Ҷалол Икромӣ (1909-1993)


Чалол Икроми

Бадриддин номи бобои Ҷалол Икромист. Ў аз деҳаи хушманзари Кўҳистони Ховалинг, ки дар тобеи Беки Балҷувон буд, ибтидои асри XIX ба мақсади хондан ва соҳиби илму маърифат гаштан озими шаҳри овозадори Бухоро мешавад. Бо талошу саъю кўшишҳои зиёд дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намуда, қалбашро аз нури донишу маърифат фурўзон гардонд ва яке аз шахсони донишманди замони худ шуд. Ҳамин тавр, дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Дар ҳамин ҷо хонадор шуд ва соҳиби фарзандони хуб гашт. Дар байни фарзандони ў Икромиддин падари Ҷалолхон бо зиракӣ ва фаросати хеш фарқ мекард. Ў бо роҳи падар рафт ва шахси фозилу донишманд гардид ва бо номи Қозӣ Икромиддин шўҳрат ёфт. Ана дар ҳамин оила адиби дўстдоштаи  мову шумо Ҷалол Икромӣ соли 1909 ба дунё омад. Падар ба фарзанди ҷигарбанд Ҷалолхон ном гузошт. Аз дидору бахти фарзанд падару модар шоду масрур буданд. Вале ин хурсандӣ дер давом накард. Соли 1911 модари Ҷалолхон вафот кард. Мусибати сахте ба сари ин хонадон расид. Чуғзи наҳс ба хонадонашон лона гузошт. Аз ғаму дарди завҷаи меҳрубон Икромиддин рўз то рўз лоғар гардид. Баъд аз ташхис табибони ҳозиқ ва духтурони рус ба Икромиддин маслиҳат доданд, ки барои табобат ба сайёҳат барояд. Аз ин хотир як муддати муайян ў барои табобат ва сайёҳат ба шаҳрҳои Қазон, Москва, Петербург, Ялта, Одесса рафт. Икромиддин дар баробари табобат намудан аз бисёр ҷойҳои таърихӣ дидан кард, бо зиндагӣ, урфу одат, расму оин, маданият, адабиёт ва забони онҳо шинос шуд ва то андозае забони русиро омўхт. Бо ин забон рўзномаю маҷаллаҳои русиро мутолиа менамуд.

Падар Ҷалолхонро аз синни ҳафтсолагиаш ба мактаби кўҳна дод. Дар ин бора Ҷалолхон чунин мегўяд: «Ман аз хурдӣ, ҳанўз дар синни ҳафтсолагиам ба мактаб ва хату савод баровардан иштиёқ пайдо намудам. Мехостам, ки зудтар китобхон шуда, худам бевосита ба олами қиссаю афсонаҳо дохил шавам».

Аз он ки Ҷалолхон қобилияти хуб дошт, дар давоми ду сол савод баровард. Баробари ҷорӣ гардидани мактабҳои нав Ҷалол Икромӣ таҳсилашро дар ин мактабҳо идома медиҳад. Ў хеле хуб ва бошавқ мехонд, махсусан расмкаширо дўст медошт.

«Мо бо шавқу шодӣ мехондем, дарсҳоямон гуногун ва диққатангез буд. Суруд мехондем, машқи тарбияи бадан мекардем, ҳатто ҳамроҳи муаллим бозиҳо мекардем. Яке аз дарсҳои нағз медидагии ман дарси расмкашӣ буд».

Ҷалолхон пас аз дарс боз ба пеши қиссахонҳо, ровиёну ноқилоне, ки дар кўчаю бозори шаҳри Бухоро бешумор буданд, мерафт. Аз онҳо нақлу ривоятҳо дар бораи Рустами Дастон, Абўмуслим, Ҳотам ва ғайраро мешунид. Махсусан қиссагўиҳои Ака Турсун ба Ҷалолхон маъқул буданд. Аз ин рў, номи ин марди оқилро бо некӣ ёд карда чунин мегўяд: «Ака Турсун одами бесавод бошад ҳам, китобдўст, боақл ва пурдон буд. Дутор менавохт, камтар суруд мехонд ва одамони босаводро оварда китобҳои қиссаю афсона, ба мисли «Иброҳими Адҳам», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳотамнома», «Чор дарвеш» ва монанди онҳоро мехононд ва бо шавқ гўш мекард. Дар ин сўҳбатҳо аксар вақт мо ҳам иштирок мекардем ва аз шунидани он қиссаю ҳикоятҳо лаззат мебурдем».

Ҷ. Икромӣ соли 1922 ба омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Бухоро даромад. Ў дар баробари хондан мустақилона асарҳои адибони ғарбу шарқро мутолиа намуд. Ба ин восита доираи ҷаҳонбиниаш васеъ гардид. Махсусан маҷмўаи Маҳмуди Тарзӣ «Аз ҳар даҳон сухане, аз ҳар чаман сумане» чашми нависандаро ба зиндагӣ кушод. Ин асар дар тарбияи сиёсӣ ва ахлоқии ў тағйироти куллӣ ворид сохт. Аз асарҳои Маҳмуди Тарзӣ моҳияти Ватан ва ватандўстиро дарк намуда, дар байни ҳамсабақони худ фаъол гардид.

Ҷалолхон дар ин бора баъдтар чунин мегўяд: «Хондани китоб ва романҳо ба ман чунон фоида овард, ки дар синф яке аз шогирдони пешқадам шудам. Ҳатто муаллими ҷуғрофия маро ба синфҳои боло бурда, ба назди шогирдони калонсол, ки аз ман ду баробар меомаданд, чун намуна нишон медод». Вале, мутаассифона, нишоту хурсандии Ҷалолхон дер давом намекунад. Соли 1923 падари ў Икромиддин вафот мекунад ва адиб бепарастор монда, ба тарбияи ҳукумат мегузарад. Ин ҳодисаи нохуш иродаи матини Ҷалолхонро нашикаст. Баръакс, пас аз ин дар роҳи илмомўзӣ саъю кўшишаш бештар гардид. Вақти худро зиёдтар ба омўхтани асарҳои классикони тоҷику форс, азбар намудани ашъори онҳо сарф мекард. Ў ба хоҳиши худ ба тарзи илова аз устодон забонҳои тоторӣ, туркӣ, озарӣ ва русиро омўхт ва аз худ намуд. Баъдтар асарҳои адибони бузурги дунё В. Гюго, А. Дюма, М.Горкий, О. Балзак, А. С. Пушкин, Лермонтов, Чехов, Толстой ва дигаронро дар асл мутолиа намуд. Нависанда дар ин бора чунин мегўяд: «Ба дасти ман романҳои Виктор Гюго, Александр Дюма, Максим Горкий, Балзак, А. Пушкин, Лермонтов, Гогол, Тургенев, Олимҷон Иброҳимов, Ҷурҷӣ Зайдон, Абдулло Қодирӣ ва дигарон афтодан гирифтанд ва ман чун лабташнаи носер аз он чашмаҳои гуворо ноист менўшидам ва лаззат мебурдам. Ин китобҳоро гоҳ-гоҳ дар тарҷумаи туркӣ, гоҳ дар тарҷумаи форсӣ, гоҳ дар тарҷумаи тоторӣ мехондам».

Ҷалолхон омўзишгоҳро соли 1927 бомуваффақият хатм намуд ва ба донишгоҳи олии шаҳри Самарқанд дохил гардид, Вале рўзгораш вазнинтар гардид ва ў маҷбур шуд, ки донишгоҳро соли 1928 тарк намояд, Ҳамин тавр, Ҷалолхон ҳамон сол боз ба шаҳри Бухоро баргашта, ба омўзгорӣ машғул мешавад.

Соли 1930 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи умумииттифоқии забоншиносон баргузор мегардад, ки Ҷалол Икромӣ ҳам ба ин конференсия ҳамчун вакил даъват шуда буд. Пас аз ин маъракаи басо муҳим адиб доимӣ дар пойтахт мемонад ва ба корҳои илмию адабӣ машғул мегардад. Нахуст дар Институти забон ва адабиёти тоҷик ва пасон дар матбуоти даврӣ ба сифати ходим ва баъдтар котиби масъули маҷаллаҳои «Роҳбари дониш» ва «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ифои вазифа менамояд. Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ чандсол котиби масъули маҷаллаи илмию адабии идораи Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои Шарқ»-ро ба ўҳда дошт.

Дар ин давра ҳамчун нависанда ба бисёр ноҳияю вилоёти ҷумҳурӣ сафари хизматӣ намуда, бо кору зиндагии халқи тоҷик аз наздик шинос мешавад. Натиҷаи сафарҳои адиб дар маҷмўаи очеркҳою ҳикояҳои Ҷалол Икромӣ ҷамъбасти худро меёбад, ки минбаъд бисёр қаҳрамонони очеркҳои нависанда асоси повесту романҳои ўро ташкил медиҳанд.

Илова бар ин, нависанда ба кишварҳои хориҷа, аз қабили Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Германия, Венгрия, Туркия ва ғайра сафар карда, бо ҳаёти мардуми он кишварҳо аз наздик шинос мешавад.

Ҷалол Икромӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, маъракаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок мекунад. Махсусан ҳамчун шогирди вафодори устод Айнӣ доимо дар паҳлуяш буда, барои ваҳдату дўстии халқҳои кишварамон хизмати шоиста кардааст. Инчунин бо асарҳои офаридаи худ барои рушду инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик саҳмгузор мебошад. Дар баробари асарҳои илмию адабии устод Айнӣ ва дигарон асарҳои офаридаи ў алайҳи душманони миллат-пантуркизм тирҳои ба нишон буданд ва аҳамияти калони амалӣ доштанд.

Ҷалол Икромӣ соли 1993 дар шаҳри Душанбе вафот кард. Нависанда умри дароз дид ва асарҳои арзанда эҷод намуд. Ҳанўз подоши хизматҳояшро ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш гирифта буд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба Ҷалол Икромӣ унвони олӣ — Нависандаи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муносиб донист. Ғайр аз ин, барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи адабиёт ўро бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Дўстии халқҳо, Нишони фахрӣ сарфароз гардрниданд. Соли 1964 барои романи «Духтари оташ» ба нависанда мукофоти олии давлатӣ ба номи устод Рўдакӣ дода шуд.

Асарҳои эҷодкардаи Ҷалол Икромӣ барои хонандаи тоҷик басо арзишманданд. Онҳоро пайваста мехонанд.

Бештари асарҳои Ҷалол Икромӣ ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, украинӣ, туркӣ, озарӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайра тарҷума шуданд.

ЭҶОДИЁТИ ҶАЛОЛ ИКРОМӢ

Ҷалол Икромӣ ҳанўз дар айёми дар омўзишгоҳ хонданаш ба кори эҷодӣ сар карда буд. Он вақтҳо шеър эҷод мекард. Шеъри нахустини ў «Эй духтари ранҷбари тоҷик» ном дошта, соли 1927 ба табъ мерасад. Устод Айнӣ пас аз мутолиаи шеър Ҷалол Икромиро наздаш даъват намуда, бо ў сўҳбат менамояд ва маслиҳат медиҳад, ки ба наср гузарад. Нависанда маслиҳати устодро қабул мекунад ва ҳамон сол (1927) ҳикояи «Шабе дар Регистони Бухоро»-ро иншо менамояд. Ҳикояро устод Айнӣ хонда, та³рир намуд ва он дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» аз чоп мебарояд. Ҷалол Икромӣ аз нашри ҳикояи худ беҳад шод мегардад. Дар ин бора нависанда чунин мегўяд: «Он хурсандӣ, шодмонӣ ва ифтихореро, ки бо дидани аввалин ҳикояи худ дар маҷалла ба ман рух дода буд, ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунам».

Нашри ҳикояи нахустин ба нависанда илҳоми тоза бахшид ва ў дар давоми солҳои 1928-30 як силсила ҳикояҳо, аз зумраи «Як ҳавзаи пурхун», «Ширин», «Ғалаба», «Рахти хунин»-ро эҷод намуд, ки соли 1934 дар шакли маҷмўа бо номи «Ҳаёт ва ғалаба» чоп шуданд ва дастраси хонандагон гардиданд. Соли 1935 бошад, Ҷалол Икромӣ аввалин повести худ «Тирмор»-ро иншо намуд.

Повести «Тирмор» ҳам аз нигоҳи мавзўъ ва ҳам аз нигоҳи сабку услуб, сюжету устухонбандӣ тозагиҳои зиёд дорад. Повести «Тирмор» нишон дод, ки нависанда дар ҷодаи адабӣ қадамҳои устувор гузоштааст ва хонандаи тоҷик аз нависанда дар оянда асарҳои сазоворро интизор аст. «Тирмор» ба мавзўи хеле му³им бахшида шудааст. Дар он ҳаёти халқ ва кишвар бисёр воқеӣ инъикос гардидааст. Зимни образҳои мушаххас ³одисаю воқеаҳои таърихии солҳои 20-ЗО-ум баён ёфтаанд. Дар маркази асар амалиёту муносибати ду қувваи ба ³ам зид нишон дода шудааст. Некӣ-қувваи пешбари ҷомеа дар симои Сангину Саида, Шокиру Назокат Амонов ва Иброҳим хеле возеҳ ва ҳаққонӣ ҷамъбаст ёфтаанд.

Ҷалол Икромӣ дар тўли ин солҳо ба навиштани асарҳои драмавӣ оғоз карда, асарҳои хуби драмавӣ, аз ҷумлаи «Душман» ва «Шакарханд» эҷод кардааст, ки онҳо ба мавзўъҳои мубрам бахшида шудаанд. Солҳои зиёд ин драмаҳо дар саҳнаҳои театрҳои тоҷик намоиш дода мешуданд. Бо камоли  боварӣ метавон гуфт, ки онҳо дар тарбияи идеявӣ ва маънавии мардуми тоҷик роли калон бозидаанд.

Ҷалол Икромӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як силсила асарҳои пурарзиш эҷод кард. Дар ин давра бештар жанри очерк инкишоф ёфт. Очеркҳои ў дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Домуллоҷон Азизов («Қаҳрамони канори Днепр»), Ҳодӣ Кенҷаев («Достони марди танкшикан») ва дигарон бо як ҳиссиёти баланд эҷод шуда, ҷавононро ба ҳимояи марзу буми кишвар, озодию худшиносӣ ҳидоят менамуданд. Ҳодӣ Кенҷаев дар яке аз мактубҳояш ба падару модари хеш чунин нигошта буд: «Шумо хотирҷамъ бошед, ки мо фарзандони Шумо бахту саодат ва ҳаёти осудаҳолонаи Шуморо аз хатари душман муҳофизат мекунем. Намегузорем, ки дасти бегонае аз гулзори Шумо гуле канад ва ё қадами хуке ба боғистони Шумо афтад».

Дар солҳои ҷанг дар саҳнаи театрҳои драмавӣ песаи «Дили модар» ва «Хонаи Нодир» намоиш дода мешуд, ки Ҷалол Икромӣ дар маркази ин ду асар талошу мубориза, қаҳрамонию далерӣ, фидокорию ҷоннисории фарзандони беҳтарини халқи тоҷикро алайҳи фашизм тасвир намудааст. Ғайр аз ин ҳаёти ақибгоҳ, меҳнату заҳмати модарону занон барои ғалаба ҳаққонӣ ба қалам дода шудаанд. Нависанда дар песаи «Дили модар» дар образи Ховархола симои модари мушфиқу меҳрубон, адолатхоҳу ҳақиқатҷўро ҷамъбаст намудааст. Дар нақши духтари Ховархола Мавҷигул образи занони меҳнатдўст, поквиҷдонро офаридааст, ки онҳо бо меҳнати ҳалол, бо саъю кўшиши зиёд дар ғалабаи сарбозони Ватан саҳмгузоранд. Мавҷигул хоҳари шафқат аст. Вай садҳо сарбозони маҷрўҳро аз майдони набард бароварда, табобат кардааст ва ба онҳо умри дубора бахшидааст. Ў дили бузургу рўҳи қавӣ дорад. Аз зарби тиру тўп наметарсад. Аз ин нигоҳ ҳам ў ҷасуру қаҳрамон аст.

Умуман, зимни асарҳои хурду калоне, ки нависанда дар ин давра эҷод кардааст, мавзўи Ватан, муборизаю талошҳои бемислу монанди фарзандони тоҷик дар солҳои ҷанг хеле барҷаста инъикос ёфтаанд.

Ҷалол Икромӣ дар солҳои пас аз ҷанг асарҳои зиёде офарид. Дар онҳо масъалаҳои муҳими рўзмарра ҳалли худро ёфтаанд. Аз тарафи дигар, сабку услуби нависанда муайян гардида, дар адабиёти муосири тоҷик симои воқеии худро равшан намуд. Повестҳои «Ситора», «Тори анкабут», «Ман гунаҳгорам» ва «Устоди ман, мактаби ман, худи ман» аз рушду камоли эҷодии адиб шаҳодат медиҳанд. Махсусан повестҳои «Ман гунаҳгорам» ва «Тори анкабут» мавқеи нависандаро ҳамчун адиби рўҳшинос, воқеъбин дар адабиёти тоҷик муайян намудаанд.

Дар маркази повести «Ман гунаҳгорам» кору зиндагӣ, ҳаёти гуногунпаҳлуи зиёиёни тоҷик инъикос ёфтаанд. Маънавиёти шахс дар оила, дар ҷомеа басо рангин ба қалам дода шудааст. Бешубҳа, дар ҳар як давру замон маънавиёт, оила ва оиладорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафтанд. Дар рўзгори нависанда ҳам ин мавзўъҳо аҳамияти калон доштанд. Аз ин хотир аҳли ҷомеъа ба ин масъалаҳо сахт ниёзманд буданд. Гирудори  воқеот ва ҳалли воқеии онҳо дар тарбияи насли ҷавон саҳми арзишманд гузоштанд. Нависанда зимни нақшҳои асоси Анвар, Сурайё, Салимҷон Бақоев, Саодат, Шарофатхола хислатҳои шоистаи инсон-поквиҷдонй, меҳру муҳаббати поки инсонӣ нисбати ҳаёти оилавӣ ва зимнан кибру ғурур нопокӣ, разилию қабоҳат, бемасъулиятӣ нисбат ба оилаю фарзандон ва амсоли ҳамин барин масъалаҳоро инъикос намуда, ҷамъбаст кардааст. Воқеан повест асари психологӣ буда, драматизми он қавист. Нависанда дар рафти ҳодисаю воқеаҳо, яъне дар амалиёт симои воқеии персонажҳояшро кушода додааст. Пеши чашми хонанда симои ботинии қаҳрамонони асосӣ хеле барҷаста намудор мегардад. Муваффақияти Ҷалол Икромӣ ҳам маҳз дар ҳамин мебошад.

Рўзгори тайкардаи қаҳрамонони асосии «Ман гунаҳгорам» Анвар ва Сурайё басо ибратомўз аст. Нависанда ҳаёти оилавии онҳоро реалистона ба қалам додааст. Ҳар ду омўзгоранд ва оилаи хуберо ташкил додаанд. Вале Анвар нисбати Сурайё хиёнат карда, ба Зайнаб ишқварзӣ менамояд, ба роҳи хато меравад. Аммо Сурайё масъаларо фаҳмида бо роҳу воситаҳои гуногун Анварро аз роҳи хато бармегардонад. Анвар ҳам хатои хешро фаҳмида, пушаймон мегардад ва аз «ишқи» Зайнаб даст мекашад. Умуман нависанда кору рафтори Анварро воқеӣ тасвир намудааст. Инсон бе камбудӣ намешавад. Ҳаёт пасту баланди³ои зиёд дорад. Анвар дар як давраи ҳаёташ ба роҳи хато рафт, аммо бо ёрии ёри вафодораш камбудиашро фаҳмид, ислоҳ шуд. Вале дар асл Анвар дар повест ҳамчун марди поквиҷдон, масъулиятшинос тасвир ёфтааст.

Дар нақши Сурайё Ҷалол Икромӣ хислатҳои ҳамидаи занони тоҷик-покдоманӣ, ишқи пок, поквиҷдонӣ, ростқавлию матиниродагии онҳоро ҷамъбаст намудааст. Аз ҳама муҳимаш боз он аст, ки Сурайё дар натиҷаи саъю кўшиши зиёд Анварро аз роҳи ғалат бармегардонад. Ҷалол Икромӣ нисбати Анвару Сурайё таваҷҷўҳи беандоза дошта, беҳтарин андешаҳои ахлоқии хешро дар симои онҳо ба қалам додааст.

Пас аз Инқилоби Октябр дар Бухоро вазъияти кишвар ба ҳолати ногувор афтод. Аксулинқилобчиён барои сарнагун намудани давлати навташкил аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебурданд. Одамони ба ҳукумат содиқро мекуштанд, ҳабс мекарданд ва бо баҳонаи девонагӣ ба табобатхонаи Хоҷаўбониҳо мефиристоданд. Вазнинии кор пеш аз ҳама дар он буд, ки аксулинқилобчиён бевосита дар сохторҳои давлатӣ дар вазифаҳои масъул ҷой гирифта буданд ва ҳамаи ин корҳоро аз номи ҳукумат сомон медоданд. Ҷалол Икромӣ, ки шоҳиди ин ҳодисаю воқеаҳо буд, мавод ҷамъ намуда, баъдтар асари «Тори анкабут»-ро офарид. Ҳамин тавр зимни нақшҳои асосӣ таърихи як давраи муайяни халқи тоҷикро реалистона ба қалам дод. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат повести «Тори анкабут»-ро асари таърихӣ ҳам мегўянд.

Ҳодисаю воқеаҳои асар характери қаҳрамонҳои асосии повест-Мурод, Остонзода, Акамирзо, Ғиёсиддин, Ҳалимҷон ва Лутфияро кушода, симои воқеии онҳоро равшан намудаанд. Аз тарафи дигар, мавзўъ ва проблемаи асар ҳаллу фасл гардидааст. Акамирзо ва Ғиёсиддин, ки чанд муддат дар девонахонаи Хоҷаўбонӣ маҳбус буданд, оқибат раҳо ёфта, дар кушодани хиёнат ва разолати душманони синфӣ Шайх Хоҷаўбонӣ, Нозир Афандӣ, Ҷаноби Саидӣ, Ҳамдамча ва амсоли инҳо роли бағоят му³им бозиданд. Дар анҷоми асар сирру асрори девонахона кушода шуда, хиёнаткорон ба ҷазояшон мерасанд.

Гуфтан лозим аст, ки бо иншои асарҳои «Ман гунаҳгорам» ва «Тори анкабут» қалами нависанда бурро ва андешааш расою фарохтар гардида, барои эҷоди романҳои таърихӣ беҳтар омода мегардад. Вале пеш аз он ки дар бораи асари сегонаи ў «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» сухан ронем, лозим меояд, ки дар бораи эҷодиёти солҳои 70 — 80-уми нависанда ба тариқи хеле мухасар маълумот диҳем.

Ба муносибати 90-солагии устод Айнӣ Ҷалол Икромӣ повести тарҷумаиҳолии «Мактаби ман, устоди ман ва худи ман»-ро соли 1968 навишта, ба анҷом мерасонад. Қаҳрамони асосӣ худи нависанда ва устод Айнӣ буда, рўзгори рангин ва ҳаёти ибратомўзи қаҳрамони миллат батафсил дар он инъикос ёфтааст. Нависанда бо нақли ибратомўзи саргузашти устод ва худ симои ҳақиқии Айниро хеле равшану возеҳ нишон додааст. Дар асар хирадмандӣ, дурандешӣ, поквиҷдонӣ ва донишмандии устод дар рафти ҳодисаю воқеаҳои мухталиф ба қалам дода шудааст. Махсусан ғамхору мададгори ҷавонон, ҳомии забону адабиёт будани устод бисёр боварибахш ва бо далелу бурҳони қотеъ тасвир ёфтаанд.

Асари мазкур характери ёддоштӣ дошта, дар такомулу инкишофи ин жанр дар адабиёти муосири тоҷик хизмат кардааст.

Соли 1970 бо ҳамкории нависанда Ҳабибулло Назаров Ҷалол Икромӣ романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафармахсум»-ро эҷод намуда, ба табъ расониданд. Ин асар дар адабиёти муосири тоҷик падидаи нав буда, дар эҷоди асарҳои ҳаҷвӣ роли бағоят муҳим бозид. Роман бевосита аз номи қаҳрамони асосӣ Сафармахсум гирифта шудааст. Сафармахсум шахси ҳозирҷавоб, хуштабъ буда, қаҳрамонони латифаҳои халқӣ — Афандӣ ва Мушфиқиро ба ёд меоварад. Аслан Сафармахсум марди камбизоат ва фақири мулки Ҳисор буда, бо меҳнати ҳалол як бурда нонашро пайдо мекардааст. Вале дар баробари ин дили қавӣ, табиати шўх дорад ва далеру шуҷост. Сафармахсум мардуми камбағалро аз аҳли ҷоҳу мансаб ва сармоядорон ҳимоят мекардааст, то ки эшонро наранҷонанд. Агар касе ўро но³ақ ранҷу озор диҳад, албатта, қасоси хешро аз онҳо меситонад. Дар ин бора Сафармахсум мегўяд: «Ҳар касе, ки ба ман бадӣ кунад, илоҷ надорад, ки ба бадӣ гирифтор нашавад».

Характери Сафармахсум бештар дар ҷараёни ҳодисаҳое, ки дар мулки Ҳисор, Бухорою Қаршӣ ба вуқўъ омадаанд, кушода дода шудааст. Ў дар хурсандӣ ва бадбахтии мардуми оддии камбизоат шарик буда, Рўҳбардору мададгорашон мешавад. Дар анҷоми роман ақидаи Сафармахсум нисбати сохти давлат, рафтору кирдори ҳокимон тағйир меёбад, ба дараҷаи марди фидоии миллат мерасад. Пас аз он ки аз зиндон халос мешавад, чунин мегўяд: «Бале, акнун вақти он расидааст, ки худамон тақдирамонро ҳал кунем».

Дар кушодани характер ва симои Сафармахсум нақшҳои мусбати Намозполвон, Ҳаннон, Зулайхо ва Сабринисо хеле калон аст. Илова бар ин муаллифон ҳангоми иншои роман аз асарҳои халқӣ-латифаҳо, зарбулмасалу мақолҳо, нақлу ривоятҳо бамаврид истифода бурдаанд ва онҳо тирҳои нишонрасе ҳастанд, ки дар ифодаи афкори адиб кўмак расондаанд.

Романи «Зоғҳои бадмур», ки Ҷалол Икромӣ онро соли 1977 иншо кардааст, ба масъалаҳои муҳими рўз бахшида шудааст. Дар он оид ба камбудию нуқсонҳои ҷомеа, ки дар он рўзгор мушоҳида мешуданд, бештар сухан меравад. Нависанда ҳақиқати воқеии зиндагиро зимни амалиёти персонажҳои асараш нишон дода мегузарад. Ҷалол Икромӣ дар нақши Мулло Хокироҳ хислатҳои бади инсон, аз қабили маккорӣ, ҷаҳолат, дуздӣ, хиёнатро ҷамъбаст намудааст.

Мулло Хокироҳ бо саводи ночизаш шуури ҷавононро вайрон намуда, онҳоро ба роҳи ғалат раҳнамун месозад. Мисоли равшани ин ҳаёти Додоҷон шуда метавонад. Ў ба гапҳои бародараш-Мулло Хокироҳ бовар карда, дар охир ба нокомиҳо дучор мегардад.

Умуман дар асар нависанда муборизаи оштинопазири ду қувва-некию бадиро гузоштааст. Муборизаи ин ду қувва дар симои Бобо Амон ва Мулло Хокироҳ таҷассум ёфта, бо ғалабаи қувваи некӣ поён мепазирад. Асар аз ҳамин нигоҳ аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, хонандаро ба ростӣ, покӣ, накўандешию накўкорӣ ҳидоят менамояд.

Нависанда дар солҳои охири рўзгораш боз ба масъалаи хоҷагии қишлоқ баргашта, романи «Хатлон»-ро меофарад, ки он соли 1985 аз чоп мебарояд. Дар маркази асар кору зиндагии яке аз роҳбарони номдори Хатлонзамин, Қаҳрамони Меҳнат Мирҳайдар меистад. Мирҳайдар прототипи хешро дорад. Прототипии Мирҳайдар раиси номдори колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев мебошад, ки солҳои тўлонӣ сарварии ин хоҷагии номдорро ба ўхда дошт. Маҳз бо саъю кўшиши ў ин хоҷагии қафомонда ба яке аз хоҷагиҳои сердаромад ва ободи ҷумҳурӣ табдил ёфт ва шўҳратёр гашт. Нависанда нахуст кору фаъолияти мардони хоҷагӣ ва махсусан таҷрибаи бойи Миралӣ Маҳмадалиевро амиқ омўхт ва дар симои каҳрамонони асараш роҳҳои душвори тайкардаи онҳоро зимни нақшҳои асосии роман ба қалам дод.

Дар асар раванди ташаккулёбӣ ва ба камолрасии як гурўҳ ҷавононро, ки бевосита сарвару роҳбари онҳо Мирҳайдар буд, хеле боварибахш ба қалам додааст. Дар ин чҷо қаҳрамони асосӣ раис Мирҳайдар ҳамчун шахси ғамхору меҳрубон ва мураббии ҷавонон намудор мегардад. Мисоли барҷастаи ин Азизу Зулфия шуда метавонанд. Онҳо бо сарпарастӣ ва роҳнамоии Мирҳайдар рушду камол ёфта, ба дараҷаи мутахассисони кордону ташаббускори хоҷагии қишлоқ расиданд. Нависанда ҳамаи ин дигаргуниҳои куллиро бевосита дар амалиёти ҳодисаю воқеаҳои шавқангези асар тарҳрезӣ намудааст. Ба ин восита нақши Мирҳайдар табиӣ баромада, ба дараҷаи образҳои типӣ расидааст.

Дар роман мавзўъҳои тарбияи инсон, дўстию рафоқати байни миллатҳо, меҳнати фидокорона ба манфиати кишвари азиз хеле боварибахш инъикос ёфтаанд.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив