Касали қанд ин як намуди бемории инсон ва як гурӯҳ ҳавонот буда ба оилаи бемориҳои эндокрини дохил аст. Номи бемории қанд аз худи қанд гирифта шуда маънои зиёд шудани меъёри қанд дар хуни ҷони зинда мебошад. Касали қанд аз сабаби ба меъёри кофӣ ҷудо нашудани инсулин дар шикам барои коркарди қанд дар таркиби хун пайдо мешавад.
Яъне дар бадани инсон ё ҷонвар зиёда аз 50 намуди гормон барои коркарди хуни одам ҷудо мешавад, ки як намуди ин гормон инсулин аст ва ҳангоми ба қадри кофӣ набудани ин гормон коркарди қанд дар бадан ба танзим дароварда намешавад, ки дар оқибат ба беморӣ яъне фалаҷ шудани тамоми бадан (пусидани дасту, пой ва дилхоҳ қисмати ҷисми зинда) оварда мерасонад.
Диабети қанд (лот. diabetes mellītus) — бемории муттасиле, ки ба он баландшавии сатҳи қанди хун бар асари норасоии инсулин (гормони ғадуди зери меъда) хос аст.
• диабети қанди навъи 1 - беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва дар натиҷаи ин ба бадани бемор доруи инсулин гузарондан лозим меояд;
• диабети қанди навъи 2 - беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд ё бо таъиноти духтур ба баданаш доруи инсулин гузаронад;
• осеби диабети қанд – осеби рагҳои хунгузари шахсони мубталои диабети қанд, ки дар асари он шабакияи чашм аз ҳам рехта, беморро нобино мегардонад (ретинопатияи диабети қанд); ба гурдаҳо таъсир гузошта, боиси хурӯҷи заъфи гурдаҳо мешавад (нефропатияи диабети қанд ); аз он пойҳои бемор дардманд гашта, захмҳои трофикӣ пайдо шуда, ба паҳншавии фасод ва маъюбӣ расонда, буридани пойҳои ӯро ноилоҷ мегардонад (бемории пошнаи диабети қанд ) ва ғайра;
воситаҳои худназораткунӣ - тасмаи ташхисӣ ва асбобҳое (глюкометрҳое), ки имконият медиҳанд беморон мустақилона дараҷаи глюкозаи хунро муайян намоянд.
Диабети қанд
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
- Азнавсозӣ дар Тоҷикистон
Комментарии (0)