Технологияи муосир самарабахш аст


Технологияи итилоотиАсри 21, ки асри технология аст, ҳамаи омўзгоронро водор месозад, ки дар ҷараёни ҳар як дарс технологияи навро истифода баранд. Вале барои ноил шудан ба сифати баланди таълим шароити мусоид фароҳам овардан лозим аст. Яке аз он шароити мусоид дар замони нав технологияи иттилоотӣ мебошад. Бе техника ва технологияи иттилоотӣ ҷамъият тараққӣ карда наметавонад. Донишҳое, ки хонандагон тавассути технологияи иттилоотӣ махсусан, аз шабакаи Интернет мегиранд, барои ҷаҳонбинии хонандагон нақши муҳим мебозанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз соли 2010 сар карда бори аввал ба воситаи Интернет Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи фосилавии хонандагонро аз фанҳои таълимӣ гузаронид. Ин иқдом робитаи хонандагонро бо технологияи иттилоотӣ барқарору мустаҳкам кард ва ҳавасмандии онҳоро бо техникаю технологияи навин, инчунин фанҳои таълимӣ бештар гардонд. Олимпиадаи фосилавӣ нишон дод, ки хонандагон метавонанд дониши худро дар сатхи ҷаҳонӣ бисанҷанд.

Хонандагони мо низ дар ин олимпиада фаъолияти хуб нишон дода тавонистанд ва як нафар хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 40-и ноҳия Фарзонаи Абдуҷалил дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия аз фанни химия сазовори ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло гардид.

Технологияи иттилоотӣ ҳамчун маводи ёрирасон дар азхуд намудани мавзўи нав барои омўзгорон хеле муфид аст, махсусан, барои муаллимони фанни биология. Тавассути технологияи иттилоотӣ метавон хонандагонро бо мавҷудоти зиндаи табиат ошно сохт.

Технологияи иттилоотӣ дар ҳамбастагӣ бо методҳои маъмулии таълим имкон медиҳад, ки омўзгор маҳорати тадқиқотиву малакаи эҷодиро дар ниҳоди хонандагон бедор намояд ва муҳити солими психологиро таъмин созад.

Лекин бояд фаромўш насозем, ки технологияи иттилоотӣ омўзгор ва китобро пурра иваз карда наметавонад ва аз ин лиҳоз истифодаи технологияи иттилоотӣ дар якҷоягӣ бо усулҳои нави таълим ба манфиати кор аст.

Дар доираи гузаштан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ бояд хонандагон аз технологияи навин комилан огоҳ бошанд, то бо боварӣ гуфта тавонем, ки насли тарбиянамудаи мо дар пешрафти ҷамъият саҳми босазо гузошта метавонад.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив