Касби пурифтихор


Айб аст, ки дар ҳунар на кушӣ,
 Сад айб ба як
ҳунар накушӣ.
 Со
ҳибҳунаре, ки ботамиз аст.
 Дар дидаи мардумон азиз аст.

Оре, њар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дустону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қимат дошта бошад. Муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта эҳтиромашро ба ҷо оранд. Лекин ин нишонаҳои бузург барои инсон ба осонӣ муяссар намешаванд. Барои ба даст овардани обрӯ машаққати зиёд лозим меояд. Барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва мардонагиву далерӣ буд. Соҳибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати бузург обрӯ пойдор кард.
 Шахсияти баркамол ва озодфикр
ҳануз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин ақидаи бузург ҳар инсонро аз аввал бояд дар дилаш бедор гардад. Зеро равшании ҳар як рӯз аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
 Ме
ҳри онро дар дилаш андохтанд.

Интихоби касб бояд дар кас бо як фикри дурандешонаву чиддӣ ва таҳаммулпазир пайдо гардад, зеро барои омғхтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёд пеш меоянд. Барои омӯхтани касб ҳамаи он машаққату азиятҳоро пурбардор будан лозим аст. Шахсони сабуксору бетааммул наметавонанд соҳибкасб гарданд.

Сабуксарон дар интихоби касб сахт азият мекашанд, зеро ба машаққату заҳмати зиёд тобовар бошанд. Ин аст, ки дар ҳаёт на ҳар кас соҳибкасб буда метавонад.

Аммо шахсияти пурбардор ва барнодил ба ҳеҷ гуна душворӣ нигоҳ накарда, ҳунар меомӯзад ва пешаи худро интихоб карда, ҳар лаҳзаи ҳаёташро баҳри касби пуршарафи худ дарег надошта меҳнат мекунад. Мегӯянд, ки меҳнат одамро аз се хокистари бузург мераҳонад: “дармондагӣ, фиск ва эҳтиёҷ”. Албатта, ҳунарвар ва соҳибкасб ҳамеша соҳибиззат аст, зеро заҳмати бепоёнаш ҳамеша ба хонадонаш сарбаландӣ меорад. Сарбаландии ҳар як қавм натиҷаи меҳнату машаққати худи ӯст. Ифтихори ҳар як соҳибкасб мояи ранҷи пурмаҳсули ӯст, ки осон ба даст наомада. Баҳри ҳар як ободӣ ва бурдбории зиёд меҳнати ҳалол мебояд.

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
 Музд он гирифт
ҷони бародар, ки кор кард.

Ин ҷо музд ба маънои саховату бурдборӣ ва обрӯву манзалати бузург аст, ки танҳо тавассути меҳнату интнхоби пешаи пуршараф омада.
 Хулоса, умр барои инсои тан
ҳо як бор муяссар мегардад. Танҳо илм омӯхту амали бузург намуд. Пешаи дуруст интихоб карду ифтихор пайдо намуд, то умри азиз ройгону сарсон нагзарад:

Умре, ки баҳо бувад гаронаш,
 Бо
ҳар баду нек магзаронаш.

Интихоби пешаи дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон хушию сурур, рӯзгори осоишта ва хонаи обод меорад. Соҳибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив