Лафзи модарӣ муқаддас аст,
Онро азизу гиромӣ бояд дошт.
Аз рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 5 октябри соли 2010 як сол пур мешавад.
Забони давлатӣ бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояи давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ Шуморо самимона табрик гуфта, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам вобаста ба татбиқи ин санади муҳим ва вазъи рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлолият чанд нуктаро ба таври мухтасар иброз намоям. Пеш аз ҳама, мехоҳам як масъаларо таъкид намоям, ки он бо рисолати таърихӣ ва аҳамияти иҷтимоии забони модарӣ вобаста аст. Бо гузашти бист сол мо амиқан дарк намудем, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии муттаҳидкунанда ва пайвандгари миллат мебошад. Ва имрӯз бо шукронаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар иброз медорем, ки аз баракати он барои рушди такомули арзишҳои асили маънавӣ ва анъанаву суннатҳои неки мардуми тоҷик заминаи мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фароҳам оварда шуд.
Дар раванди ташаккул ва рушди забони муосири тоҷикӣ боз ҳам ба шарофати соҳибихтиёрии давлатамон осори гузаштаи хаттӣ ва дигар захираҳои маънавии халқамон, ки ҳамеша аз ҷумлаи сарчашмаҳои шодоби он мебошанд, ба таври бесобиқа мавриди истифодаи соҳибзабонон ва бахусус мутахассисон қарор гирифтанд. Ин раванди бешубҳа мусбат якҷо бо масъулияти бузурге, ки аҳли илму адаби тоҷик ва умуман афроди бедордил дар баробари забони миллӣ ба дӯш доранд, барои густариш пайдо кардани забони давлатӣ ва таҳкими мақому мартабаи он дар ҷомеа нақши бисёр муҳим бозид. Албатта, ин нуктаро низ бояд гуфт, ки дар ин давра вобаста ба истифодаи забони давлатӣ дар умури коргузорӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мушкилоти зиёде вуҷуд доштанд, ки аксари онҳо тадриҷан дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати кишвар бартараф карда шуданд ва дар бобати ҳалли масъалаҳои дигар кор идома дорад.
Ҳоло дар кишвари мо барои рушди забони давлатӣ ва тавсеаи мақоми он тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, яъне забони тоҷикӣ, ки ба он тибқи Конститутсия мақоми давлатӣ дода шудааст, таҳти ҳимояи доимии давлат қарор дорад.
Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад. Илова бар ин, дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, мақомоти судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва умуман дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ мебошад. Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад.
Ҳамчунин собиқаи таърихии забони тоҷикӣ аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз гувоҳи он аст, ки ин лаҳни шево ва забони ширину шоирона дар ҷаҳон ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанги воло шӯҳрат дорад. Барои ба ин шӯҳрату мартаба расидани он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Абӯрайхони Берунӣ, Умари Хайём, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Бедилу Аҳмади Дониш ва ҳозорон нафари дигар хизмати таърихӣ карда, бо осори ҷовидона ва пурарзиши адибиву илмии худ тавоноии ин забони шаҳдборро ба ҷаҳониён исбот намудаанд. Забони мо дар тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст. Инчунин забони тоҷикӣ ҳамчун забони тарҷумаву тафсири китоби муқаддаси мо, мусулмонон – Қуръони карим пазируфта шудааст, ки ин худ далели шинохт, эътироф ва мартабаи бузурги он дар ҷаҳони ислом мебошад. Дар бобати ин, мо бояд кӯшиш намоем, ки дар давраи пешрафту таҳаввуллоти босуръати техникӣ ва технологӣ забони мо дигаргуниҳои ҷаҳони муосирро фаро гирифта, онҳоро бо дарназардошти табиат ва имкониятҳои худ дарҷ ва ҳазм карда тавонад.
Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар ин самт рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион ва дигар воситаҳои иттилоотӣ бояд нақши бузург дошта бошанд. Ташкили барномаҳои махсуси ҷолиб тавассути шабакаҳои радиову телевизиони марказӣ ва маҳаллӣ роҷеъ ба забони тоҷикӣ, тарғибу ташвиқи асолати он ва танзими фаъолияти воситаҳои таблиғоти иттилоот бо забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини рӯз мебошанд. Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем. Интихоб, танзим ва истифодаи истилоҳу мафҳумҳои нави ҷаҳонӣ дар тамоми бахшҳои ҳаётӣ ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки онро бояд мутахассисони варзида бо масъулияти тамом ба дӯш дошта бошанд. Дар хотир бояд дошт, ки барои тақвияти истиқлоли фарҳанги миллӣ, пеш аз ҳама, пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст. Ҳамчунин хотирнишон бояд кард, ки илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Чунки маҳз забони давлатӣ дастовардҳо ва ҳастии моддиву маънавии мардуми кишвари моро дар дохил ва хориҷи он муаррифӣ менамояд.
Ба ин далел метавон гуфт, ки забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Бузургии милатро пеш аз ҳама аз он эҳсос кардан мумкин аст, ки афроди он забони миллии худро то чӣ андоза ҳифзу эҳтиром менамоянд. Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва ҳар як шахсе, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони модари худ дӯст медорад, бояд ин нуктаро бо тамоми ҳастиаш дарк карда, аз рӯйи он амал намояд. Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ, ки бо шеъри қофиласолори шеъри Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз мегардад ва маҳз таваассути он меҳру муҳаббати модар дар қалбҳои мо ҷой мегирад, бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд. Вазифаи наслҳои имрӯза аз он иборат аст, ки ба фарзандони худ ва умуман ба ҷавонон ва насли наврас як масъаларо ҳамеша таъкид ва талқин намоем: забони модарӣ мисли неъматҳои худододи Модар, Ватан ва Истиқлолият арзиши ҷовидонӣ мебошад ва чун гавҳари бебаҳо эҳтиёт кардани он қарзи ҳар кадоми мост. Барои он, ки номи миллат дар саҳифаҳои таърихи башарӣ ҷовидон бошад, миллат бояд чароғи роҳнамои худшиносиву худафрӯзии худ, яъне забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ва равону ширин ба мерос гузорад. Дар охир ҳамаи шуморо бо Рӯзи забон, ки барои ҳар яки мо бисёр азизу гиромӣ аст, бори дигар табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик хушбахтиву некрӯзӣ ва саодати рӯзгору барори кор орзу менамоям. Ташаккур!
Комментарии (0)