Ҳаракати вазишии Тоҷикистони Шӯравӣ дар солҳои (1917-1960)


Ҳаракати вазишии ТоҷикистонДар арафаи ҳамроҳ шудан ба Руссия халқҳои Осиёи Миёна дар натиҷахои ҷангҳои чандин асраи байнихудии феодали аз нуқтаи назарияи сиёси аз якдигар ҷудо ва аз нигоҳи иқтисоди қафо монда буданд. Маданияти мардум аз он ҷумла ҳаракати варзиш тамоман паст буд. Хонҳо, Бекҳо ва муллоҳо барои пешравии варзиш ягон шароите муҳайё намекардан. Баракс муқобили ба варзиш ҷалб кардани одамони заҳматкаш буданд. Дар вақти ҳамроҳ шудан бо Руссия дар ноҳияҳои Бухорои шарқӣ сохти ҳамъияти феодали ҳукмрони мекард Руссияи подшоҳӣ аз нуқтаи назари иқтисоди маданият ва ҳаракати варзиш нисбатан пеш буд. Сарватдорони рус дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи Амири Бухоро ярмаркаҳо ташкил мекардан, ки дар он ҷо ғайр аз савдои моли истеҳсоли русии бисёр чизҳо нишон дода мешудан. Аз ҷумла паҳлавонони номӣ намудҳои миллии варзиши Руссия ба мардум намоиш дода мешуд. Варзишгарони рус маҳорати варзишгарии худро аз гуштинггири, гурзбадори, асптози, тирандози ва дигар намудхои варзиш нишон медодан.Баъзан ин баромадҳо ба ғайр аз ҷалб кардани диққати мардум ба мақсади нишон додани қуввати ҷисмонии миллати рус гузаронида мешуданд. Аммо аз байни тамошо бинони тоҷик паҳлавонҳое пайдо мкшуданд, ки ба онҳо қувва озмои мекарданд ва ин намудҳои нави варзишро ба қишлоқҷойҳо бурда байни халқ чори мекарданд. Барои ба машқи варзиш ҷалб кардани мардум ярмаркаҳои рус хизмати мусбии худро расонида буданд. 
Баъди ҳамроҳ шудани Бухоро бо Руссия дар сарзамини тоҷикон корхонаҳои саноати сохта шуданд ва дар онҳо синфи коргар аз байни мардуми маҳалли пайдо мешуд, ки ин барои пешравии ҳаракати варзиш низ аҳмияти калон дошт. Лекин бо сабаби он ки аз тарафи Руссия сиёсати мусталикадори нисбати мардуми тоҷик пеш бурда мешуд аз тарафи ҳукумапи подшоҳӣ барои саломатии мардум ғамхори дида намешуд. Дар соҳаи маориф маданият ва табияи ҷисмони тағйироти намоёни ба назар намерасид. 
Дар солҳои 1882-1895 дар Бухоро, Хуҷанд, Самарқанд,Уротеппа ва дигар шаҳрҳо бо ташаббуси намояндагони давлати рус ҷамъияти асптозӣ ташкил шуда буд. Ба ин намуди варзиш диққати бисёр дода мешуд. Дар шаҳру ноҳияҳо барои машқ махсус аспрезҳо (ипадромҳо) сохта мешудан. Баъдтар дар қисми шимолии Тоҷикистон намуди нави варзиш дучахасавори (велосипедрони) ташкил шуд. Дар соли 1910 намуди нави варзиш шамшербози ташкил шуд, ки дар муддати кутоҳ аз байни мардуми тоҷик варзишгарони бомаҳорат баромада дар мусобиқаҳои Туркистон бомуваффақият баромад кардан. Дар соли 1911 дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо дастаҳои футбол ташкил шудан, ки ба ин намуди варзиш тоҷик писарон шавқи калон пайдо карданд. Аз соли 2915 бо як тартиби муайян машқи шиновари дар ҷойҳои махсус тайёр шуда бо роҳбарии устодони ининамуди варзиш гузаронида мешуд. Ҳукуматдорани Руссияи подшоҳӣ барои саломатии мардуми ин кишвар ғамхори намекард, дар соҳаи тарбияи ҷисмони онҳо ягон фикре ҳам надоштан. Дар мактабҳо ягон дастуре оиди тарбияи ҷисмони барои хонандагон вуҷуд надошт, устодони варзиш ва иншооти лозими барои гузаронидани дарси тарбияи ҷисмони қариб томоман мавҷуд набуд. Қафомонии ҳаматарафаи мардум камбағалии он имконият надодки варзиш байни аҳоли ҳамчун воситаи тарбияи одамон балнд бардоштани маданияти онҳо мустаҳкам намудани саломатии мардум истифода бурда шавад. Яне варзиш чун пештара фақат хизмати синфи дороро иҷро мекард, вай дастраси заҳматкашон набуд. Занҳо ба варзиш тамоман машғул набуданд ва ҳатто ҳамчун тамошобини мусобиқаҳои варзиши ҳам аз бисёр намудҳои он маҳрум буданд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив