Забони тоҷикӣ


Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.

Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.

Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоқику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣэҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ— ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣбуда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣгардидааст.

Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тўли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Хушбахтона,  миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  дар радифи  дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрўзи обод оварда расонад.

Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣва давлатӣдар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ , тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Муҳимтар аз ҳама, имрўз забони давлатӣдар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Рўзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣдар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣаҳлона талош намоем.

Бинобар ин, муқаддастарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст,  поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳост, ки дар ин радиф  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам ЭмомалӣРаҳмон чунин қайд менамояд: –  «Моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣяъне забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон ба мисли аҷдоди некноми худ бегазанд ба мерос монем». Ин дастури Пешвои муаззам қобили қабул ва боиси дастгирии умум аст.

Аз ин рў, вазифаи ҳар кадоми мо ҳифзу эҳтиром ва гиромӣдоштани забони давлатӣаст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив