Ваҳдат - пояи хушбахтӣ ва рушди миллат!


Вахдати миллиОсмон мисли ҳарвақта софу беғубор буд. Хуршеди оламоро зулфони худро ба гетӣ паҳн намуда ҳусни худро ситоиш мекард. Одамон дар даву ғеҷ буданд. Ҳар касро сару савдое. Гурўҳе ба сўи коргоҳ мешитофт, гурўҳи дигаре барои аёдати наздикони худ мерафт, гурўҳи дигаре дар Саргарми сўҳбат буд.

Ҳаёт бо як маром идома дошт. Тобистони он солҳо мисли пешин гарму нарм буд. Маҳз дар ҳамин тобистони гарму нарм 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати кўчаки соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон аз худ шаҳодат дод. 9-уми сентябри соли 1991 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти рақами 392 истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуда ин рўзро ҳамчун рўзи ид муқаррар кард.

Ин рўзе буд, ки фаро расидани онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои сол интизорӣ мекашиданд. Барояш Шириншоҳ Шотемуру Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафурову садҳо дигар фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ҷонбозиҳо намуда дар орзуяш буданд.

Ниҳоят рўзи деринтизор низ фаро расид. Акнун Тоҷикистон ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон табдил ёфта гомҳои худро дар роҳи эъмори истиқлолият устуворона мегузошт.

Лекин хурсандии шаҳрвандони Тоҷикистони тозаистиқлол дуру дароз тўл накашид. Осмони софу беғубори Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз дур абрҳои сиёҳи ғуборолуд фаро мегирифтанд, ки онҳо домани худро торафт васетар паҳн намуда фазои давлатеро, ки истиқлолияти худро тоза ба даст оварда буд, торафт печонида мегирифтанд.

Нурҳои хуршед оҳиста – оҳиста дар паси пардаи ғафси абрҳои сиёҳ ниҳон шуда аз назарҳо ғоиб мешуд ва ҷойи худро ба абрҳои сиёҳ медод. Абрҳои сиёҳ дар осмон торафт доман густурда онро батамом ба домани худ гирифт ва ҳокими мутлақи он гардид.

Майдони Шаҳидон. Майдони Озодӣ. Майдони ба ҳам зид. Дар як тараф шахсони аз ҳукумати амалкунанда норизо, дар тарафи дигар тарафдорони ҳукумати амалкунанда. Ҳар кадоме талаби худро пешниҳод мекард.

Воқеаҳои моҳи феврали соли 1992. Хунрезиҳои аввалин. Садои тиру туфанг. Оғози ҷанги нангини бародаркуш. Ҳиҷрат ба кўйи ғарибӣ. Азобу машшақат. Хориву зорӣ. Ҷонбозиҳои фарзандони барўманди халқ. Эмомалии Раҳмону Маҳмадсаид Убайдуллоев, Абдулмаҷид Достиеву Сафаралӣ Кенҷаев, Нурулло Ҳувайдулоеву Сангак Сафаров.

Дар кунҷи осмони тираву тор нуре медурахшид. Нури умед. Нури зиндагӣ. Нури ҷонбахш. Нуре, ки умеди одамонро ба фардои нек бедор намуда ба мисли дили Данко онҳоро ба сўйи комёбиҳо, ба сўйи умедҳо раҳнамун месохт.

Нури умед дар охири осмони тираву тор пардаи сиёҳи осмонро дарида ҳукмронии худро устувор менамуд. Абри сиёҳ майл ба гузашт намуд.

Шаҳрҳои Маскаву Исломобод, Кобулу Теҳрон, Ашхободу Бишкек. Гуфтушунидҳои дуҷониба. Ба ҳам омаданҳо. Бахшиши гуноҳҳо.

Ҷойи абрҳои сиёҳро нурҳои ҷонбахши хуршед фаро мегирифт. Ғарибон майл ба Ватан доштанд. Булбулон ба чаманзор бармегаштанд. Ба ободии он мекўшиданд.

27-уми июни соли 1997. Шаҳри Маскав. Ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ. Ваҳдати миллӣ.

Рўзе ки онро одамон дар тўли ҳафт соли мусофиратҳо, азобу уқубатҳо интизориаш мекашиданд. Дар умеди чашидани шаҳди он буданд. Дар умеди дидори он буданд.

Кўшишу ҷонбозиҳо тавонист, ки нерўҳои аҳриманиро аз осмони Тоҷикистони азиз дур кунад. Одамонро ба ҳам орад то онон пой ба хоки Ватани худ ниҳанд. Аз он бўса кунанд.

Абрҳои сиёҳ майл ба рафтан доштанд. Нурҳои умед ҳукмронии худро батамом барқарор намуданд.

Одамон сару савдое доранд. Ҳар кас ба ҳар ҷойе шитоб дорад. Гурўҳе саргарми сўҳбат аст, гурўҳе ба сўи коргоҳ мешитобад, гурўҳе ба аёдати наздикон меравад. Шукр аз ваҳдати миллӣ менамоянд, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дошт, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки бар ивази ҷони садҳо ҷавонони ҷавонмарги баору баномуси халқи тоҷик ба даст омадааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он бебозгашт асту ба халқи тоҷик хушбахтиҳо овардааст,  шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он имрўз мароми тамоми халқи тоҷик гардидааст.

Ҳаёт бо маром пеш меравад, бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш, бо тамоми ҳастияш пеш меравад, ба сўи умеду орзуҳо, ба сўи фатҳи қуллаҳои нав ба нави зиндагӣ…


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив