Имлои феъл


Якҷо навишта мешаванд:

Имлои феъла) пешвандҳои феълии дар-, бар-, фар- (фур-), во-, боз-: даромадан, баромадан, бархостан, баргаштан, фаромадан (фуромадан), вохӯрдан, бозгаштан ва ғ.;

Эзоҳ. Пешвандҳои во ва боз ҳамчун калимаҳои мустақил ба маънои боз, яъне, кушода, озод аз феъл ҷудо навишта мешаванд: во кардан, во гузоштан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан ва ғ. 

б) пешвандҳои шаклсози ме- (ҳаме-), би- (бу-), на- (ма-): меравад, меояд, ҳамегуфт, бишкуфтан, нахостан, марав ва ғ.;

Эзоҳ. Агар ҳиссачаи инкории на ихтисор шавад, бо нимтире навишта мешавад: н-омӯзад, н-омад, н-осояд ва ғ.

в) бандакҳои феълии —ам, —ӣ, -ем, -ед, -анд ва бандакҳои хабарии —ам, —ӣ, -ем, -ед, -анд: хондам, хондӣ, хондем, хондед, хонданд; коргарам, коргарӣ, коргарем, коргаред, коргаранд ва ғ.; 

г) бандаки хабарии аст бо сифати феълӣ: хондааст, гуфтааст, дидааст ва ғ.

Ҷудо навишта мешаванд:

а) ҷузъҳои феъли таркибӣ: даъват кардан (намудан, шудан), андеша кардан, сурх шудан, якҷо шудан ва ғ.;

б) ҷузъҳои феъли таркибии номии пешоянддор: аз бар кардан, аз ёд кардан, ба ҷо овардан, умр ба сар бурдан, дар бар гирифтан, ба воя расидан, ба кор бурдан ва ғ.;

в) шаклҳои таркибии феъл: хонда буд, нахоҳад хонд, рафта истода буд, ташкил карда мешавад, бояд иҷро кунад ва ғ.

г) бандаки хабарии аст аз ҳиссаҳои номии нутқ: коргар аст, доно аст, пешқадам аст, довталаб аст ва ғ.

Эзоҳ. Бандаки хабарии аст дар шакли ихтисор (ст) бо калима якҷо навишта мешавад: мардест, шахсест, доност, хонданист, рафтанист ва ғ.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив