Адаб ҳусни инсон аст


Адаб тоҷест аз нури Илохӣ,
 
Бинеҳ бар сар, бирав ҳарҷо ки хоҳӣ.

Оре, адаб бузургтарин нишонаи инсони комил, дурахшонтарин ва арзантарин пояи зиндагист. Он тоҷи бузургест, ки ҳамаро сазовору лоиқ нест. Шахси боадабро ҳамагон ҳамчун шахси оқилу фарзона пешвою баландҳиммат ва намунаи ибрати дигарон мешиносанд. Шахси боадаб дар ҳама ҷо соҳибиззат аст. Адаб аст, ки инсони бузургро аз пастинатон, нокасонро аз хирадмандон ва аблаҳонро аз фозилону донишмандон тафовут мебахшад. Адаб аст, ки чун нуре ҷаҳонро равшани мебахшад, ки касеро сазовор гардида, чомеаро солиму намунаи ибрат мегадонад.

Партави ҳусн аст, оре, илму ахлоқу адаб,
 
Беадаб, беилм, беқадр аст, ин набвад аҷаб.

Ҳақиқатан инсон ро танҳо одби бузург соҳибдавлат мегардонад, инсонро танҳо ахлоқ инсон созад. Касе, ки маҳрум аз эҳсоси ахлоқист, ба шумори инсон наояд. Ба қавли дигар:

Одамизод агар ки беадаб аст, одам нест,
 
Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст.

Инсони асил ҳамеша дар он мекӯшад, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Ӯро ҳамчун шахси бофаҳм, боадаб, ибратомӯз ҳама эҳтиром намоянд. Инсонро дар ҳаёт дар ҳамаи лаҳзаҳо одоби накӯ, сухани ботамкин ва меҳрубонию латифиҳои нозук мебояд. Бахусус, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ аз бузургтарин хислатҳои наҷиби инсонианд.

Шахси дорои одобу маърифат ҳеҷгоҳ дар зиндагӣ дар намемонад.Адаб дар анҷуман шамъест фурӯзон, ки далели покизагии мост. Адаб дараҷаи баланди маърифатнокии касро нишон медиҳадю

Вазифаи ҳар як шахси солимфикр аз он иборат аст, ки атрофиёнро ва фарзандони худро дар рӯҳияи бузурги маърифатнокӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбият намояд, то онҳо суратпараст нею сиратпарас ба камол бирасанд, то ояндаи ҷомеаи солим гарданд:

Тифлро аз кӯдаки омӯз адаб,
 
В-аз камоли тарбият одам шавад.

Имрӯз, ки насли наврас аксарият дорои хулқу атвори накӯ нестанд, аз бузургтарин ҷавҳар – одоби накӯ натавонанд буд, ки нуқсони бузрги ҷомеаи солим ин аст. Ингуна касон дар тарбияи оилавӣ ба ростию росткорӣ ва ҳамдигарфаҳмию боадабӣ эҳтиёҷ доранд. Албатта, волидони онҳо пура ба тарбияи дуруст гирифтани онҳо гунаҳгоранд. Танҳо муҳити оилавӣ ва мактаб метавонад тифлро метавонад тифлро адаб омӯзад. Волидони ғамхори фардои зиндагии фарзандони худанд, саравал мехоҳанд ва мекӯшанд, тифлро ба роҳи дурусти зиндагӣ ва одоби накӯву ояндаи дурахшон ҳидоят намоянд.

Ҳамаи гуфтоҳои боло далели бузургбудани мартабаи шахси боадабанд. Вобаста ба ин мо инсонҳо бояд аз ин гавҳари дурахшону тобон, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад, бархурдор бошем, зеро тавре гуфтаанд:

Биё эй дӯст, то огаҳ зи ахлоқу адаб бошем,
 
Чу нуре равшанорои муҳит дар ҳар нафас бошем.

Ба тифлону бузургон дарси ибратро биомӯзем,
 
Ки фардо зиннати ҳар анҷуман, имдодрас бошем.

Хулоса, адаб нишонаи бузурги одаму одамгарис, ки касро шӯҳрат ёр мегардонад. Адаб дури гаронест, ки дорандаи он сарватмандтарин каси олам аст. Ҳам нишоту ҳам хурамиву ҳам осоиштагиву ҳама бурду бохти ҳаёт насиби каси боадаб аст. Маҳз инсони боадабу бориё метавонад, обӯю эътибор ва шаъну шарафи миллату давлат ва қавму қабилаи худ бошад вазиндагии худро бо осоиштагиву нишоту хуррамй бубарад, зеро гуфтаанд:

Адаб ороиши афъол бошад,
 
Адаб осоиши ахвол бошад.

Шухратёр аст инсони боадаб дар хама мавридхо, зеро заковати бузургаш, хиради волояш рохнамои имрузу фардову зиндагии бобарораш аст.Танхо ахлоки бузург ва хиради воло метавонад инсонро чун пирохани зебову ороста зеб дихад ва кимату кудрати афзун бахшад:

Адаб перохани нодону доност,
 
Хуш он кас, ки онро биорост.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив