Табрикот бо «Рӯзи муаллим»


Рузи муаллимон

Беҳтарин муаллимон бо қалбашон омӯзиш медиҳанд, на бо китоб. Тақдим ба қалби пурмеҳри Шумо Рӯзатон Муборак!

***

Ҷашн доард ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,
Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.
Пешгарду раҳнамою бофару заҳматқарин,
Ҳамчу ӯ воломақоме нест дар рӯи замин.
Садри мо аҳли маорифро намояд эҳтиром,
Пояи давлат бувад Омӯзгори некном.
Хонаободии мо – Омӯзгори пуршараф,
Заҳмати ӯ мерасонад одамиро бар ҳадаф.
Ҷашнатон бодо муборак, устодони азиз,
 Шодмон бошед доим , ғамгусорони азиз!

***

Муаллими гиромӣ аз ту ташаккур мекунам барои хидояти мо ва аз инки беҳтарин рохро барои сохтани имрӯзамон нишон додӣ. Туӣ, ки моро аз «ҳеч» ба «ҳама чиз» расондӣ.

***

Эй муаллим, чашмаи меҳру вафо,
Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.
Панди ту бошад ғизои маънавӣ,
Меҳри ту андар дили мо гашта ҷо.
Карди моро раҳнамун бар роҳи рост,
Каҷравӣ, – гуфти ба мо, – кори хатост.
Аз ту илми маърифат омӯхтем,
Ҳарфи ту барномаи рафтори мост.
Чун Падар ғамхор ҳастӣ баҳри ман.
Дар дили мо карди ҷо меҳри Ватан.
Доимо фархундаву болида бош,
 Эй муаллим роҳбари волосухан.

***

Беҳтар аз ҳазор рӯзи сахту кӯшишу мутолиа як рӯз будан бо як муаллим бузург аст. Муаллим Рӯзат Муборак!

***

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд неаст,
 Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

***

Эй ҷаҳоне дар ҷаҳони зиндагӣ,
Эй замину осмони зиндагӣ.
Эй вуҷудат махзани илму адаб,
Эй самои бекарони зиндагӣ.
Муғчаҳоро бо сухан во мекунӣ,
Сангҳоро дурру тилло мекунӣ.
Сад ниҳоли хуби ҳосилдорро,
Аз замини хушк пайдо мекунӣ.
Шахси бесарват вале доро туӣ,
Ҳокими ҳақпарвари дунё туӣ.
Дар ҷаҳони пурфиреби тезрав,
 Хоксору аз ҳама воло туӣ.

***

Муаллимро бахш кардам аввалаш муҳаббат охираш муҳаббат.
 Худо туро мехост ва интихоб ҳақи Худо буд. Донои Ишқ рӯзат муборак!

***

Муаллим роҳбари илми замон бошад,
Муаллим рӯҳбахши одамон бошад.
Кунад равшан ба мо имрӯз фардоро
Хабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад.
Кунад парвоз инсон дар само нотарс,
Муаллим дар замин чун нуқтадон бошад.
Расонад одамонро бар муроди хеш,
 Муаллим ҷумларо мақсадрасон бошад.

***

Сипосгузори муаллиме ҳастам, ки андешиданро ба ман омӯхт, на андешаҳоро

***

Аз падар гар қалбу тан ёфтем
Аз муаллим ҷони равшан ёфтем.
Эй муаллим чун кунам тавсифи ту,
 Чун Худо Мушкил тавон таърифи ту.

***

Омӯзиш ҳарфе аст, ки ҳарфҳои дигарро меомӯзад. Ва масъулияти ин бар уҳдаи муаллим аст. Рӯзат Муборак!

***

Як падар бахшандаи обу гил аст,
Як падар равшангари ҷону дил аст.
Лек агар пурси кадомин бартарин
Он кӣ дин омӯзаду илму якин
 Рӯзу ҳафтаи муаллим бар ҳамаи муаллимон муборак бод!

***

Дӯстӣ, Ҳидоят, Назм, Илм, Ишқ, Эътимод ва оромишро дар як шахс пайдо кардам. Ва ӯ касе нест чуз Шумо. Муаллим рӯзат муборак!

***

Агар дори ту ақлу донишу хуш,
Муаллим ҳарчӣ мегӯяд бикун гуш!
Муаллим чун падар воломаком аст
Муаллим ҳамчу модар хуш зи ҷон аст.
Муаллимро маранҷон ҳаргиз аз хеш,
 Мазан бо ҳарфи беҷо бар дилаш неш!

***

То Худо буду ҳаст, муллим будаву ҳаст ва ҳар рӯз, рӯзи муаллим аст. Муаллим ҳунар аст, Ишқ аст…. Осмони рӯзат муборак!

***

Чӣ касе ҳарду лабамро ба алиф боз намуд,
Чӣ касе ҷомаи тақво ба танам соз намуд.
Эй муаллим, ки туро дониши бисёре буд,
 Ҷони шогирд ба фидоят, ки сазовор буд.

***

Муаллими азиз аз Шумо Мамнунам чун аз мо чизе сохтед, ки имрӯз ҳастем шогирду дастбӯси Шумо.

***

Андешаам аз ту сабзу обод шуда
Аз ҷаҳлу ғам ин фитратам озод шуда.
Дар мактаби поку шодӣ устод бубин
 Ғам рафта зи ҷонаму дилам шод шуда.

***

Ҳадафи як муаллими расм тасвире аз оянда барои донишомӯз нест, балки роҳеро нишон хоҳад дод, ки донишомӯз тавонад расми тасвири ояндаи худро дошта бошад. Рӯзи муаллим муборак!

***

Дар мактаби ту ҳамеша шогирдам ман
Дур аз рӯҳи ту ҳамеша пурдардам ман
Дар фасли баҳори рӯзи устод бубин
 Бе нури муаллим инчунин зардам ман

***

Мумтозу намуна шудан барои яксол аст. Ва мондагор шудан барои як умр. Салом бар муаллиме, ки ҳар сол намуна асту як умр мондагор. Муаллими азизам рӯзат муборак, ки ҷаҳоне аз нурат муборак гаштааст.

***

Бо ин гаҷи ишқ тахтаи ҷонам зан
Хатте зи каломи худ ба имонам зан
Сад дарс дар ин синфи ту омӯхтам ман
 Як дарс зи ишқи ҷони вайронам.

***

Саломат гуфтам паёмам додӣ паёмат чароғи роҳи зиндагиям шуд ва маро ба сарзамини нуру огоҳи ҳидоят кардӣ. Эй оинаи тамомнамои ишқу муҳаббат ҳар рӯзат муборак бод.

***

Худои атласиҳо бо ту бошад,
Паноҳи бекасиҳо бо ту бошад.
Тамоми лахзаҳои хуби як умр,
Ба чуз дилвопасиҳо бо ту бошад.
 Муаллими азизам рӯзат муборак!

***

Муаллимӣ Шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст.
 Агар ба унвони шуғл интихобаш кардаӣ раҳояш кун ва агар ишқи туст муборак бод.

Ҷунбандагони замин, моҳиҳои дарёҳо ва ҳар кӯчаку бузурге дар замини Худову Осмони ӯ барои муаллими хубиҳо, истиғфор менамоянд. (Имом Содиқ)

***

Муаллимӣ, мӯҳре аст, ки аз рӯзи азал бо гили одами сиришта шуда, то мардум аз таълимоти ҷаҳл ба нури доноӣ раҳнамун шаванд.

Муаллим шамъ шуди шӯъла шуди сӯхтӣ,
То хунаратро ба ман омӯхтӣ
 «Муаллими азизам рӯзат муборак!»

Садҳо шохаҳои гули марям тақдими Шумо бошад, ки барои ман дар ҷаҳон беҳтарин ҳастед. Рӯзи муаллим муборак!

***

Нақши муаллим дар дилҳост дигаре ҷои ӯро намегирад,
 Он ки дилҳо ба ишқи ӯ зинда аст, дар дили ошиқон намемирад.

Муаллими хубам равзанаҳои равшание, ки дар зеҳнам боз карди ҳанӯз дунболи нур мегардад…. Рӯзат муборак!

***

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.
 (Эмомали Раҳмон)

***

Муаллим, то даме , ки зиндааст, мехонад: Ҳамин , ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад.
 (К. Д. Ушинский)

Агар дар ҷаҳон набвад Омузгор
Шавад тира аз бехирадон Рузгор.
 (Ҷомӣ)

Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар.
 (Халқ)

Ҳар кӣ номӯхт аз гузаши рӯзгор,
Низ номӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
 (Рӯдакӣ)

Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад.
 (Д. И. Менделеев)

Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳзам ҳам пеш намерафт.
 (А. С. Макаренко)

Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз Муаллимӣ нест.
 (Ҳусейн Мазоирӣ)

Идат муборак, устод,
Дилҳои мо аз ин шод.
Ҳақгӯю нуктасанҷӣ,
Монанди кони ганҷӣ.
Хирадманду накӯкор,
Раҳнамоӣ ба ҳар кор.
Ҳамнишини мардонӣ,
Марди фазлу эҳсонӣ.
Табиби ҷонбахш туӣ,
Устоди рӯҳбахш туӣ.
Табиати обу хок,
Хосили ангуру нок.
Меҳри гулу лола,
Чанори садсола,
Мурғакони сухангӯ,
Даррандаҳои ҷангҷӯ,
Донаҳои гуҳаррез,
Буттаҳои мушкбез –
Ҳама аз ту шунидам,
Дар кори ту бидидам.
Марди суханвар туӣ,
 Тиллову гавҳар туӣ.

 




Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив