Оре, зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад.
Такя бар вуҷуди ҷаҳону инсонофарини зан – модар такя бар Яздони пок аст. Зан ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги ӯ замину осмон, ҷаҳони ҷовидон ва хамаи ҳастии олам пур аз рози ниҳондошта, равшанию нур, хушию сурур ва ҳастии рӯҳу ҷон мегиранд. Ҳастии бузурги модар ҳамаи афзалиятҳои зиндагиро сабабгор аст.
Хуршед ниҳам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?
Модар, зи бузургӣ сару пои my нигин аст.
Бар гӯш расад аз my садое хушам он рӯз,
Эй хуш, бувад он рӯз садоят ба танин аст.
Зан Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад.
Зан Модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият бавоя расонидан ва баобрӯ гардиданаш кӯшиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад, модар мефахрад.
Даме, ки аввалин сухани бузург – «Модар»-ро ба забон меорад, модар бештар хушҳол гашга мефахрад, ки чун муъҷизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст.
Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар як хонадон қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳо сабабгори ҳамаи афзалиятҳои зиндагианд. Модарон қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд.
Занон модар дар қатори тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доранд. Онҳо, бахусус занони тоҷик дар соҳақои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият мекунанд. Дар қатори мардон истода, ба оила мададгор мегарданд. Зани тоҷик имрӯз ронанда, бофанда, пазанда, духтур, муҳандис, роҳбар, тоҷир аст:
Гаҳе бинам, ки чун тоҷир my дap бозор мегардӣ,
Гаҳе бинам ба беморе табибу ёр мегардӣ.
Гаҳе бинам, ки медӯзӣ ба тифлат ҷомаву дастор,
Гаҳе бинам ба ёрат мӯнису ғамхор мегардӣ.
Хулоса, азизон, волидон беҳтарин ганҷинаҳои ноёбу нотакроранд. Онҳо беҳтарин дороии ҳаётанд, ки барои ба дунё омадану ба камол расидани насли оянда хизмати арзанда доранд.
Намоед тоҷи cap, нуру басар модар – падарҳоро,
Ки аз хубони олам хубтар худ волидон бошанд.
Меҳри модарро ягон мавҷудоти дигар ки моро ҳастию ҷон бахшидаанд ҷойгир буда наметавонад:
Он ҷо кu туӣ модар, он ҷой гулистон аст,
Он ҷо ки набошӣ my, як манзили вайрон аст.
Аз меҳри шарарборат, равшан шавад ин олам,
Дурию фироқи my, сӯзест, ки дap ҷон аст.
Зеро ӯ худ мабдаи меҳр асту орзуву ормон. Зеро ӯ ободгару рӯҳбахши ҳаёт аст. Ҳар ҷо ки ӯст, аз он ҷо бӯи гулу гиёҳ меояд. Ин маъниро басе хуб баён намудаанд.
Комментарии (0)