Худписандӣ далели нодонист


Бузургии шахс ба фурўтаниву дониш, ақлу заковати инсон бошад на ба молу чоҳӣ ў. Аз ин хотир агар инсон чи қадаре, ки фурўтан бошад, пас ў ҳамон қадар боақлу дониш хоҳад буд. Дар ҳолати акс инсон худписандӣ пеша намуда, мисли паланг рўзе ба нокомӣ дучор хоҳад омад. Он инсоне, ки аз худ худписандиро дур намудааст, мисли санги вазнинест, ки онро об ҳаргиз натавонад аз ҷояш ҷунбонад. Чун санг сабук бошад об тавонад онро бо як осонӣ аз ҷо раҳонида бо худ бубарад.

Санги вазнин, ки худ ҷоҳил нест, бозудӣ тўъмаи об нахоҳад гашт. Бузургон ҳикояҳои зиёде оиди худписанди гуфтаанд:

Оварданд, ки рўзе рўбоҳе бо паланге вомехўрад. Рўбоҳ аз дидани паланг дар ҳарос меафтад. Лекин, рўбоҳ сири худро бой намедиҳад ва роҳи халосиро аз он меҷўяд то оне ки ҷони худро аз чанголи паланг халос кунад. Ў баробари дидани паланг дар назди ў сари таъзим фуруд овард ва таърифи падари ў кард. Аз ин хуши паланг омада худро тавонотару донотар ҳис намуд, бехабар аз он ки худписандӣ нишони беақлист. Рўбоҳ, ки худ дар назди ҷарӣ нишаста буд, таърифу тавсифи падари паланг намуда гуфт: «Вақте ки падари Шумо дар ҳаёт буданд он кас ин ҷариро дар як мижа задан паси сар мекарданд». Паланг ин суханони рўбоҳ шунид ва гуфт: «Ин кори душвор нест, ман ҳам метавонам аз ин ҷарӣ парида гузарам». Паланг чунин гуфт ва аз ҷой бархост то ҷасурии худро исбот намояд. Лекин паланг ҳангоми ҷаҳидан аз ҷарӣ ба он тараф нарасида сарозер ба ҷарӣ афтода устухонҳояш майда – майда шуданд. Рўбоҳ бошад ба ҳоли паланг хандиду аз паси роҳи худ равон шуд.

Шахсони худписанд дар ҳаёт мисли як ситораи уфуқие мебошанд, ки як лаҳза падид омада дар як масофаи дур чашмак мезананд ва чи хеле ки падид омада буданд ҳамон хел ба гўшаи фаромўшӣ мераванд. Аз ин гуна шахсон дигар касе ёд намекунад. Шахсоне, ки бархилофи одамони худписанд фурўтаниро пешаи худ карданд, ба дуриҳои дур рафта, қуллаҳои нав ба нави зафарро фатҳ карданд, номи неки онҳо дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин нақш бастанд. Номи неки ин гуна шахсонро ҳама бо як ҳурмату эҳтиром вирди забон меоранд ва онҳоро бо некӣ ёд мекунанд. Пас, дар ҳаёт бонагу ор шуд то мисли хўшаи пурбори гандум сар ба замин бошад ва аз тўъмаи парандагон эмин бошад. Дар ҳолати акс вай ба зуддӣ тўъмаи паррандагон гардида, аз хотираҳо зудуда хоҳад шуд. Бад-ин маънӣ оварданд: «Дарахти сафедор ва токи ангур дар паҳлўи ҳам мерўиданд. Рўзе дарахти сафедор, ки қомати рост дошт ба ҳоли ангур писханд зада гуфт:

– Эй ангур! Ту ки қомати хамида дорӣ мисли кўзапуште сар ба замин ниҳодаӣ. Ман ки қомати росту мавзун дорам, мисли ту кўзапушт нестам, гирду атрофро тамошо мекунам, оламро тамошо мекунам.

Аз ин гуфтаҳои сафедор ангур чизе нагуфт ва мўҳри хомўшӣ ба лаб газид. Аз байн як рўз гузашт ва соҳиби хона, ки дар кунҷӣ ҳавлии худ иморате бунёд мекард, дарахти сафедорро аз бехаш бурида, дар он иморат истифода карданд. Токи ангур, ки худ қоматхамида буду ҳосил медод, бо худ тақдири сафедорро тақсим накард».

Агар инсон то чӣ андоза бозаковат бошад вай худро аз худписандиву нодонӣ наҷот медиҳад. Дар ҳолати акс худро осон тўъмаи нафси худ мегардонад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив