Фахриддин Гургонӣ


Фахриддин ГургонӣФахридин Асади Гургонӣ яке аз достонсароёни намоёни форсу-точик буда,дар асри XI умр ба сар бурдааст. Соли тавалуди шоир маьлум нест. Аз мукаддимаи достони “Вис ва Ромин” бармеояд, ки у аз солхои 1037-1063 зиндаги кардааст. 

 

Аз эчодиёти щоир гайр аз маснавии “Bис ва Pомuн” чизе дигаре то ба даврии мо омада нарасидааст. Тахмин меравад, ки шоир пас аз солхои 1063 мелоди {455-хичри} вафот кардааст.

 

Фахриддин Асъади Гургонӣ шоири достонсарои асри XI тоҷику форс буда, ҷараёни зиндагии ў ба аҳди ҳукмронии асосгузори сулолаи Салҷуқиён Туғралбек (1040 – 1063) рост меояд. Дар бораи ҳаёти ў маълумоти дигаре боқӣ намондааст. 

 

Аз мутолиаи достони «Вис ва Ромин» ва қитъае, ки муаллифи «Лубобулалбоб» меоварад, маълум мешавад, ки Фахриддини Гургонӣ илмҳои замони худро ба хубӣ аз бар намуда, дар намудҳои гуногуни шеър қувваозмоӣ карда будааст. Аммо аз мероси адабии ў фақат достони «Вис ва Ромин» пурра то замони мо омада расидааст. Соли таълифи достони «Вис ва Ромин» маълум нест. Вале дар бораи муайян намудани ин масъала баъзе фикру ақидаҳо баён шудаанд. Тамоми фикрҳои баён шуда дар асоси санаи таърихии аз тарафи султон Туғралбек забт карда шудани Исфаҳон (1042) ба вуҷуд омадаанд. Бинобар ин аксари тадқиқоткунандагон дар ҳудуди солҳои (1042-1063) навишта шудани «Вис ва Ромин»-ро қайд мекунанд. Баъдтар хоҳем дид, ки Фахриддини Гургонӣ батафсил дар бораи фатҳ карда шудани Исфаҳон ва пас аз ду моҳ баромада ба ҷониби Кўҳистону Ҳамадон рафтани Туғралбек таваққуф карда, илова бар ин, бо коре маҳз дар зимистони он сол ( 1042) дар Исфаҳон мондани худро нақл карда, сабаби назми китобро пурра баён менамояд Инчунин дар хотимаи маснави аз лутфу меҳрубониҳои Абулфатҳ ёдовари мекунад. Аз ин рў соли таълифи достони «Вис ва Ромин»–ро охири 1042 ва аввали 1043 шуморем, аз ҳақиқат дур нест. Аз эҷодиёти шоир ғайр аз маснавии «Вис ва Ромин» чизи дигаре то давраи мо омада нарасидааст. Тахмин меравад, ки шоир пас аз солҳои 1063 вафот кардааст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив