Дар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳар миллат дорои забон, хат, рамзҳои ба худ хос ва расму анъанаҳои гуногун мебошад.
Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шево нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст.
Истиқлолият давраи нави эҳёи тамадуни халқи тоҷик ба шумор меравад. Миллат тавассути даврони мустақилият бо дарки амиқ ватандорӣ бо эъмори давлати дунявӣ ва демократӣ иқдом намуд.
6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардум қабул гардид. Ин шиносномаи миллат роҳи рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дод. Баъди таъсиси Ҳукумати воҳид рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Пачам, Нишон, Суруди миллӣ гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахшро халқи тоҷик бо ризоияти том истиқбол намуд.
Забон ва пули миллӣ низ мисли рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта мешаванд. Имрўз забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, воҳиди пули мамлакат Сомонист. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он вазифаи ҳар сокини Тоҷикистони азиз аст.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қалами шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ мансуб буда, орзуву ормони ин миллати куҳанбунёдро фаро мегирад. Оҳанги Суруди Миллӣ маҳсули заҳмати Сулаймон Юдаков аст. Шоир Гулназар бо дарки баланди масъулият дар иншои ин матн саҳми муассир дорад. Моҳияти асосии Суруди Миллӣ дар маънии фарох ва калимаву ибораҳои тоҷиконаи он аст. Банду басти ҳиҷо, калима ва ибораҳо ҳамто надорад. Инак, банди аввали онро ба ёд меорем:
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту, бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем, расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем,
Зинда бош, эйВатан, Тоҷикистони озоди ман!
Мавзўи муқаддасоти миллат дар эҷодиёти шоирони тоҷик мавқеи хоса дорад. Доир ба гиромидошти он навиштаҳои зиёде рўи кор омада, саҳифаи даврони Истиқлолияти мамлактро зиннат доданд.
Шоир Парчами Тоҷикистонро бахти миллат ва монанди Шамси мунир ба қалам додааст:
Парчами Тоҷикистон,
Чун бахтёвари мост.
Хуршедсон ҳамеша,
Тобанда бар сари мост.
Муқаддасоти миллӣ аз ҳастии ҳар як милати соҳибтамаддуни олам гувоҳӣ медиҳад.
Комментарии (0)