Табрикот барои зодурӯз


Якум вариант:
Боиси фараҳмандиву шодмонии ҳар яки мост, ки рӯзи барои Шумои азиз мубораку фирӯз - ҷашни 65-солагиатон фаро мерасад. Ба ин муносибат дар ин рӯзҳои пурфайзу пурнишот муборакбодии гарму самими моро қабул фармоед.
Боиси ифтихор аст, ки Шумо коммунисти асил бо кору пайкор байни ҳамдиёрон ҳамчун шахсияти шарафманд маъруф гардидаед. Хизмати шоистаатон дар вазифањои масъули соҳаи маориф, иттифоқҳои касаба, мақомоти ҳизбию давлатӣ ва ғайра, ки барои ҳамагон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошед.
Бигзор ҳамеша бардаму соли, хушбахту некрӯз бимонед ва ҳамроҳи мо бошед. 

Дуюм вариант:
Бар ҳастии ту сафо таманно дорем,
Бар пайкари ту бақо таманно дорем.
Сад соли дигар, ва ҳазор соли дигар,
Фархундагии туро таманно дорем.

Муҳтарам (Ному насаб)
Иxозат фармоед Шумои азизу гиромиро бо лаҳзаҳои гуворои ҳаёт - ҷашни мавлуди фархундаатон аз сидқи дил самимона муборакбод намоем.
Бигзор, ба бахти мо Шумо ҳамеша сиҳату сарбаланд ва комёбу саодатманд бошед.

Сеюм вариант:
Ё раб, камоли офиятат бардавом бод,
Иқболу давлату шарафат мустадом бод.
Солу маҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр
Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод.

Муҳтарам (Ному насаб)
Иҷозат фармоед Шумои азизу гиромиро бо лаҳзаҳои гуворои ҳаёт - ҷашни мавлуди фархундаатон аз номи кулли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри --- сидқан ва самиман муборакбод намоем.
Бигзор, ҳамеша сиҳату сарбаланд ва комёбу саодатманд бошед. Дар иҷрои вазифаи пурмасъулият тавфиқу барор ёратон бод.

Чорум варинант:
Намехоҳем сарат хамгашта бошад, 
Намехоҳем дилат ғамгашта бошад. 
Фақат хоҳем дар ин дунёи равшан, 
Дилат шоду лабат пурханда бошад.

Муҳтарам (Ному насаб)
Шумои гиромиро ба муносибати ҳуҷастарӯзатон самимона шодбош гуфта, аз даргоҳи илоҳӣ умри дарози саъдиёна, бахти баланди боқиёна ва қувваи рустамонаро таманно менамоем.
Хоҳони онем, ки доимо чун ситораҳои осмон хушнуд ва муваффақу комгор бошеду пирӯзиҳо ёратон бод.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив