Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан


Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

(Абўабдуллоҳ Рўдакӣ)

ИлмҶаҳони муосир ниёз ба пешрафти илму техника дорад. Аҳолӣ дар курраи замин то рафт меафзояд, талаботи истеъмолӣ зиёд мегардад. Таъминоти аҳолӣ бо хўрока ба яке аз масъалаҳои муҳими рўз табдил ёфта истодааст. Ба замин хатарҳои азим, ба монанди офатҳои табиӣ (тўфон, обхезӣ, заминларза), гармшавии иқлим, афтиши ҷирмҳои осмонӣ таҳдид менамоянд. Пешрафти илмиву техникӣ дар ин ҷода то андозае моро барои раҳоӣ ёфтан кўмак мерасонанд.

Машриқзаминро дар гузашта «гаҳвораи илм» мехонданд. Онҳоро ба ҷаҳониён Ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон муаррифӣ намудаанд. Кашфиёти ин олимони беҳамтои ҷаҳонӣ ҳазорсолаҳо арзиши худро аз даст намедиҳад.

Дар гузаштаи дур идеяи сохтани ҳавопаймову чархбол ва телевизион дар афсонаҳои мардумии мо акси худро дар шакли «гилеми паррон» ва «оинаи ҷаҳоннамо» ёфта буданд. Ғарбиён бар он ақидаанд, ки идеяи созандагӣ дар мо суръати барқро дорад, вале амали мо чун сангпушт ҳаракат менамояд. Барои ҷомаи амал пўшидани ин идеяҳо моро лозим меояд, ки илм омўзем ва ба ҷаҳони муосири техникӣ бипайвандем.

Замоне парвоз намудан, аз ҷойе ба ҷойи дигар садоро интиқол додан дастнорас менамуд. Одамон аз бемориҳои сабук ҷон медоданд. Роҳи яксоатаро моҳҳо тай менамуданд. Дар истеҳсолот қувваи зиёди корӣ истифода мегардид. Ҳоло ин мушкилот ҳама паси сар гаштаанд. Аз ин ҷой бо Амрико мустақиман гуфтугў менамоем, бозии футболро тамошо мекунем, тибби муосир дили одамро иваз менамояд, тайёраҳои навтарин дар яксоат то 800 километр роҳ мепаймоянд, кори садҳо нафарро дастгоҳе ба сомон мерасонад. Ҳамаи ин маҳсули омўзиши илм мебошад. Дастовардҳои илмӣ имкон медиҳанд, ки аз вазъи табии ситораву сайёраҳои системаи офтобӣ огоҳӣ пайдо намоем. Инсоният ба моҳ роҳ ёфт. Сафари кайҳонӣ барои ҳамагон ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҷо дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Ин­сон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рўйи худ дари бахту саодатро меку­шояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меё­бад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф ме­кунанд. Бешубҳа, шахси донишманд бо зўри хирад дили кўҳро мешикофад, дар як соат роҳи даро­зеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Магар тайёра бофтаи хаёл нест?

Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мўъҷизаҳои парвозӣ аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку – якбора не, бо гузашти айём, дар натиҷаи донишандўзӣ ва амал. Ин­сони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тўсӣ гуфта:

Касе, к-ў ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рўзгор ба дониш вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рўи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Омўхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар ба амал созгор гардад:

Илм ба кор судманд бувад,

Илми бекор пойбанд бувад.

Хулоса, нақши илму дониш  дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дониш андўзанд, то осудагии ҷомеаро таъмин намоянд. Аз ин рў, ҳар сокини Тоҷикистон сарфи назар аз ихтисосу синну сол вазифадор аст, ки барои фурўзон намудани чароғи ақл пайва­ста омўзад. Тақозои ҷаҳони мутамаддин моро водор менамояд, ки сатҳи илму донишамонро боз ҳам тақвият бахшем. Байти пурмаънии Низоми Гаҷавӣ раҳнамои фардои дурахшони мост:

Дониш талабу бузургӣ омўз,

То беҳ нигаранд, рўзат аз рўз.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив