Ифтихори миллӣ


Тоҷикистон, Тоҷикистон,
 
Мекунам шукри каму бисёри ту.
 
Мекунам шукрона аз озарму озори ту,
 
Аз ту ман сарват намехоҳам.
 
Ватан ҳастӣ, бас аст,
 
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Точикистон

Эй кишвари умеди орзуҳоям, Тоҷикистон! Эй сарзамини дилситонам! Бе туву бе ёди ту нахоҳам зист, зеро ту бароям баҳори бехазонӣ, бароям баҳори шукуфонӣ, бароям нури чашму қувваи танӣ. Ту ифтихори миллии манӣ. Чашмаи ноби илҳоми манӣ, муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳонӣ. Магар мо ҳақ надорем аз ту ифтихор дошта бошем? Магар мо ҳақ надорем аз ту паноҳ дошта бошем? Магар ту нестӣ мо ифтихор аз миллат дорем, ифтихор аз ҳувият дорем, ифтихор аз ваҳдат дорем, ифтихор аз давлату давлтдорӣ дорем.

Тоҷикистон! Ҳар пораи сангат, ки порае аз туст, бароям азиз аст. Рўди равонат ба ман рози дил мегўяду мурғони хушилҳонат бароям таронаи зиндагӣ мехонад. Ҳар қатраи обат барои ман оби ҳаёт аст ва ниҳоят ҳар зарраи хокат бароям азизу муқаддас аст. Соати танҳоӣ ба сўйи кўҳсорат мераваму ҳар сангатро ба даст мегирам, сангеро, ки бистару болини нармро ба ёд меорад. Бо сангҳоят гуфтугў мекунам, имдод металабам. Санг ба забон омада мегўяд. «Эй фарзанд, ғам махўр. Ватани ту манам роздон ва чун модар ғамхори ту». Ба ваҷд омада сангро гирифта ба чашм мемолам. Шамолаке ба димоғам расид! Бўйи Ватан, бўйи Тоҷикистон. Ба шамол муроҷиат карда мегўям: «Эй шамол! Ин бўйи хушро ба чаҳор сўй бубар, то ҳама ин шамолро фаҳманд, балки фарзандоне, ки дур аз Ватананд атрогин шаванд аз бўйи Ватан бўйи Тоҷикистон». Санг боз ба забони ҳол омада мегўяд: «Эй фарзанд, шамиме, ки ту шамиди бўйи Ватан аст, бўйи Ватан». Сангро боз ба оғўш гирифтам ба такрор мегуфтам, ту барои ман Ватанӣ, Ватан, Ватан. Магар ин ифтихори миллӣ нест?…
Тоҷикистони азизам ганҷҳои бисёри қиматбаҳо ва беқиёсе дорад. Ман ҳоло дар бораи ганҷҳо сухан карданиям – ганҷи маънавию маърифат, илму маънӣ ганҷе, ки болотару волотар аз ҳамаи он ганҷҳост. Ватанамон марзи шеърхезу фазлхез аст. Марзест, ки Рўдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Синову Хаём, Камолу Носири Хисравро ба дунё овардааст. Агар дар бораи табибонаш гап занем, мардони ҳалим шогирдони Бўалӣ, ки дарди ҳазорон ҳазор одамонро шифо бахшидаанд, пеши назар меояд. Магар ин ифтихор аз миллат нест?…
Чун абармандонро ба ёд меорем, пеши назарамон симое ҷилвагар мешавад симои Исмоили Сомонӣ, ки давлате буньёд кард, ки дар он замон шўҳравари офоқ шуд. Ё ки бузургмардони санаи бисту сӣ тоҷикро гўем, кӣ нахондааст «Ёддоштҳо»-ву «Дохунда»-и Айниро, китоби безаволи «Тоҷикон»- и Б. Ғафуровро, кӣ нахондааст шеърҳои ҷаҳонгири Турсунзодаву Лоиқро. Магар ин ифтихор аз миллат нест?…
Тоҷикистон! Шукр мекунам, ки дар оғўшат ҳастам, оғўше, ки аз он бўйи сулҳу ваҳдат, садоқат меояд, осудаҳолона зиндагӣ дорам. Гарди хокат бароям волотару болотар аз симу зар аст, порае аз сангат қимматар аз ҳама қимматбаҳост. Дар ҷаҳон бароям ҳама чиз ишқ, меҳру муҳаббат, дўстдориву шафқат, бароям кишварӣ, кишвари азизу мўътабар, муқаддас ва маҳбуб. Магар ин ифтихор аз миллат нест?…
Дар оғўши Ватани худ, дар кўчаву паскўчаҳои он қадам мезанам, хиёбонҳои онро тамошо менамоям, аз бўйи он қафаси сина пур мекунам, бо худ меболам, меболам аз оне ки дар паҳлўи Ватан ҳастам, дар паҳлўи Ватане, ки маро ба оғўши худ гирифтааст, Ватане, ки маро қуввату илҳоми нав ба нав мебахшад.
Аз Ватани худ ифтихор менамоям. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани манро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таклифоту пешниҳодоти сулҳовараш мешиносад. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани ман 
Тоҷикистон ном дорад, Тоҷикистоне, ки мардуми он тоҷ ба сар буда, таърихи бузург дорад, мисли онро таърих ёд надорад. Ифтихор аз он дорам, ки тоҷикаму аз Тоҷикистони азиз ҳастам.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив