- Қолабҳои шеърии асрҳо 16-17
- Мавқеи ғазал дар ин аҳд
- Шоирони даврони 16 -17
Асри XVI аввалии асрест, ки таназзули феодализм oғоз шуд ва албатта, сохти феодализм барои нигохдории худ сахтҷониҳо мекард ва ин раводидхои сохт, пеш аз хама, дар адабиёт жанрҳои мувофиқ меҷуст. Аз ин ҷост, ки оҳангҳои сузу гудоз, изхори исёнхои калбй, садохои пуршури дилхо, аҳёнан кӯшишҳои эътирозиву норизоихо аз ноадолативу бераҳмиҳо ғолибан муктазхои табиати ғазал аст. Ин бардоштхо мавзуи созгори ғазал буда, барои рушди он заминаи мувофик омода месозад. Аз тарафи дигар, қонунмандии инкишофи жанри газал, албатта, дар заминаи анъана руида, ба таҳаввули он дар асрхои пешина беробита нест. Газал дар таърихи адабиёт жанрест, ки асрхои махсуси инкишофи худро (асрхои XIII-XIV) дорад. Ҳатто дар адабиёт ибораи асрҳои ғазалсароӣ қобили қабул гардидааст, ки шояд ифодагари талаботи замон ва табиати жанр бошад. Бояд гуфт, ки дар инкишофи газали нимаи аввали асри XVI сахми шоирони газалсарой ахди мазкур-Абдуррахмони Мушфикй, Хоча Хасани Нисорй, Бадрй ва дигаронро метавон таъкид намуд. Баъзе аз ин шоирон масалан, Абдуррахмони Мушфикй хатто ду девони газал дорад, ки то андозае конунияти тахаввули жанри мазкурро дар ин давра фаро мегирад. Бо назардошти мавзуъ, мазмун ва мундариҷаю муҳтаво ғазали асри XVI асосан анъанавй бошад хам, дар чузъиёт тобишхои фарккунанда дорад. Шояд сузу фирок, дарду доғ, нокомиву нобарорй, ранчу азоб, шиканчаву ҷабр ва гайра дар газали асри XVI (хусусан дар нимаи аввал) хеле бехтар мушохида карда шавад. Ин холат хусусан дар симои махбуба ба назар мерасад, ки у бемехр, бадкахр, берахм, номехрубон, чафокор, золим, мағрур, якрав, худписанд аст. Махбуба аз кардахои худ пушаймон намешавад ва бо вучуди ин хама, ошик пурсабру токат, бовафо, меҳрубон, ғамхор, устувор, тобовар, ҷафокаш мебошад. Масалан, хасрати ошиқ дар байти зерин аз ғазали Ҳилолӣ:
Хохам, ки ба зери кадамат зор бимирам,
Харчанд кунй зинда, дигар бор бимирам.
Ё худ дар чои дигар хамин шоир мегуяд:
Дарди ман ишк асту дармонаш ба гайр аз сабр нест,
Чун кунам, к-аз дард мушкил гар бувад дармони ман.
Дар асосй газалиёти шуарои маъруфи асри XVI метавон ба натиҷае расид, ки дар унсурхои шаклии газали ин аср тозакорй мушохида нашавад хам, дар мазмунсозй ва ҳунари шоирӣ тозаҷуиҳо дида мешавад. Устод С.Айнӣ ғазали Мушфикиро, ки бо матлаи:
Дар гамаш дилро фигору хаста мегуем мо,
Ахли дардем, ин сухан дониста мегуем мо.
Оғоз мешавад, мисол оварда менависад: «Ғазале, ки cap то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф, равон афтад, кам аст». Дар ғазали ин аср ишк бо масъалахои дигари ичтимой сахт омезиш ёфтааст. Ҳолати ошиқ басо ногувор ва токатфарсо аст, вале махбуба бепарвою бераҳмиро пеша кардааст.
Чунончи:
Хуни дил мегиряму ашки чигархун мехурам,
Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехурам.
Ҳамчу нақши панҷае савсан дамад аз хоки ман,
Баски силии чафо аз дасти гардун мехурам.
Вах, ки дар ахди чавонй пир гаштам, Мушфикй,
Чун нагардам пир аз ин гамхо, ки акнун мехурам.
Хунари шоирони ғазалсароӣ садаи мазкур дар ҷилои сухан, рангорангии ифода, маънои баланд, чавлони андеша, коргирй аз санъатхои шеърй, мазмунсозй, хаёлбофӣ ва ғайра аст, ки ин ҳамаро дар маҷмуъ ҳунари эчод меноманд. Касида аз навъхои маъмули адабии асри XVI касида ба шумор меравад, ки дар ин навъи шеър мо хунари суханварии шоиронро бештар пай мебарем. Мушфикй худ дар як касидааш мефармояд, ки у бо назардошти мамдуҳ ҳунари эчодиро ба харҷ медихад:
Шеъри ман гар зиннате дорад зи юмни мадҳи туст,
Хона орояд, бале, хар кас ба кадри мехмон.
Дар ин аср аз навъхои касида бештар касидахои мадхй, хачвй, хасбихолй, шиквой, бахория ва гайра ба назар мерасад. Қасоиди фалсафй, орифона дар ин аср манзур намегардад. Аммо ан- дешахои фалсафй ва орифона вучуд доранд. Хусусияти дигари касоиди ин давра аз он иборат аст, ки касидахои мадхй комилан арзиши таърихй доранд, зеро амалу фаъолиятхои сиёсии мамдуҳон асос ё худ ҷанбаи ситоиши онҳоро ташкил медиҳанд. Хонанда шахсияти мамдуҳ ва шуғли пайвастагии ӯ, таваҷҷуҳи мадҳшаванда нисбат ба аҳли илму фазл, аҳди заҳмату фуқаро ва ғайраро дониста мегирад.
Чунончи, матлаи як қасидаи мадҳии Мушфикӣ далели қазовати мазкур аст:
Бихамдуллах, ки олам эмин аст, аз фитнаи даврон,
Ба даври адли Абдуллоххон ибни Сикандархон.
Авзои таърихи дар чунин касидахо хеле хуб байн карда мешавад:
То кай нидои ходиса даври замон дихад,
Кас нест дар чахон, ки карори чахон дихад.
Китъа яке аз навъхои куханбунёду кадима дар таърихи адабиёти точик аст. Ин навъи шеърест, ки бештар панду ардарз, мавъизату насихат, санахои таърихи, хаводису воқеоти муҳими рузгори шахсиятҳо, симоҳои сиёсӣ, илмӣ, фархангӣ ва адабиро фаро мегирад. Аз тарафи дигар, он ҳаҷву накуҳиш, мазаммату танқид ва муносибати адибро бо замон ва абнои он муайян менамояд. Аз ин ру, ин яке аз жанрхои ба хаёти чомеа хеле наздик низ ҳаст. Китъахои тамсилй, ки мохияти андарзй доранд, дар ин давра хеле зиёд ба мушохида мерасанд. Чунончи, китъаи «Сурохӣ ва шамъ»-и Мушфикй бехтарин намунаи онхост:
Шабе бо сурохй хамегуфт шамъ
Ки: Эй мояи махфилорои дуст.
Туро бо чунин кадр пеши кадах
Сучуде паёпай бигу аз чй руст?
Сурохй ба у гуфт: Нашнидаӣ,
Тавозуъ зи гарданфарозон накуст.
Мусаммат. Аз навъхои хеле маъмули адабист, ки хануз дар асри X, дар ашъори устод Рудакй бандхои монанд ба мусаммати мураббаъ дучор мешавад. Ва дар асри XI комилтарин намунахои онро Манучехрии Домғонӣ эчод кардааст. Дар лирикаи асри XVI шеъри тасмил дар шакли мусаллас дучор мешавад, ки намунаи барҷастаи онро Мушфикй эчод кардааст. Чунончи, ду банди онро хамчун намуна зикр хохем намуд:
Рузе, ки ба савдои ту афсона шудам,
Бар шамъи таманнои ту парвона шудам,
Афтод нигохе зи иноят ба манат,
Аз хеш ба гамхои ту бегона шудам,
Чашми ту дилам рабуду девона шудам,
Аз хандаи пинхониву мункир шуданат.
Мусаммати Манучехрй дорой 14 банд аст, мавзуи марказии он ишк буда, ҷамоли махбуба бо кулли чузъиёт тавассути ташбеҳшавандаву ташбеҳкунанда ба намоиш гузошта мешавад. Шоир махбубаро тарҷеҳ медихад ва аз ин ру, ташбехкунандаи мувофик; пайдо карда наметавонад. Шакли шеърии мазкур аз нигохи мазмуну мухтаво хамрй, ишкй, мавъизатй, васфй ва гайра мешавад.
Рубой дар адабиёти асри XVI пас аз ғазалу касида аз маъмултарин анвои адабии гиной ба шумор меравад. Аз ахбори сарчашмахо маълум мешавад, ки баъзе шоирони асри XVI асосан, рубоисаро будаанд. Масалан, хатто махз барои ру овардан ба ин навъ Шайхи Рубой барин эчодкорон лақаби худро аз навъи мазкур гирифта будаанд. Ба хамин тарик, шоирони дар ин навъ устод мисли Вазехии Ахсекатӣ, Хаким Рукнои Кошй, Азизи Самаркандй ва дигарон асосан рубой сароидаанд. Хатто дар нимаи аввали асри XVI таълифи рубоиёти шахрошуб басо ривоч кард, ки сарчашмахо то 160 рубоии шах- рошубро кайд кардаанд. Албатта, инкишофи рубой ба такозои мавзуии он вобастагй дорад, зеро он метавонад мавзуъхои ирфонй, динй, фалсафй, ишкй, мавъизатй, шиквой, сиёсй, хачвй, хамрй, мадхй, васфй ва гайраро дарбар гирад.
Манзума ва достон. Манзума лафзи арабй буда, ба маънии назмшуда, ба назм даровардашуда гуфтан аст. Дар истилохи адабй шакли махсус, ки дорой хусусиятхои чудогонаи жанрй бошад, нест. Гохо достонхои лирикии хачман хеле хурдро манзума гуфтаанд. Достон бошад дар эчоди бадеъ ба чанд маънй кор фармуда мешавад. Достон ба маънии машхур шудан, пахн гардидан, дастон яке аз лакабхои Рустам низ хает. Достон ба маънии макр, наёрангу фиреб низ меояд:
Бад-у гуфт: Марди шабистон наям,
Мачуям, ки бо банду дастон наям.
Дар истилохи адабй достон асари калонхачми бадеии манзуму мансурро меноманд, ки дар он хаводиси мухиму барчаста тасвир гардида, сужети муайян дорад. Баъд аз Инкилоби октябр дар адабиёти тоҷик истилохоти адабии повеет, роман, баллада, поэма ворид шуда, мафхуми достонро хеле махдуд намуд. Достон хамчун ифодагари поэмаи юнонй бокӣ монд. Махсусан, «Шохнома»-и Фирдавсй намунаи комили достони асримиёнагии форс-точик аст. Хдводису вокеот, доираи фаъолияти кахрамонон, сужети пайваста ва муттасил инкишофёбанда тасвир ва нигошта мешаванд, ки ин хама боиси зухури образхои мукаммали бадей мегардад. Ба хамин тарик, достон сужети мукаммалу муфассал ва тулониву пайвастаро талаб менамояд. Достон тули асрхои зиёд суфтаву анику дакик шудааст. Ин аст, ки достонхои ишкии романтики, лирикии эпикй, ахлокию фалсафй, суфиёнаву орифона, мочарочуёна ва гайра таълиф шудаанд. Дар достонхои кахрамонй наклу ривоят ва дар достонхои ишкии романтикй муколама (диалог) мавкеи марказй дорад. Аз чумла, «Варка ва Гулшох»-и Айюкй, «Вис ва Роман»-и Фахруддини Гургонй ва гайра намунахои чунин достонхоянд. Намунахои барчастаи достонхои ахлокй дар асри X ба вучуд омада бошанд хам, дар асрхои XI-XIII машхуртарин достонхои суфиёнаву орифона таълиф шудаанд, ки чун намуна асари нахустини ирфонй «Хадикат-ул-хакикат»-и Саноӣ (асри XI), «Мантик-ут-тайр»-и Аттор (асри XII), «Маснавй»-и Ч,алолуддини Балхй ва гайраро метавон зикр намуд. Равняй дигари достонсароиро, ки аз «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонй огоз мешавад, Низомй таккони чидцие дод ва дойр ба баъзе асархои он аз он чумла, «Лайлй ва Мачнун» то 147 чавобия ба вучуд омад. Яке аз сабабхои машхур гардони- дани навъи мазкур дар адабиёти форс-точик он аст, ки достон дар ин адабиёт таърихи басо тулонй дошта, заминахои миллии он ба ёдгорихои адабиёти тоисломй, адабиёти пахлавй ва аз он пештар хам рафта мерасад. Намунаи барчастаи достонхои ахди пахлавй достони «Дарахти ассурик ва буз» мебошад. Дар сурудани шаклхои гуногуни достон, асосан дар таърихи адабиёти асрхои миёна хидмати Фирдавсй, Рудакй, Саной, Носири Хусрав, Аттор, Ч,алолуддини Балхй, Низомй, Хусрав, Хочу, Саъдй, Ҷомй, Хилолй, Мушфикй, Шохин ва дигарон шоистаи тахсин аст. Дар адабиёти асри XVI, ки аввалин асри инкирози сохти феодалй мебошад, дар адабиёт низ ин гардиши таърихй - сиёсй бетаъсир нест. Агар мо танхо ба тахаввули навъи достон дар адабиёти садаи мазкур назар андозем, мебинем, ки дар ин давра достон хеле пеш рафтааст.
Дар навъи эпикии адабиёти асри XVI бештар анъанахои достонсароии Низомии Гаичавй (достонхои «Хамса»), Шамсудди- ни Мухаммад ибни Ахмади Табрезй, ки дар асри XVI достони «Мехр ва Муштарй» ё худ «Ишкнома» навиштааст, ё ин ки Чомй (дос-тонхои «Хафт авранг») бештар ба мушохида мерасанд. Дар асри XVI достонхои ишкии «Лайлй ва Мачнун» (Хилолй, Мавчй Косимхони Бадахшонй), «Юсуф ва Зулайхо» (Мавчй Косимхо- ни Бадахшонй, Амир Пулодхоча ибни Девонхочаи Бадрй), «Шоху Дарвеш» (Хилолй), «Гулзори ирам» (Мушфикй) руи кор омадаанд, ки хар кадом дар таърихи адабиёти давр макоми махсус доранд. Инчунин, дар хамин давра чандин достонхои таърихй таълиф шудаанд. Аз чумлаи он достонхои таърихй «Зафарнома» (Амир Пулодхочаи Бадрй), «Ч,ахонннамо» (Мушфикй) мебошанд. Аз тарафи дигар, тахти таъсири осори ирфонй, инчунин «Хамса»- хои Низомию Хусрави Дехдавй, махсусан, шохасархои манзуму мансури ахлокии адабиёти точик, китобхои «Бустон»-у «Гулис- тон» (Саъдии Шерозй), асари адабй-ахлокй ва фалсафии «Сифот- ул-ошикин» (Хилолй) ба арсаи эчоди бадеъ омадаанд, ки хеле арзишманд ва мухим мебошанд. Дар баробари достонхои ишкй, ахлокй, фалсафй, тасаввуфй ва гайра, инчунин, достонхои адабй - таърихй низ дар ин давра таълиф шудаанд, ки оид ба авзои сиёсй - таърихии замон, фаъолияти зимомдорони вакт, рухия ва ахволи халк, табакахои иҷтимоии чамъият маводи фаровон медиханд. Аз ин нуктаи назар, ду достони таърихй дар асри XVI руи кор омадааст, ки чавобгуи казовати дар боло зикргардида мебошанд. Ин достонхо яке тахти унвони «Зафарнома» аз Амир Пулодхоча ибни Девонхочаи Бадрй ва дигаре «Ч,ахоннамо»-и Абдуррахмони Мушфикй мебошанд. Бояд гуфт, ки хар ду асар хам ба лашкаркашихои Абдуллоххони Шайбонй бахшида шуда, хаводису вокеоти сиёсй - таърихии нимаи дуюми асри XVI-po дарбар мегиранд. Хар ду асар хам дар шакли маснавй ва дар бахри Мутакориби мусаммани махзуф ё максур иншо шудаанд. Аз суи дигар, то андозае ин достонхо суннати эчоди осори хамосиро низ тахким бахшидаанд.
Комментарии (1)