоштааш Иброҳим якҷоя шудани Дилороми ҷавон буд.

Лекин Дилоромканиз иродаи қавӣ дошта, дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ мардона мубориза бурдааст. Маҳз чунин сахтиҳо хислати ӯро такмил ва обутоб дода, ба дараҷае мерасонад, ки дар назди ирода ва сиёсати хирадмандонаи ӯ шахсони ҳавобаланду мағрур оҷиз мемонанд. Чунин хислати мардонагии ӯ тавонист, наберааш Фирӯзаро аз дасти боёну золимони нопок эмин нигоҳ дорад. Бо раҳнамоӣ ва насиҳати ин зани дурандеш баъди маргаш Аҳмадҷони машкоб, Ҳайдарқул, Оймуллои Танбӯр ва Асо Фирӯзаро аз хатари шавҳар кардан ба мардони пир эмин нигоҳ медоранд ва бо Асои ҷавон хонадор мекунанд.

Ҳоло ба замони ободу озоди худ ва тарзи зиндагии хушбахтонаи модаркалонам назар афканда, дар ман ҳисси хурсандиву шукрона садчанд афзуд. Аз забони бибиям то ҳол ягон Маротиба норизогӣ «аз зиндагиву замонро нашунидаам.

Модаркалонам - Бибихон дар хонаи боҳашамати зебо, ки шароити хуби зиндагӣ дорад, ҳамроҳи мо - наберагону фарзандон аҳлона умр ба сар мебаранд. Модаркалонам нафақахӯр, падару модарам коргар буда, аз ҷиҳати пӯшоку хӯрок хеле хуб таъмин ҳастем. Замона тинҷ, серию пурӣ, мардум босавод, пешво одил. Ҳоло ҳамагон дар кӯчаю бозор, тӯю маърака нотарсона бо падару модар, бобову бибӣ ва хоҳару додари худ бо хотири ҷамъ мегарданд, зеро дар диёрамон Сулҳу Ваҳдат ҳукмфармост.

Файзи Истиқлол омад дар замини тоҷикон,

Давлати хушрӯзгору бахтиёрам зинда бод!

Эътибори тоҷикон аз сулҳу ваҳдат буду ҳаст,

Миллати фархундаи ваҳдатшиорам зинда бод!

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки тарзи зиндагии шоҳонаи модаркалонам аз тарзи зиндагии Дилоромканиз аз арш то фарш фарқ дорад, зеро бибиям дар замони истиқлолият, тинҷию осудагӣ, серию пурӣ бо ҳурмати самимӣ умр ба сар мебаранд. Асари мазкур ба ман қадршиносии замони худро омӯхт.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив