Барандаи 1 1.
Салом аз ҷониби мо ҷумла ёронро салом
Ҳар кӣ моро дӯст дорад дӯстдоронро салом
Ҳар кадоме пеш гӯяд, эй сарбозон зинда бош,
Бар калонон бандаему ҷумла ёронро салом
Салому дуруди моро бипазиред, омӯзгорон ва ҳозирини гиромӣ. Ҷамъ омадани яко яки мову шумо дар саҳна бе сабаб нест. Мо имрӯз ҷамъ омадем, то рӯи саиду фархунда – 23 солагии «Рӯзи артиши миллӣ» – ро ҷашн гирем.
Парчами миллӣ бароварда шавад.
3. Ай ҳамватанон зи хоб бедор шавед В-аз мастии кибру ноз хушёр шавед.
5. Хонандагон ба саҳна даъват карда шаванд.
7. Ватан обу хоку ҳавоям туӣ
Ватан чун шиору ливоям туӣ
Чу модар бузургу азизу қарин
Ватан ҳарфи поки садоям туӣ
9. Шеъри ҳифзи Ватан (Суруди садоқат) дар иҷрои хонандагон.
11. Шеъри Ватан дар иҷрои ____________
13. Хидмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба ватан аст, аммо на ҳар кас ба ватани худ содиқона хидмат мекунад, нафароне ҳастанд хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хидмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст.
16. Зинда бодо миллати маҳбуби ман
Халқи меҳан дар вуҷудам, ҷони ман
Бо ту ҳастам сарбаланду бе ту ҳеҷ
Дар само бошӣ ҳамеша эй Ватан
18. Далери кун, ки майдон аз далер аст
Агар рӯбоҳ далер афтад шер аст.
Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад, барои он ки ҳар кас ҳам сарбоз шуда наметавонад. Ба сарбоз 3 чизи аз ҳама муқаддасро бовар карда вазифадор мекунанд.
1) Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан.
2) Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан.
3) Дар ҷахон сулҳро пойдор намудан.
20. Ба қонуни ҳақиқат месароям то забон дорам,
Ба зидди душманон мебароям то ки ҷон дорам.
Ватан дорад чунин конун ки бой фахрхо дорад,
Ҳаме гӯяд, ки қонуни ягона дар ҷахон дорад.
22. Шукӯҳу шаҳри мо аз ту дигар шуд,
Фили хомӯши мо аз ту дигар шуд.
Фишори абри ғусса рафт бар бод,
Ба шоми чеҳраи гулҳо саҳар шуд.
26. Ватан обод гардад чун ба роҳаш, Вафодорӣ ба ному нанг бошем.
27. Суруди навбати дар иҷрои __________________
28. Бо ҳамин барномаи имрӯзаамонро, ки бахшида ба 23-солагии «Рӯзи Артиши Миллӣ» буд ҳусни анҷом мебахшем, бори дигар ҳамаи шумоёнро ба «Рӯзи Артиши Миллӣ» табрику муборакбод мегӯем. Бигзор сулҳу субот сарзамини моро ҳукмфармо бошад.
Барандаи 2 2.
Эй дӯстони меҳрубон меҳроварон хуш омадед,
Иззатшиносу қадрдон соҳибдилон хуш омадед.
Шодем аз дидори дӯст аз лутфу аз гуфтори дӯст,
Дар маҳфили гулбоғи дӯст ай гулрухон хуш омадед.
23-юми феврал тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
4. Аз ғафлуту аз нифоқ дурӣ ҷӯед,
Дар ҳифзи Ватан ба ҳамдигар ёр шавед.
6. Суруди миллӣ садо дода шавад.
8. Тоҷикистони азизам, гулшани зебои ман,
Меҳри ту бошад ҳамеша дар дилу маъвои ман
Сар ба саҷда мегузорам ман ба номат эй Ватан
Аз барои ҳифзи ҳар як буттаю хорат Ватан.
10. Чихеле, ки ба мо маълум аст бузургии ҳар як давлат ба ҳастии армия (сарбози Ватан) яъне артиш хос аст ва артиши миллии худро дорост. Вазифаи ҳар як сарбоз марзҳои худ ва сарҳадашро посбонӣ намудан аст.
12. Ватан олами бегазандам туӣ
Ватан риштаву тору бандам туӣ
Ватан кишвари дилписандам туӣ
Ватан тоҷу тахти баландам туӣ
14. Маълумотҳо дар бораи Артиши миллӣ бо забонхои тоҷики, рӯсӣ ва англисӣ марҳамат.
15. Мабодо дурудам зи ҳарфат ҷудо
Навову сурудам зи ҳарфат ҷудо
Ватан аз ту гирад забон ибтидо
Нигоҳу вуҷудам ба ишқат фидо
17. Рақси якка дар иҷрои __________.
19. Шеър дар иҷрои _______________.
Давоме зи насли каёнат манам,
Зи бози Рустами тавонат манам.
Зи Сомонтабори нишонат манам.
Ватан, эй Ватан, эй Ватан
21. Саҳначаи навбатӣ дар иҷрои хонандагон.
23. Ватан чӣ гуна калимаи гуворост, сода, дилнишин ва равон, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дар он нуҳуфта аст. Болу пари инсон, сарфарозиву сарбаландии инсон, бахту иқбол ва умеду орзуи инсон аст. Ватан – лаби хандон, дидаи гирён, қуввати ҷон, имону виҷдони инсон аст.
24. Шеъри Ватан дар иҷрои ________ марҳамат.
25. Биёед эй азизон ҷамъ бошем
Барои якдигар чун шамъ бошем.
27. Парчами миллӣ дароварда шавад. Суруд дар иҷрои _______________
Комментарии (0)