Душанбе – пойтахти Тоҷикистон


Душанбе

Душанбе хонаи осоиши дил,
Маро дурӣ зи ту корест мушкил.
 
Чу пайвандаст чонамро маконат,
Ки пайванданд бо ҳам обу ҳам гил.

Душанбе маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузург аст. Душанбе кишварест, ки барои аз хурд то бузурги ин сарзамин Ватан аст. Ватане, ки дар канори бузургаш ба дунё омадаему бузург гаштаем. Ватане, ки мисли модари ғамхор дӯсташ медорем. Меҳане, ки сар то сар гул-гулшукуфону ободу зебову бофароғат аст.

Душанбе маркази дунёи тоҷик бӯстони ту,
Ҷаҳони хуррамиву шабчароғи тоҷикони ту.
Ту маъвои диливу маъхази кони равонӣ ту,
Душанбе мулки шоирзодаиву достонӣ ту.

Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, маркази умеду армон аст. Даме, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Даме, ки мардуми меҳмоннавозу бофарҳанги дорои маданияти баланди шаҳрвандонашро вомехӯрем, беихтиёр нидо мекунем:

Назар кардам зи рӯи меҳру шавқат рӯи оламро,
Душанбе ҳастиву ҷону тавони ту.
Ҳама дороият рӯҳи равон бахшад бузургонат,
Макони сад бузургу паҳлавони ту.

Душанбе макони мардони хирад, занони ба ору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор:

Эй дӯст, биё баҳри томошои Душанбе,
Бешубха, ту ҳам мешавӣ шайдои Душанбе.

Имрӯз ҳамчун бошандаи кӯчаки ин сарзамини бузург моро лозим меояд, ки бо тамоми бузургиҳояш онро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмеҳанест, ки дилу дидаҳоро қарину барҷост. Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилорост. Биноҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишкадаҳои бузург, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, илова бар ҳамаи ин маркази сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ буданаш Душанберо даҳчанд зебову овозадор мегардонад.

Душанбе фахри даврони ҳар як бошандаи ба ору номуси ин сарзамини дилорост. Даме, ки дар эҷодиёти ин ё он адиби бузург васфи ин боғшаҳри дилкушоро мутолиа менамоем, метавон гуфт, ки Душанбе даҳчанди ин ситоишҳову фузунтар аз ҳамаи арзишҳост, зеботар аз ҳамаи зебогиҳои олам аст, ки ақли бинандаро мафтун мегардонад.

Хуршед мекашад сар аз шонаи Душанбе,
Нуру зиё бирезад бар хонаи Душанбе.
Шеҳрест пурфасона ин боғшаҳри зебо,
Дилро барад ҳамеша афсонаи Душанбе.

Душанбе дар қалби тоҷикону тоҷикистониён монанди нигинест, ки дар ҳар нигоҳ шӯълапошӣ мекунад. Пиру барнои ин сарзамини ҳамешабаҳор мисоли парвона гирди шабчароғи ягонаи ин шаҳри дилоро дар гардишанд. Дарҳои меҳмонхонаҳои бузурги Душанбешаҳр ҳамчун кошонаи умеду армон ҳамеша ба сӯи меҳмонон боз буда, фарзандони неку фарзонаи он бо фарри ориёӣ бо ҳусну шавқати каёнӣ онро ҳусни шоҳона мебахшанд.

Ин шаҳр шаҳри бахт аст, ин шаҳри тоҷу тахт аст,
З-ин рӯ ҳамеша гӯем, шукронаи Душанбе.

Оре, шукронаи Душанбе, ки мо бошандаи ин макони гулбасарем. Шукронаи мардуми фарҳангии он, ки ифтихори миллати бузурги тоҷиканд. Фарзандони ҷаҳонгарди ин боғшаҳри дилкушо ҳамеша аз дуриҳои дур васфи кишвари маҳбуб карда, озодагии обу ҳаво, гулу гиёҳҳои онро дар дил мепарваранд:

Дар дил ҳаваси оби Душанбе бошад.
Дил моили Варзоби Душанбе бошад.
Оинаи хушнамои шабҳои висол,
Оинаи маҳтоби Душанбе бошад.

Боиси ифтихор ба тамоми ситоишҳо ин боғшаҳри дилкушо ва макони санъатҳои волову мардону занони ҳимматбаланд мо тоҷикони асилро ватан гардида, аз дилу ҷон бо тамоми ҳастиву зӯру тавон мебояд ҳар як гулу гиёҳ ва сангу обу хоки онро парастиш кард.

Хулоса, Душанбе ҳамчун маркази бузурги Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол, ҳар рӯзу ҳар соат дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз онро ободу зебо, бофароғату дилнишин дидан метавон. Кист он бузургдиле, ки аз обу ҳавою дилнишиниҳои ин макони азалӣ бебаҳра монд? Кист он родмарде, ки қудрати бузурги ин сарзаминро бо мардумони ба ору номусаш дастгир набуд? Нест нафаре, нест тоҷике, ки бузургии ин макони шаҳдрезро эҳсос накарда бошад.

Нест лаҳзае, ки бӯи атромези Душанбеи дилнишин қалби саршор аз меҳру муҳаббат ва машоми муаттари димоғи мардумашро шефта нагардонда.

Туӣ номусу нангу номи миллат,
Нишоне аз ниёгонӣ – Душанбе.
Касе, ки бо ту созад, дар намонад?
Дилат ёбад ба осонӣ Душанбе!


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив