Бемории сил


Нақшаи корӣ
  • Нишонаҳои БС- и шуш
  • Нишонаҳо БС - ғайришушӣ
  • Ташхиси Бемории сили шуш
  • Табобат
  • Эзоҳ
Бемории сил (туберкулез аз калимаи лотинӣ tuberculum «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) — бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот, ки барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил (БС) асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад. Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст. Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард. Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд. БС аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори Бемории сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ, хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.
Бемории сил
Нишонаҳои БС- и шуш
Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли Бемории сил нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол инсони гирифтори Бемории сил метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд.
Нишонаҳо БС – ғайришушӣ
Ошкор намудани бемории сили ғайришуширо, одатан, танҳо пас аз истисно кардани кулли бемориҳои дигар, ки онҳо низ дорои чунин нишонаҳо мебошанд, имконпазир аст. Нишонаҳои шакли ғайришушии Бемории сил бевосита аз ҷойгиршавии раванди сироят вобастагӣ доранд.
•    Бемории сили мағзи сар ва пардаи мағзи сар: Ин беморӣ аксар вақт дар тӯли як-ду ҳафта инкишоф меёбад. БС системаи марказии асаб, аксар вақт дар синни кӯдакӣ ва ё калонсолоне, ки системаи масъунияташон заиф гардидааст, ба назар мерасад. Пеш аз ҳама, хоболудӣ, бедорхобӣ, қаҳрангезӣ ва баландшавии ҳарорат мушоҳида мешавад. Аллакай пас аз як ҳафта беморро қайкунӣ ва дарди сар нороҳат месозад. Ҳамзамон, ҳангоми росткунии дасту пой ва ё моил кардани сар ба қафаси сина дар ҳолати дарозкашӣ, ҳиссиёти дард дар тахтапушт пайдо шуда, тарангшавии мушакҳои паси гардан зоҳир мешавад. Ғайр аз ин, иллати гуногуни асаб мушоҳида карда мешавад.
•    Бемории сили сутунмӯҳра, устухон ва пайвандон: инкишофи маҳдудшавии ҳаракат, шикасти ғайритабиӣ, ноустуворӣ, инчунин, эҳсос намудани дард дар ҷузъҳои осебёфтаи бадан. Фарқ кардани чунин патология аз дигар бемориҳои сершумори системаи такягоҳу ҳаракат хеле муҳим мебошад.
•    Бемории сили узви ҳозима: бо чунин нишонаҳо зоҳир мешавад, ба мисли: такрорёбии қабзи меъда ва исҳол (дарунравӣ), дамиши шикам, дарди шикам, хун дар наҷосат, баландшавии дуру дарози ҳарорати бадан. Инкишофи қабзияти рӯда дар эҳтимол аст.
•    Бемории сили пӯст: дар намуди ҷисмҳои сахт ва гиреҳҳо зери пӯсти бадан, ки бо мурури вақт калонтар шуда, бо даридани пӯст аз худ як нав маҳлули фаллашакли сафедрангро ҷудо мекунанд, зоҳир мегардад. Нишонҳои дигари ин патология низ вуҷуд доранд.
•    Бемории сили системаи олати таносул ва шоша (пешоббарор): метавонад дар узвҳои гуногуни таносул ва шоша, чӣ дар занон ва чӣ дар мардон, инкишоф ёбад. Аксар вақт гурдаҳо осеб меёбанд. Ба нишонаҳое, ки ҳангоми осебёбии гурдаҳо мушоҳида мешаванд, инҳо тааллуқ доранд: эҳсоси дарди камар ва тахтапушт, хун дар пешоб, инчунин баландшавии ҳарорати бадан. Кам дар кам чӯбчамикроби БС дар роҳи пешоб ва пешобдон инкишоф меёбад. Дар чунин ҳолат вайроншавии сершумори ҷараёни пешобронӣ инкишоф меёбад: пешоби олудаи хун, ҳиссиёти дард, боздоштани пешоб ва ҳоказо. Ҳангоми осебёбии узвҳои таносул аз чӯбчамикроби Кох эҳтимоли инкишоф ёфтани чунин як патологияи хеле ҷиддӣ, ба мисли безуриётӣ низ вуҷуд дорад.

Ташхиси Бемории сили шуш

Усулҳои техникӣ, лабораторӣ ва иммунолигии ташхиси Бемории сил фарқ мекунанд. Дар таҷрибаи тибби муосир аз ҳамаи ин усулҳо баробар истифода мебаранд.
•    Усули техникӣ:
Флюорография (намуди нисбатан оммавӣ дар байни аҳолӣ), инчунин рентгенографияи қафаси сина ва томографияи компютерии мултиспиралӣ. Ин усулҳо имконият медиҳанд, ки тағйиротҳои «шубҳанок» дар шушҳо ва гиреҳҳои дохилии қафаси синаро муайян кунанд, инчунин ба сатҳи паҳншавии беморӣ ва шакли осебёбии шушҳо баҳо дода шавад. Ғайр аз ин фибробронхоскопияро бо шустаҳо аз шохаҳои нойчаҳои нафаскашӣ ва биопсияи пардаи луобӣ истифода мебаранд. Дар ҳолатҳои ҷудогона видеоторакоскопия ва биопсияи шушҳо ва (ё худ) пардаи шуш, гиреҳҳои дохилии қафаси синаро истифода мебаранд.
Табобат
Бемории сил ҳангоми ташхиси саривақтӣ, табобат ва пайравӣ намудан ба муолиҷа дар аксарияти ҳолатҳо табобатшаванда мебошад. Табобати БС танҳо дар муассисаи махсусгардонидашудаи (диспансер) мубориза бар зидди БС аз ҷониби пизишк-силшинос ба амал оварда мешавад.
•    Реҷаи чоргонаи табобат
Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахборот, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ, ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст. Бидуни чунин назорат ва дастгирӣ дар риоя намудани нишондодҳои тиббӣ, вобаста ба табобат, метавонанд душвориҳо ба вуҷуд оянд, ки асос барои боз ҳам фаро гирфтани беморӣ гардида, эҳтимол шаклҳои устувореро нисбати доруҳо ҳосил намояд.
•    Реҷаи панҷгонаи табобат
Дар аксарияти марказҳое, ки ҷиҳати табобати БС махсус гардонида шудаанд, ҳоло истифода бурдани реҷаи панҷгонаи табобатро авлотар меҳисобанд, бо роҳи илова намудани ҳосилшавандаҳои фторхинолон ба реҷаи чоргонаи табобат, ба мисли сипрофлоксасин. Ҳамроҳ кардани доруҳои насли дуюм, сеюм ва болотар аз он, мавриди табобати шаклҳои БС, ки нисбати доруворӣ пурҳассосанд, муҳим мебошад. Реҷаи табобат бо доруҳои насли дуюм ва болотар аз он, ҳадди ақал 20 ҳафтаи қабули рӯзмарраи доруҳоро дар назар дорад. Реҷаи мазкур назар ба табобат бо доруҳои қатори якум нисбатан гаронтар аст. Ҷиҳати хеле маҳдудкунанда инчунин мавҷудияти миқдори зиёди ҳар гуна таъсири манфӣ аз истифодаи доруҳои иловагӣ мебошад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив