Хусусиятҳои муаллим


Хусусиятхои муаллимТамоми донишмандони соҳаи тарбия иттифоқи назар доранд, ки шоҳсутуни амали таълимӣ ва тарбиявӣ омӯзгор ба ҳисоб меравад. Сирри  муваффақият ба ҳама маъно дар шахсияти омӯзгор нуҳуфта аст. Аз ин нуқтаи назар бояд муаллим ва мураббӣ аз нигоҳи хусусиятҳои шахсӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ комилан омода бошад, то ба ин восита вазифаи пурмасъулияти худро ба таври аҳсан иҷро намояд.

Шайхурраис Ибни Сино вобаста ба ин масъала чунин мегӯяд: “Тарбиякунандаи кӯдак бояд дорои сифоти зерин бошад: оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат”.

Мутахассисони соҳа маҷмӯъае аз хусусиятҳои касби омӯзгориро зикр кардаанд, ки мавҷудияти он барои ҳар муаллим ва мураббӣ лозим ва зарурӣ шуморида мешавад.

Якум: хусусиятҳои ҷисмӣ

Хусусияти ҷисмии омӯзгор ба се нуктаи асосии зерин ҷудо мешавад:

  • 1.     Комилан солим бошад, то тавонад бо муваффақияти комил вазифаи касби омӯзгориро ба анҷом расонад
  • 2.     Аз айбҳои чашмрас ва ошкор, монанди коҷчашм, лакнати забон ва ғайра, солим бошад. Зеро дар сурати мавҷудияти айбҳои зикргашта омӯзгор мавриди таҳқир ва масхараи талабагон қарор мегирад. Билохира, дар адои вазифаи омӯзгорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин сабаб аслан бояд устод тандуруст ва солим бошад.
  • 3.     Омӯзгор бояд нисбат ба сару либос ва сурати худ диққати ҷиддӣ зоҳир намояд. Бо сурати муносиб ва сару либоси тозаву озода ба дарсгоҳ ҳозир шавад, зеро талабагон одатан омӯзгорро барои худ идеал мешуморанд.

Дуюм: хусуиятҳои ақлӣ ва илмӣ

Бузургтарин ҳиссаи муваффақияти омӯзгор ба заковат, ҳозирҷавобӣ ва жарнигарии ӯ вобаста аст. Муаллим бояд мулоҳизакор ва нозукбин буда барои муноқиша ва қаноатманд кардани талабагон қудрат дошта бошад.

Зери мафҳуми хусусиятҳои ақлӣ ва илмии муаллим ва мураббӣ нуктаҳои зерин дохил мешавад:

  • 1.     Заковат. Омӯзгор дар тамоми мароҳили таълим бояд соҳиби заковати баланд бошад, то ин ки барои расонидани маълумот ба зеҳни шогирдон аз беҳтарин ва саҳлтарин метод истифода намояд. Бо ин амал ӯ дар назди талабагон соҳиби эҳтироми фавқулодда мегардад ва шахсан худи омӯзгор дар баробари пурсиши талабагон оҷиз намемонад ва эҳсоси шармсорӣ намекунад. Инчунин талабагон бо истифода аз заковати устод маводи таълимиро ба хубӣ аз худ мекунанд.
  • 2.     Омӯзгор бояд нисбати фанне, ки ба талабагон таълим медиҳад огоҳии комил дошта бошад. Инчунин дар раванди таълим аз методҳои ҷадиди таълимӣ ба таври фаровон истифода намояд. Зеро методикаи таълим барои хидмати маводи дарсӣ ба вуҷуд омада аст.
  • 3.     Омӯзгори муваффақ ва боҳуш як-як шогирдонашро меомӯзад. Ҳолати равонӣ, ақлӣ, майлу рағбат ва истеъдоду қудрати онҳоро ба хубӣ аз худ мекунад. Бо ин васила тарзи таомулро бо онҳо омӯхта рисолати омӯзгории худро ба таври бояду шояд ба анҷом мерасонад.
  • 4.     Бояд омӯзгор аз соҳаи Педагогикаи синну солӣ огоҳ бошад, то талабагонро вобаста ба синну сол ва мароҳили омӯзиш таълим диҳад. Ин амал дар сурате имконпазир мегардад, ки муаллим аз тамоми роҳу усули таълиму тарбия бохабар бошад. Дар баробари ин устод доим кӯшиш ба харҷ диҳад, то маълумоти худро дар робита ба фанне, ки дарс медиҳад боло барад. Зеро Худованд ба Паёмбараш таълим додааст, ки чунин дуо кунад: “Ва бигӯ: “Худоё, илми маро бештар гардон””. Сураи Тоҳо, ояи 114

Сеюм: хусусиятҳои ахлоқӣ

Шубҳае нест, ки шахсияти омӯзгор дар ақлу равони талабагон таъсири ниҳоят бузург мерасонад. Зеро онҳо зери таъсири шакли зоҳирӣ, ҳаракат, ишора, гуфтор ва ахлоқи ӯ қарор мегиранд. Шояд беҳтарин сухан дар робита ба ин мавзӯъ он ривояте аст, ки Ҷоҳиз аз каломи Уқба ибни Абӯсуфён ривоят карда аст.  Уқба ибни Абӯсуфён ба мурабии писараш чунин гуфта аст: “Якумин ислоҳоте, ки ту нисбат ба фарзандони ман роҳандозӣ мекунӣ бояд ислоҳи худат бошад. Аввал худро ислоҳ кун, зеро чашми онҳо танҳо аъмоли туро мебинад. Дар назари онҳо хубӣ ҳамон аст, ки ту онро хуб мепиндорӣ ва амали зишт он аст, ки ту онро қабеҳ донӣ”.

Омӯзгор барои касби ахлоқи нек ниёзманд аст, зеро ӯ барои талабагон намунаи ибрат шуморида мешавад. Шогирдон ба ӯ пайравӣ мекунанд. Аз нигоҳи равонӣ, фаъолтарин омили таъсиррасон барои шогирдон ин омӯзгор ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар касби омӯзгорӣ низ аз соҳибаш ин сифоти ҳамидаро тақозо мекунад, то устод дар амали худ муваффақ гардад.

Муҳимтарин сифоте, ки мавҷудияти он барои муаллим зарурӣ ҳисобида мешавад, ба таври зерин аст:

  • 1.     Омӯзгор бояд ба андозаи лозимӣ аз фанни ахлоқ, сиёсат, ҷомеашиносӣ ва  иқтисод бохабар бошад. Чунки ӯ барои ҷомеа хидмат мекунад ва талабагонро ҳамчун узви фаъол ва судманд барои ҷомеа ба воя мерасонад. Барои омӯзгор бидуни огоҳӣ аз вазъи иқтисодӣ, ҳолати иҷтимоӣ, сиёсӣ ва арзишҳои ахлоқии ҷомеа адо намудани рисолати устодӣ имконнопазир аст. Ӯ бояд аз тамоми ин улум огоҳ бошад, то дар раванди амали таълимӣ ва тарбиявӣ тамоми ин ҷонибҳоро ба инобат гирад.
  • 2.     Омӯзгор бояд нисбат ба талабагони худ мушфиқу меҳрубон ва дилсӯз бошад. То бо ин роҳ дили шогирдонашро ба асорат гирад. Набояд сангдил ва сахтгир бошад, ки талабагон аз ӯ нафрат дошта бошанд. Зеро ин амал ба он оварда мерасонад, ки ӯ дар миёни талабагон эҳтиромро аз даст медиҳад ва шогирдон нисбати ӯ нобовар мегарданд. Риояи низом аз ҷониби талабагон танҳо болои эҳтиром ва итоат асос ёфта аст на болои сахтгириҳои бемаҳалли омӯзгор.

Худованд роҷеъ ба ин мавзӯъ дар Қуръони карим чунин гуфта аст: “…Ва агар ту (хитоб ба Паёмбар (с)) тундхӯ ва сангдил мебудӣ, онҳо (саҳобагон) аз атрофат пароканда мешуданд”. Сураи Оли Имрон, ояи 159

Қобили зикр аст, ки набояд устод бештар аз ҳадди лозим нармхӯ бошад, зеро баъзан шояд талабагон аз ин рафтори ӯ сӯистифода намоянд, балки омӯзгор ин гуфтаи ҳакими сухан ва муаллими тарбия, Саъдии шерозиро барои худ шиор қарор диҳад: “Дуруштиву нармӣ ба ҳам дар беҳ аст”!

  • 1.     Устод доим аз сифоти ҳикмат, зиракӣ ва ҷиддият бояд истифода барад. Дар чунин сурат онҳо эҳсос мекунанд, ки ба омӯзгор ниёз доранд ва ҳатман барои рафъи мушкилоти худ ба назди устодашон ҳозир мешаванд. Ҷиддияти устод дар қалби талабагон ниҳоли эҳтиромро нисбат ба тамоми амалкарди ӯ месабзонад. Ҷиддият ба он маъно аст, ки ӯ бояд дар ҳар коре, ки азм кард онро ба субут расонад ва барои иҷрои он чандфикра намшавад. Вобаста ба алоқаи устоду шогирд баъзе аз донишмандон чунин гуфтаанд: “Иртиботи устоду шогирд пеш аз ҳама монанди алоқаи бародари бузург бо додаракони хурдӣ ва дӯстона аст. Соати дарсӣ танҳо барои бохабар шудан аз мушкилоти шогирдон ва роҳи ҳал пайдо кардан барои он мебошад”.
  • 2.     Дар адои рисолати омӯзгорӣ ихлоси комил дошта бошад. Ӯ бояд мақоми рисолати омӯзгориро ба инобат гирад. Аз ин нуқтаи назар бояд барои адои ин масъулият амин ва боихлос бошад. Аз худ садоқат нишон диҳад ва маълумоти муфидро барои талабагон интиқол дода аз маълумоти зараровар худдорӣ намояд. Олими ҳақиқӣ касе аст, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму маърифат камар баста худро аз саффи талабагон боло намедонад. Вақти шогирдон ба назар гирифта шавад  ва набояд фаромӯш кард, ки омили асосӣ дар рӯ овардани талабагон ба илм вобаста ба ихлоси омӯзгор аст.

Хусусиятҳои касбии омӯзгор

  • 1.     Эҳтироми одоб ва қонуниятҳои касби омӯзгорӣ
  • 2.     Омӯзиши мавод вобаста ба одобу ахлоқи омӯзгорӣ
  • 3.     Доим дар фикри он бошад, ки маҳорати касбии худро инкишоф диҳад.

Ин сифат аз роҳи иттилооти бештар ҳосил кардан ва рӯз ба рӯз ба касби интихобкардаи худ ҳусни тоза бахшидан ба даст меояд.

-Бо муҳити муассисаи таълимие, ки дар он фаъолият дорад бояд иртиботи доимӣ дошта бошад.

Ин хусусият чунин нуктаҳоро дар бар мегирад:

-Бо иштирок дар муносибатҳои динӣ ва миллӣ барои баланд бардоштани сатҳи шуурнокии шаҳрвандон ва донишҷӯён маърӯзахонӣ кунад,

-Дар муассисаи таълимие, ки фаъолият дорад бо раёсати он доим дар тамос бошад ва кӯшиш кунад, то миёни раёсат ва муҳити он муассисаи таълимӣ алоқаи доимӣ барпо гардад,

-Ба қадри тавон роҳбарияти он муассисаро барои инкишофи сатҳи маърифатии талабагон аз нигоҳи касбӣ ва илмӣ роҳнамоӣ намояд,

-Бояд барои ҳалли мушкилот дар тамоми эҳтиёҷоти муҳити талабагон ширкат намуда бо онҳо ҳамкории доимӣ дошта бошад,

-Барои намоиш додани ахлоқи каримона бояд намунаи ибрат бошад ва аз маконҳои шубҳаангез парҳез намояд,

-Бо мудирияти он муассисаи таълимӣ барои боз ҳам равнақ додани ҷиҳатҳои таълиму тарбия ҳамкорӣ дошта бошад.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив