Абдурраҳмони Мушфиқӣ


Нақша :
  1. Зиндагиномаи шоир 
  2. Мероси адабии Мушфиқӣ 
Шоир ва вокеанигори номии точик Абдуррахмони Мушфикй дар шахри Бухоро, такрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфикй баъзан ба Марвй будани худ ишорахо мекунад. Шоир дар шахри Самарканд ба Абдуллохон касидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани худро хабар медихад. «Гариби мулки хешам дар замени давлатат, шохо!» Мушфикй дар хурдсолй аввал аз падар ва сонитар аз модар ятим мемонад. Дар ин бора баъзе ишорахои шархихолии у гувохй медиханд. Чунончи: Бо падар хурсанд будам, бевафой кард умр, 
Мехр бар модар ниходам, ёфт модар хам вафот.
 Мушфикй аз сабаби тангии маишй ба хидмати яке аз хунармандони шахри Бухоро дохил шуда, аз у бисёр дастгирихо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф тахсили ибтидоиро ба поён расонида, ба Мадраса дохил мешавад. Мушфикй илмхои чории замонааш: хикмат, хайат, нучум, рамлу хисоб, каломро хуб меомузад. Хусусан улуми адабй ва аз ин миён назмро бештар дуст медорад: 
Шеър Оби хаёт аст, хуш он ном, ки монад
Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.
 Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шахри Бухоро сипарй мешавад. У шеъргуиро дар хамин шахр шуруъ кардааст. Мактабхои адабии Бухоро Мушфикдро хамчун шоири тавоно мепазиранд, вале хасудони дарборй уро хеле фишор медиханд. Шоир дар чавонй голибан ашъори мутоибавй гуфтааст, зеро даврони ятимй ва бепарастории у ба эчоди чунин ашъор боис гардидааст. Мушфикй соли 1564 ба Самарканд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир хамоно тангии маишй бошад. Шоир дар Самарканд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва дах сол дар ин шахр истикомат мекунад. У дар ситоиши Султон Саид чанд касида низ эчод кардааст ва девони якуми газалиёти худро низ ба ин хоким бахшидааст. Аз баъзе ишорахои шоир пайдост, ки рузгори у дар Самарканд низ чандон хуб набудааст:
 Хони оликадри кайвонманзилат Султон Саид,
 Пеши даргохи ту гардуни муалло хеч нест.
 Арзи холи ман, ки хастам заррае беэътибор,
 Назди хуршеди замири оламоро хеч нест.
 Шуд се сол рос(т), к-аз чинси чаву гандум маро
 Дона чуз дар мазраи парвину чавзо хеч нест.
Куръа афкандам барои фол, мурон саф заданд,
Нуктахоро дона пиндоранду аммо хеч нест. 
Хамин гуна ишорахои шикоятй дар ашъори Мушфикй хеле зиёд ба назар мерасад. Аксари ишорахои шоир мохияти ичти- мой дошта, хасрати адиб аз тангии маишй мебошад: 
Шахо, ту мардуми чашми саводй оламро,
 Ба лутфу рахмати ту мардуме намеёбам.
 Шунидаам, ки Самарканд чаннати дунёст, 
Чй одамам, ки дар у гандуме намеёбам.
 Баъзан чунин холат хам рух додааст, ки инъомхои хон хатто ба шоир ё кисман ва ё умуман намерасидаанд. Чунин муноси- бат Мушфикиро водор кардааст, ки бевосита у ба худи шох мурочиат намояд: Подшохо, чакмани инъомро мехтар надод, Дар либоси назм бо у гуфтугу хохад шудан. Чун ба таври оштй чизе аз у хосил нашуд, Ч,анги чакман дар миёни мову у хохад шудан. Дар баъзе мавридхо Мушфикй ба вазири хон-Осаф хам мурочиат намуда ба ин восита шоху вазирро аз нобасомонихои дохили дарбор огох месозад, ки «об аз cap лой аст» ва бояд пеши чунин кирдорхои зишт гирифта шавад:
 Осафо, шаб омадам суи високи худ савор,
 Аспи мискини маро аз фикр cap боло нашуд.
 Дар хаёли нав хама шаб дидаи у мепарид, 
 Хостам бар чашми у кохе нихам, пайдо нашуд.
 Албатта, чунин шиквахои Мушфикй охднги нолиби хазлу шухй низ гирифтаанд ва шояд яке аз сабабхои аз мадди назари амиру вазир дур афтодани талабхои шоир гардида бошад. Масалан, дар ин байт аз беманзилй чунин шикоят менамояд: Дар Самарканд имтихон кардам, ки ёбам хонае, Бехтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд. Аз баъзе ишорахои шоир бармеояд, ки дар ибтидо рузгори шоир нисбатан бехтар буда, хатто мухити дарбор низ барояш созгор будааст. Мушфикй он хушхолихоро ба ёд оварда, дар як газали худ аз гузашти он рузхо афсус мехурад:
 Хуни дил мегиряму ашки чигархун мехурам,
 Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехурам. 
 Вах, ки дар ахди навонй пир гаштам, Мушфикӣ,
 Чун нагардам пир аз ин гамхо, ки акнун мехурам?!
 Пас аз вафоти Султон Саид соли 980 (1573) бародари хурдии у Чдвонмардалй ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони Ч,авон- мардалихон аз падар ру гардонида ба Абдуллоххон забон як намуда буданд. Абдуллоххон худи хамон сол Ҷавонмардалихонро қатл намуда, баъди чанд муддат он ду писари Ҷавонмардалихонро низ ба катл мерасонад. Нобасомонихо, албатта, ба Мушфикй сахт фишор меоранд ва у азми сафари Хиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу дошт. Дар Мовароуннахр ово- за шуда буд, ки гуё шохи Хиндустон Акбаршох шеърпарасту шоирдуст аст. Мушфикй низ соли 1577 ба Хиндустон меравад. Уро Акбаршох хуш пазируфта бошад хам, пас аз як сол, соли 1578 шоир боз ба диёри худ меояд: Кардам сафари Хинду пушаймон шудам он чо, Гардид бадал рузи сиёхам ба шаби тор. Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят, Хуни чигарам мехурад ин Хинди чигархор. Аз баъзе газалхои Мушфикй маълум мешавад, ки шоир аз сафари Хинд пушаймон баргаштааст: 
 Сафар кардам фироки дилрабое пеши ман омад,
 Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад.
 Ғамy дарди чудой кам шавад аз катъи манзилхо,
 Ба хар манзил гаму дарди чудое пеши ман омад.
 Ба гурбат мурдан осон менамуду зиндагй мушкил, 
 Чй кори мушкиле, осоннамое пеши ман омад. 
Мушфикй пас аз сафари Х,инд бар дарбори Абдуллоххон рох меёбад. Шоир дар як муддати кутох дар байни ахли дарбор ва бевосита пеши Абдуллоххон обрую эътибор пайдо мекунад. У дар як мудцати кутох ба мартабаи маликушшуарой мушарраф мешавад. Мушкилоти модии рузгори у низ бехтар мегардад. Мутаассифона, ин холат замоне даст медихад, ки умри шоир аз шаст гузашта буд. Ба ин маънй шоир чунин ишора мекунад: Имтихон карданд пиру чавон, Хеч кори фалак ба сомон нест. Ком бахшад даме, ки ком намонд, Нон ба вакте дихад, ки дандон нест. Поёни умри Абдуррахмони Мушфикй дар шахри Бухоро гузаштааст. У соли 1588 дар хамин шахри бостонй аз ин олам чашм бастааст. Уро дар чавори мазори Шайх Ч,амол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як газали худи у сабт шудааст:
 Ба хоки Мушфикй он дам, ки дустон гузаранд,
 Расад ба хотири эшон, ки хоксоре буд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив