Қаҳрамонии Темурмалик


Нақшаи кор:

  1. Сарсухан
  2. Қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд
  3. Темурмалик дар наздикии шаҳри ҷанд
  4. Темурмалик дар Хоразм

Он қисмати лашкари муғул, ки барои забт кардани Хуҷанд фиристода шуда буд, агарчи муддати зиёде ин шаҳри қадими тоҷиконро ба муҳосира гирифт, вале дар ишғоли он муваффақияте ба даст оварда натавонист. Аз ин ҷиҳат пас аз мағлубияти Бухоро ва Самарқанд як гурӯҳи калони аскарони муғул ба ёрии муҳосиракунандагони Хуҷанд омаданд ва, ба ин тариқа, дар атрофи шаҳр даҳҳо ҳазор нафар аскарони чингизӣ ҷамъ шуданд.

Кахрамонии Темурмалик - Реферат

Ба мудофиакунандагони шаҳр марди ҷасури ҷангӣ Темурмалик роҳбарӣ менамуд. Мудофиакунандагони шаҳр фақат он вақт ба тарк намудани Хуҷанд маҷбур гардиданд, ки дигар ба душман муқобилат кардан мумкин набуд. Онҳо ба ҷазирае, ки дар дарёи Сир воқеъ гардида буд (зоҳиран, як километр поинтар аз шаҳр) рафта истеҳком гирифтанд ва аз он ҷо муборизаи худро бар зидди истилогарон давом доданд.

Ин ҷазира барои мудофиа хеле муносиб буд. Вай дар ҷое воқеъ гардида буд, ки тирҳои душман аз соҳил рафта намерасид. ҳатто ба манҷаниқ ҳам имкони ҳуҷум кардан набуд. Вақте ки муғулҳо ба муқобили ин сангари мудофиакунандагони Хуҷанд чорае наёфтанд, ба ин фикр омаданд, ки бар рӯи оби дарёи Сир садде сохта ва ба ин васила худро ба ҷазира расонанд. Онҳо барои ин мақсад хеле асирони ҳарбиро водор намуданд, ки аз кӯҳ санг кашонида сад бисозанд. Аскарони Темурмалик барои бетаъсир кардани тири душман рӯи киштиҳои худро бо намад пӯшида, бо гил андова намуданд. Онҳо шабона ва субҳдам бо чунин киштиҳо ба соҳил наздик шуда, ба лашкари истилогарон ҳамла меоварданд ва садди ононро вайрон карда, пас мегаштанд.

Қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Онҳо бо вуҷуди хеле кам будани қувваи худ муборизаро ба муқобили қӯшуни пуршумори душман қатъ накарданд. Лекин вақте ки захираи хӯрокворӣ ба охир расид, Темурмалик маҷбур гардид ҷазираро тарк карда, аскарони зиндамондаи худро халос кунад. Ин буд, ки ӯ сарбозонашро ба киштиҳо савор карда, шабонгоҳ ба кӯмаки рӯшноии машъалҳо бо маҷрои дарё ҳаракат намуд. Истилокорони муғул ҳамчун каргасҳои гурусна аз паси киштиҳои Темурмалик метохтанд ва онҳоро ба зери борони тир мегирифтанд. Қаҳрамонони Хуҷанд ҳамлаҳои душманро рафъ намуда, роҳи пурхатари худро мепаймуданд. Бар тибқи ривояте, дастаи аскаронаи муғул аз онҳо пеш гузашта, аз ин лаб ба он лаби дарё занҷир кашиданд. Аммо Темурмалик ва сарбозони ӯ ин занҷирро пора намуда, барои убури киштиҳои худ роҳ кушоданд.

Темурмалик дар наздикии шаҳри Ҷанд бо қувваи бузурги ғосибони муғул, ки аз ду тараф соҳили дарёро иҳота карда буданд, дучор гардид. Муғулҳо киштиҳои манҷаниқдорро ба якдигар васл карда, пули мутаҳаррике ба вуҷуд оварданд ва, ба ин тариқа, роҳи киштиҳоро бастанд. Ба диловарони Хуҷанд лозим омад, ки аз киштӣ пиёда шуда, бо душман охирин дафъа ба ҷанг дароянд. Дар ин ҷанги ду қувваи нобаробар тақрибан ҳамаи сарбозони Темурмалик ҳалок гардиданд. Фақат худи Темурмалик муваффақ шуд, ки бо як дастаи хурде аз марг раҳоӣ ёфта, худро ба Хоразм бирасонад. Дар он ҷо бақияи қӯшуни торуморшудаи Хоразмшоҳ ҷамъ омада буд.

Темурмалик дар Хоразм тамоми мардони ҷангиро муттаҳид намуда, дубора бар зидди истилогарони муғул амалиёти ҳарбиро оғоз кард. Вай ба душман якчанд зарбаи сахт ворид оварда, ҳатто муваффақ гардид шаҳри Ёникент-ро, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои поёноби дарёи Сир буд, забт намояд. Лекин аз он ҷо, ки дар байни Темурмалик ва дигар сарлашкарони Хоразмшоҳ ваҳдат ва муносибати хуб мавҷуд набуд, ӯ ин муваффақиятҳои ҳарбии худро вусъат дода натавониста маҷбур шуд ба Хоразм баргардад.

Писари Муҳаммади Хоразмшоҳ — султон Ҷалолиддин ҳам ба муқобили қӯшуни Чингизхон муқовимати ҷиддӣ намуда, бо ҳамроҳии Темурмалик ба истилогарони муғул чандин зарбаи шадид расонид. Вале саранҷом худи ӯ низ дар муҳорибаи наздикии дарёи ҳинд дучори шикаст гардида, аз саҳнаи мубориза берун рафт.

Ташкили мудофиаи шаҳрҳо ҳангоми ҳуҷуми Чингизиён хеле бад буд. Фақат оммаи халқ шаҳру деҳаҳои худро фидокорона мудофиа мекарданд, дар ҳоле ки аъёну ашроф, амалдорон ва табақаи олии рӯҳониёни ислом барои ҳифзи ҳаёт, молу мулк ва ҷоҳу ҷалоли худ бо душман созиш менамуданд. Ин буд, ки Чингизхон бо қувваи камтар аз қувваи лашкари Хоразмшоҳ ба ғалабаҳои пай дар пай ноил мегардид.

Скачать реферат Кахрамонии Темурмалик: aramonii-temurmalik.docx


Комментарии (1)

    I am 2 ноября 2021 16:10

     xopoшый расcказ об Темурмалике

    Круто! Тимур герой! Мне очень понравилось!


Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив