Баранда 1:
Ай офтоби тобон, бишнав саломи моро.
Эй ғунчаи шукфон, бишнав саломи моро.
Аз қуллаи Бадахшон то соҳили Зарафшон,
Эй халқи Тоҷикистон, бишнав саломи моро.
Салому дуруд ба ҳамаи шумо ҳозирини гиромӣ, устодони арҷманд ва хонандагони азиз. Инак гузашти айём рафтуои беисти рӯзу шаб моро ба остонаи баргузории яке аз ҷашнҳои хеле зебову пурфайз «Тирамоҳи заррин» ё худ ҷашни аҷдодии “Меҳргон” дар ин ҷо ҷамъ овард.
Баранда 2: Иди «Меҳргон» яке аз қадимтарин ва пурфайзтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, рамзи поктинатӣ ва омодагӣ ба фасли дай мебошад. Дар бораи ин ҷашни бошукӯҳ одамушшуаро Рӯдакӣ чунин мегӯяд:
Малико, ҷашни меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷойи савсан омад боз,
Май ба ҷойи арғавон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.
Баранда 1: Ин ид таърихи беш аз ҳазорсола дошта, дар сарзаминҳои форснишин ҷашн гирифта мешуд. Аҷдодони баруманди мо ҳангоми баргузории ин ид либоси идона ба бар намуда, якдигарро шодбош мегуфтанд ва барои ҳам саломатию бурдборӣ таманно менамуданд.
Баранда 2: Хушбахтона ин ҷашни аҷдодӣ дар литсейи мо аз мади назар дрр намонда, ҳамасола ба тантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ ҷашни Меҳргон дар литсей бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда хоҳад шуд.
Баранда 1: Биёед нахуст қироати шеърҳоро дар васфи «Тирамоҳи заррин» ва иди Меҳргон бо ҳам мешунавем.
Баранда 2: Ҳозирини муҳтарам, таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони шарафманди мо иди Меҳргонро бо хушию хурсандӣ ва шеъру рақсу суруд пешвоз мегирифтанд, пас ин анъанаи неки ниёгонамонро идома дод, рақси зебоеро дар иҷрои хонандагони синфи 7 «В» тамошо мекунем.
Баранда 1: Чистон яке аз жанрҳои адабии қадимтарини мардуми адабиётдӯсти тоҷик ба ҳисоб рафта, решаи ин навъи эҷод аз тӯли қарнҳо об мехӯрад. Ҳоло чистону муаммоҳо пешкаши шумо мегардад, пас дар посухи дуруст додан фаъол бошед. (Хонандагон аз ҳар синф чистонҳо мегӯянд)
Баранда 2: Хонандагони синфи 8 «Г» ва 6 «В» дар васфи тирамоҳ бо забони русӣ шеърҳо мехонанд, пазиро бошед.
Баранда 1: Биёед бо ҳам саҳначаи тарбиявиро дар иҷрои хонандагони синфи 7 «Ғ» тамошо мекунем.
Баранда 2: Хонандагони гиромӣ, ҳар оғозеро анҷомест, ин ҷо базми идонаи мо, ки ба иди қадимтарини миллӣ, Меҳргон бахшида шуда буд, ба поён мерасад.
Баранда 1: Дар охир ба ҳамаи шумо бахту саодат, файзу нусрат ва комёбиҳоро таманно дорем. Бигзор бо таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ Тоҷикистони азизи мо боз хам ободтару зеботар шавад ва дар дастархони ҳар хонадон файзу баракат фаровон гардад.
Баранда 2: Барои ҷамбасти ҳунарнамоӣ ва маҳорати хонандагон суханро ба маъмурияти литсей ва ҳайати доварон медиҳем, марҳамат.
Комментарии (0)