«Хусрав ва Ширин»


Хусрав ва Ширин«Хусрав ва Ширин» дуюмин маснавиест, ки Низоми Ганҷавӣ эҷод намудааст. Ӯ онро аввали соли 1180 оғоз карда, охири соли 1181 ба итмом расонидааст.

Достон бо зикри аз Худо фарзанд хостани Хурмуз (шоҳи сосониҳо дар асри IV) ва таваллуди Хусрави Парвиз оғоз мегардад. Сипас сухан аз тарбият, илмҳои адаб, ҷанг, ҳисоб ва ҳикматро омӯхтан ва ҳамчун ҷавони зирак, чолок ва далер ба воя расиданаш меравад. Бино бар эътирофи муаллиф, ӯ ҳодисаи Хусраву Ширинро аз таърихи кӯҳансолони ин бум, сухангӯйи кӯҳанзоде, ки достонҳои кӯҳанро ёд дошт, донистааст.

Зи таърихи кӯҳансоли ин бум
Маро ин ганҷнома гашта маълум…
Чунин гуфт он сухангӯйи кӯҳанзод,
 Ки будаш достонҳои кӯҳан ёд.

Вай онро аз ширинтарин достонҳои замонҳои гузашта ва имрӯза мешуморад.

Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳоӣ нест
 В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.

Достони «Хурав ва Ширин»-и Низомӣ, дар воқеъ, пеш аз ҳама ба баёни мавзӯи ишқи Хусраву Ширин ва дар партави он ба талоши Хусрав барои тоҷу тахт бахшида шудааст.

Достони ишқи ғамангез ва пур аз шебу фарози шоҳзодаи Сосонӣ Хусрави Парвиз ва маликаи Арман Ширин аз оғоз то ба анҷомаш хонандаро дар изтироб ва шиддати равонӣ нигоҳ медорад.

Дар ин афсона шарт аст ашк рондан,
 Гулобе талх бар Ширин фишондан.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив