ВНМО/БПНМ чист ва чиро мефаҳмонад?


ВМНОВируси норасоии масунияти одамро (ВНМО) ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мекунанд.  Номи  Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Чунин номгузорӣ яке аз хусусиятҳои ин гурӯҳи вирусҳоро инъикос мекунад, аз ҷумла — суръати суст ва нобаробари инкишофёбии раванди сироятшавӣ дар макроорганизм. Барои лентивирусҳо инчунин, давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО – аз ҳама вируси омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад. ВНМО ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро (CD4+, лимфоситҳо, макрофагҳо ва ғайра) хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, вирус ба афзоиши фаъол шурӯъ мекунад, ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус «кор» мекунанд, бинобар ин дар шахсони сироятшуда тадриҷан (оҳиста-оҳиста) норасоии масуният инкишоф меёбад. Ин ҳолат ба ҳассосияти барзиёда нисбат ба силсилаи васеи сироятҳо ва бемориҳо оварда мерасонад, ки ба онҳо танҳо шахсони дорои масунияти солим муқовиматпазиранд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив