Аҳмади Дониш (1826-1897)


Ахмади ДонишАҳмади Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буд ва дар ҷавонӣ барои таҳсили илм ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо мадрасаро хатм мекунад ва аз ҳамин ҷо хонадор мешавад. Дониш тахаллуси адабии Аҳмад буд. Ғайр аз ин, ӯро ба сабаби калон будани сараш Аҳмади Калла ҳам мегуфтанд. Дар оилаи Мир Носир Аҳмад фарзанди ягона буд ва бачаҳои дигари онҳо пеш аз Аҳмад ва баъд аз вай ҳама талаф шуда буданд.

Аҳмади Дониш хондану навиштанро дар ҳавлии худ, дар мактаби хусусии модараш, ки барои саводомӯзии кӯдакон кушода буд, ёд гирифт. Вай аз синни 7-8- солагӣ ба шеър муҳаббати калон пайдо кард ва худаш ҳам шеърҳои навкаламона менавишт, ба рассомӣ ва лавҳакашӣ низ ҳаваси калон дошт ва чунон ки худаш дар хотираҳояш менависад, дар деворҳои ҳавлиашон ва рӯи тахтаву лавҳаҳо ҳар хел сурату шаклҳо мекашид. Дар айни замон вай ба омӯхтани забони арабӣ низ мустақил шурӯъ намуд.

Тахминан дар солҳои 1837 – 1838 падараш Аҳмади Донишро ба мактаби қориҳо медиҳад, то ки Куръонро аз ёд намуда, қорӣ шавад ва ба ҳамин васила як навъ зиндагӣ гузаронад. Аммо Аҳмади Дониш ба кӯркурона ёд намудани Қуръон рағбат пайдо накард. Ғайр аз ин, вай аз кӯдакӣ дар забон лакнат (гирифтани забон) дошт, Аҳмади Дониш аз дарсҳо мегурехт ва бештар вақташро дар маҷлису маъракаи таъриххону қиссагӯйҳо мегузаронид. Падараш ин ҳоли писарашро дида, ӯро аз ин мактаб гирифта, тахминан дар солҳои 1842 – 1843 ба мадраса мемонад.

Барномаи мадраса, ки асосан аз омӯхтани забони арабӣ, мантиқ ва дигар илмҳои динӣ иборат буд, Аҳмади Донишро қаноат кунонда натавонист. Вай ин дарсҳоро бомуваффақият аз худ намуда, боқӣ вақту соатҳои холиашро ба омӯхтани илму фанҳое, ки дар мадрасаҳои Бухоро намегузаштанд, сарф мекард. Вай риёзиёт, илми нуҷум ва хайъат (астрономия ва космогония), табииёт, ҷуғрофия, таърих ва фалсафаи шарқро ба таври мустақил омӯхт. Аҳмади Дониш тахминан аз солҳои 1855 ба хидмати дарбори амир Насрулло меояд ва дар аввалҳо ба китобати асарҳои тиб ва илми нуҷум машғул буд. Баъд аз оне, ки устодаш аз олам мегузарад, амир Аҳмади Донишро ба ҷои ӯ меъмор ва муҳандиси дарбор таъин мекунад.

Аҳмади Дониш ба Санкт Петербург 3 маротиба сафар мекунад. Аввалин бор соли 1857 бо фармони амир Насрулло ҳамчун котиби элчӣ сафарбар шуд. Баъд аз вафоти амир Насрулло соли 1860 бар тахти аморат амир Музаффар нишаст. Дар соли 1869 А. Дониш бори дуюм ба Петербург сафар кард ва дар соли 1873 бори сеюм сафар мекунад. Сафари Россия дар пеши назари Аҳмади Дониш як ҷаҳони тозаеро кушод. Дониш, ки дар муҳити пасмондагии феодалӣ тарбия ёфта, аз чордевори торикистони аморати Бухоро берун набаромада буд, ба хуби дарёфт, ки аморати Бухоро аз тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти иқтисодиву маданӣ ақиб мондааст ва аҳолии он дар гафлату ҷаҳолат зиндагӣ ба сар мебаранд. Дар ин сафар Аҳмади Дониш бо илму маданият, тартиботи давлатдорӣ, баъзе воқеаҳои сиёсии Руссияву Аврупо хубтар шинос шуд. Се сафари А. Дониш ба Россия дар ҷаҳонбинӣ ва фикру ақидаҳои ӯ таъсири калон гузошт. Пешрафти нисбат ба Бухоро ниҳоят фавқулоддаи Россия – тараққиёти саноату техникаи ҳарбӣ, ҳунарҳои санъати меъморӣ ва ғайраро дида, Аҳмади Дониш боварӣ ҳосил кард, ки агар ба инсон илму маърифат дода шавад, ӯ қодир аст, ки дар рӯи замин мӯъҷизаҳои ҳайратангезе бунёд кунад. Вазъи зиндагии Аҳмади Дониш вазнин буд. Аз як тараф ин солҳо дар ҳаёти Дониш як давраи навмедӣ ва яъсу андӯҳ буд. Орзую умедҳои ӯ аз беҳтар намудани ҳоли хароби мамлакату раият барбод рафта буданд. Вай худро дар ҷамъияти зулмбунёд ва ҷаҳолатпарвар танҳо медид. Ба болои ин дар ин солҳо ҳуҷуми пинҳонию ошкори хушомадгуёни амир ва уламои мутаассиб ба муқобили Аҳмади Дониш аз аввала ҳам пурзӯртар гардид. Яке ӯро «ношукру кӯрнамак», дигаре «кофир», яке «касе мутакабир ва мағрур», дигаре «ҷодугару коҳин» гуфта, обрӯи ӯро дар байни мардум рехтани мешуданд, ки рӯҳияи Аҳмади Донишро шикаста натавонистанд. Ӯ аз байни шоирон ва олимони маърифатдӯст ва тараққихоҳи замон мухлису дӯстони бисере дошт, ки чонсупорона ва самимона ӯро тарафдорӣ мекарданд, заковату дониш ва илму маърифати ӯро кадршиносӣ намуда, ӯро дар танҳои намегузоштанд. Дар ҳавлии Дониш ҳамеша шоирон, адибон, олимон ва мусиқичиён чамъ омада, маҷлисҳои адабӣ, илмӣ ва мусиқӣ барпо менамуданд. Аз шоирони намоёни он давр Шоҳин, Музтариб ва Тамкин ҳам гоҳо ба зиёрати ӯ меомаданд. Шоҳин баъди хондани “Наводир-ул-вақоеъ” дар ситоиши дониш қасидае гуфта ва Музтариб онро мухаммас намуда, дар он душманон ва бадхоҳони Донишро сахт танқиду мазаммат намуданд.

Аҳмади Дониш дар синни 70 солагӣ соли 1897 дар байни 21 март ва 22 апрел дар шаҳри Бухоро аз олам чашм пӯшид. Аҳли илму адаб ва мухлисону шогирдони бисёраш ба сӯзу гудоз вафоти ӯро барои илму маърифат ва ҳаёти маданию фаннии он замон як талафоти калон медонистанд.

Эҷодиети Аҳмади Дониш

Дар мероси адабию илмӣ ва фалсафии Аҳмади Дониш ду асари ӯ махсусан аҳамияти калон доранд. Яке аз ин асарҳо “Наводир-ул-вақоеъ” ном дорад ва дигаре рисолаест, ки муаллиф ба он ном нагузоштааст ва мазмуни он аз таҳлили таърихи салтанати амирони манғит ва воқеаҳои сиёсии он давр иборат аст, ки мо онро шартан “Рисолаи таърихӣ” меномем. Муаллиф ба таълифи “Наводир-ул-вақоеъ” зиёда аз даҳ соли умрашро сарф намудааст. Аҳмади Дониш дар “Наводир-ул-вақоеъ” дар бораи тарбияи насли наврас, дар бораи усули таҳсили нодуруст ва аз талаботи ҳаёт дур будани мактабҳо ва ҳам мадрасаҳо хеле муфассал таваққуф намудааст. Дониш ба асари “Наводир-ул-вақоеъ” тавсифи ду сафари ба Россия кардаи худро низ дохил намудааст. Муаллиф дар ин ҳикояҳояш дар бораи маданият ва илми пешқадами Россия, дар бораи тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин мамлакат маълумот ва нақлҳои хеле шавқангез овардааст. Аҳмади Дониш ба ин восита, шахсони пешқадам ва умуман мардуми Бухороро ташвиқу тарғиб намудааст, ки илмҳои дунёвӣ ва санъату ҳунари инсониро, ки дар Россия хеле ривоҷу равнақ дорад, омӯзанд ва барои тараққиёти ҷамъият истифода баранд. Ҳикоятҳои Аҳмади Дониш дар байни хонандагон нисбат ба санъату маданияти пешқадами Россия ҳусни таваҷҷӯҳ бедор кард ва дӯстии халқҳои Осиёи Миёна ва Россияро тарғиб ва ташвиқ намуд. Дуюм асари машҳури Аҳмади Дониш, ки афкори пешқадами сиёсиву иҷтимоӣ ва ақидаҳои маорифпарварии ӯ дар он боз ҳам равшантар баён шудааст, “Рисолаи таърихи ”-и ӯст. Ин рисола дар ҳамон шакле, ки ба мо расидааст, як қисми аввали асаре будааст, ки Аҳмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Аммо ҳамин қисм ҳам як асари мустақил аст ва шаклу мундариҷаи томе дорад. Азбаски асар нотамом мондааст, муаллиф ба ин рисола унвон ё ном ҳам надодааст. Аз ин сабаб, ин рисола то имрӯз дар байни аҳли илм ва тадқиқотчиён бо чанд ном машҳур аст: “Тарҷумаи ҳоли амирони манғития”, “Таърихча”, “Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития” ва ғайра. Рисолаи мазкур дар охири умри Аҳмади Дониш таълиф ёфтааст ва аз ҳамин сабаб дар он вақт ба ҳамзамонони ӯ нағз маълум набуд. Аз ин асар фақат дӯстони наздиктарини ӯ, ки ин рисоларо дар шакли сиёҳнавис хонда буданд, воқиф буданд. Аҳмади Дониш асарҳои калонтарини худро, аз қабили «Манозир-ул-кавокиб» (Манзараҳои ситораҳо), «Рисолаи фи аъмол ил кура» (Рисола дар бораи амалиёт бо кура), «Ҷомеа-ул-ҳикоёт» (асари бадеии тарҷумаиҳолӣ), «Наводир-ул-вақоеъ» (воқеаҳои нодир) ва «Тарҷумаи ҳоли амирони Бухорои Шариф» бо наср навиштааст. Ӯ порчаҳои шеърӣ ҳам дорад.

Дар таърифи туи маликаи рус

…Дар ин асру овон шахи мулки рус, Ки то кард бар тахти шохи чулус… Фитирибурч то пойтахти ту шуд, Бихишту Ирам аз забонхо бишуд, Замин нест, у вожгуна самост, Ки дар хар кадам ахтари пурзиёст. Дар ин шахр кас хур набинад бурун, Зи бисёрии хусни олам фузун. Зи чуши чарогон ба шабхои тор, Замин чун сабо, осмон чун губор. Хусусан дар ин ахд, к-аз амри шох, Макорин ба хам гашта Бирчусу мох, Махи бурчи иззат, малики замон, Бад-у дурри якто шуд тавъамон. Ба акдаш фалак икди Парвин бирехт, Ба сурат гам аз пеши мардум гурехт. Зи Кайвон дар ин базм буд посбон, Бидид ахтарон чумла чашмакзанон. На Бирчис аммома аз сар ниход, Ки бахром хам лаб ба ханда кушод. Зи хуршед машъал ба даст омадаш. Ки Нохид бо хеш маст омадаш Зи дасти Аторуд калам уфтод, Махи пуштхам даст бар дар ниход. Чахони кухан ёфт ранги нави, Ки чуз нагмаи уду най нашнави. Дарун дар имороти шашошён, Муфарак бар айвони зар устувон, Канодили зар, фаршхои харир, Тахи по хасу шол чои часир. Хама гулъузорони борангу буй, Хама мохидору хуршедруй… Зи гул хар яке хирмане сабзшох, Гиребон кушоданду доманфарох. Миёни на чун фикри Дониш нахиф, Вале поктабъанду посухлатиф. Нишинанд, чонхо бихезад зи чо, Чу хезанд, дилхо барафтад зи по. Дар ин базм кавволу раккосу соз, Хама дилфиребу хама сарви ноз… Зи найрангу созу самоъу суруд, Фетербурчро сури якхафта буд. Пас он гох шохи раъиятнавоз, Ба Маскав кашид олати базму соз. Се рузу шабон шахр оростанд, Зи хошоки гам хона пиростанд. Чароги айвон ба гардун расид, Рухи ахтару мах се шаб кас надид. Зану мард, фавчи сипоху амир, Паи дидани шах ба хам дастгир… Ба сахро зи сарди нафас аз гулу, Чу берун шуди, худ бигашти фуру. Вале хонахо буд хуррамбахор, Зи лола, раёхин, зи гул кухсор. Ба хар суй фаввораву обшор, Зи тутиву булбул сад андар хазор. Ба хам оташу об чамъ омада. Ба дидан хама нури шамъ омада. Дар ин хонахо суфрахо ду катор, Бари хам кашида сад андар хазор, Нишаста ба давр аз ду су гулрухон, Хама ринду озодаву майпараст Шахе бо чунин мулку чохи азим, Хамерафт чун мизбони карим. Пиёда хамерафт бо хону хон, Ки фурсат равон аст, хуш бигзорон. Ишорат хамекард, ки дил хуш кунед, Мабодо, ки хотир мушавваш кунед. Чу ин базм берун буд аз таври акл, Ки душвор такрир мушкил ба накл. Вале фикри Дониш, ки мухо шикофт, Ба тахрири ичмолияш рох ёфт…

Аз ашъори пароканда Ба Адеелина Патти

Потии пориси, он сарвкади зухрачабин, Дар табассум суи доман зи дахан гул мерехт. Зулфи пурчини хам андар хами у дар буни гуш, Обруи тари аз чабхаи сунбул мерехт. Диданаш он хама кайфияти хайрат медод, К-у зи сахбои нигах дар кафи он мул мерехт. Лахну овози вай он сон, ки ба гуши ушшок. Гах хаши саъва, гахе чах-чахи булбул мерехт Аз Фитирбург азимат чу ба Амрико кард, Нолахо аз сару аз по хама гулгул мерехт.

Мақолаҳо

Садриддин Айнӣ, ки ба маҳорати зиндагидони ва ҳақиқатнигории Аҳмади Дониш баҳои баланд додааст, дар хусуси образи ин баққол дар “Ёддоштҳо”-яш чунин навиштааст:

«Ин тасвири Аҳмад махдум ба ман он чунон таъсир кард, ки баққоли мазкур аз назарам ҳеҷ дур намерафт ва ман хостам дар зиндагӣ монанди он баққолеро ёфта тамошо кунам. Баққолонеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи кӯча дар дӯконҳошон нишаста молҳошонро мефурӯхтанд, дуру дароз истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд…

Охир дар рӯ ба рӯи гӯшаи ғарбии саҳни мадрасаи Кӯкалтош баққолеро ёфтам, ки аз ҷиҳати қиёфаи зоҳирӣ ҳам ба баққоли Аҳмади Дониш монанди дошт… Ман ҳар рӯз соатҳо дар гӯши саҳн нишаста кору кирдори он баққолро дар зери назари диққат мегирифтам ва ҳама кори ӯро мувофиқи кирдори баққоли Аҳмад меёфтам ва дар ин ҳол ба назари зиндагибин ва ба қалами ҳақиқатнигори муаллифи «Наводир-ул-вақоеъ» таҳсин бар таҳсинам меафзуд».

Дар бораи таъсири Аҳмади Дониш дар роҳи тараққиёти минбаъдаи адабиёти тоҷик ва махсусан насри бадеии он С. Айнӣ чунин гуфтааст: «Дар ҳамон вақтҳо (яъне дар вақти барои аввал хондани «Наводир-ул-вақоеъ» дар солҳои 1897 – 98) ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони содда муҷассам кунонда нишон дода тавонад… Фикри содданависӣ ҳам дар ман баъд аз шинос шуданам бо «Наводир-ул-вақоеъ» пайдо шуд, чунки забони ин китоб ба хонандагони замони ҳозира хеле душвор намояд ҳам (ва дар ҳакикат хеле душвор ҳам ҳаст), дар он замонҳо, ки ман ба ин китоб ошно шудам, нисбат ба дигар китобҳо ва аз он чизҳо, ки иншонависони ҳамон замон менавиштанд, хеле осон буд».

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив