Тоҷикистон. Тоҷикистони софу беғубор. Дар зери осмони он фазои оромӣ, сулҳу амонӣ, ободии диёр, роҳҳои ҳамвору зебо, барафрозии корхонаву нерӯгоҳҳо ба назар мерасад, ки ҳамаи ин шарофати Истиқлолият ва Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мо ҷавонон, бояд фахр кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу таърихи қадима ҳастем. Он дастовардҳое, ки имрӯз насиби мо гаштаанд, бояд дар оянда дучанд гардонида боз рушду камол ёбанд ва ин масъулият ба зиммаи мо гузошта шудааст. Бо муваффақият дар ҳаёт татбиқ шудани он танҳо дар ҳамон сурат амалӣ мегардад, ки агар мо пайрави пешвои миллат ва пешбарандаи ҷамъият бошем, гуфтаҳои он касро ҳамчун дастури зиндагонии худ қабул карда, тамоми қуввату маҳорати худро барои пешрафти кишварамон равона созем.
Беҳуда нест, ки Президенти ватанамон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд: ” Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, нерӯи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин нерӯи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад. Ин нерӯ метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда”.
Барои дар оянда созанда будан, талаботи замонаро саривақт эҳсос кардан, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро ҳимоя ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намудан чӣ бояд кард?
Ба фикри мо, пеш аз ҳама дар раванди ҳаёти худ бояд расму оинҳо ва арзишҳои миллии худро риоя намоем. Одобу рафтори ба миллати тоҷик хосро гум накунем. Ҳамзамон ҳангоми зисту зиндагонии худ бояд қонуну қоидаҳои танзиму анъана ва ҷашну маросимҳоро набояд вайрон кард. Ин иқдом фақат барои нафъи мо равона шуда имконият медиҳад, ки маблағи худро сарфакорона истифода барем.
Ғайр аз ин, ҳар яки мо, ҷавонон, бояд дарк кунем, ки ҳангоми барпо намудани оила шумораи фарзандонро бо назардошти вазъияти иҷтимоии худ ба нақша гирем. Талаботи моддӣ ва маънавии онҳоро пурра қонеъ карда тавонем. Фақат дар ҳамин маврид фарзандони солим ва соҳибмаълумоту ботарбия ба воя расонидан мумкин аст.
Муносибат ба сиёсати давлат низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ояндаи мо мебошад. Барои он, ки пайрави сиёсати давлат ва роҳбари он бошем, мо бояд пайваста аз сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар огоҳ бошем, маърифатнокии сиёсии худро ҳамеша сайқал диҳем.
Албатта, тарзи дурусти зиндагониро пеш гирифта аз сиёсат бохабар будан, бидуни соҳиби ягон касб шудан маънои томи худро гум мекунад. Аз ҳамин сабаб яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо- ин ягон ихтисосро интихоб намуда дар ин соҳа сайқал додани донишу малакаҳои худ мебошад. Ин масъалаи бисёр ҷиддӣ аст, чунки аз интихоби дурусти касб зиндагии ояндаи мо, муайян намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва пешрафти он вобаста мебошад.
Дар айни замон ҷаҳонро чунин муҳит фаро гирифтааст, ки ҳар як фард ғайр аз ихтисоси худ бояд боз асосҳои ҳуқуқии бозаргонӣ ва соҳибкориро донад. Танҳо дар ҳамин маврид дастовардҳои беназирро орзу кардан мумкин аст.
Қайд кардан зарур аст, ки ба ғайр аз кушишу ғайрат ва донишу малака барои аъзои фаъоли ҷамъияти муосир шудан боз ҳаракат, нотарсӣ, боварии комил ба ояндаи дурахшон лозим аст, ки ҳамаи ин хислатҳо барои ҷавонон хос аст.
Аз ҳамин сабаб ояндаи миллат ва кишвари азизамон дар дасти мо мебошад. Бинобарон мо, ҷавонон, бояд пайрави ҳамешагии Пешвои миллатамон дар роҳи бунёдкории Тоҷикистон бошем.
Комментарии (0)