Хусрави Деҳлавӣ (1253 – 1325)


Хусрави ДехлавиАмир Хусрави Деҳлавӣ, ки аз номовартарин ва пурмаҳсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Ҳинд ва реша паҳн кардани унсурҳои асосии он бештар аз ҳама хизмат кардааст.

Агар тахсини шеъри хештан бар дасти хеш асти,

Ҳама кас хештанро Рӯдакию Унсури хонад.

Вале ғаввоз аз дарё гуҳар берун кашад, аммо,

Чу вақти қимат ояд, қимати он гавҳари донад.

Ҳаёти шоир. Номи аслии шоир Яминиддин, лақабаш Абулҳасан буда, Хусрав тахаллуси адабии ӯ мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароуннаҳр зиндагӣ кардаанд. Падари Хусрав дар ҳангоми истилои мугул ватани худ-шаҳри Кешро тарк намуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунад. Шоир дар асарҳои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро кайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Киронуссаъдайн» менависад:

Он чӣ ба таърих зи ҳиҷрат гузашт,

Буд сана шашсаду ҳаштоду ҳашт.

Соли ману рӯз агар баррасӣ,

Рост бигӯям, ки шаш буду сӣ.

Дар ҷои дигар:

Кунун, ки шашсаду ҳаштоду чор шуд таърих,

Маро ба сию се омад навиди сию чаҳор.

Агар аз рӯи нишондоди порчаи болои соли 652 хиҷри таваллуд шудани Хусрав маълум шавад, аз далели дигар дар соли 651 таваллуд ёфтани шоир таъин мегардад. Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Хусрав дар охири соли 651 хиҷрӣ, яъне 1253 мелодӣ дар шаҳрчаи Патёли наздикии Деҳли таваллуд ёфта будааст. Азбаски шоир бисёрии умри худро дар шахри Деҳли гузаронида, дар он ҷо вафот ёфтааст ва мадфани ӯ низ дар он ҷост, нисбати Дехлави мегирад.

Дар соли 1261, ки Хусрав ҳаштсола буд, падари ӯ дар ҷанги зидди ҳуҷуми муғул кушта мешавад. Бобои модарии Хусрав Имодулмулк кӯдаки ҳаштсоларо дар тахти назорати худ мегирад ва барои аз худ намудани илму дониш ба ӯ кӯмак мерасонад.

Дар байни солҳои 1276-1278 Хусрави Деҳлавӣ ба дарбор кашида мешавад ва пас аз ин зиндагии дарбории шоир сар мешавад. Соли 1279 дар дарбори Туғрал, ки хокими Бангола буд, хизмат карда, баъд аз ин шоирро писари калонии Ғиёсуддин Балбан султон Муҳаммадхон, ки ҳокими Мултон буд, ба дарбори худ талабид. Дар он ҷо Хусрав дар муддати панҷ сол хизмат мекунад. Баъди вафоти Ғиёсиддин Балбан (1287) Муиззиддин Кайкубод ба тахти салтанат баромада, Хусравро ба дарбори худ даъват мекунад, вале азбаски тамоми кору бори салтанат ба дасти яке аз дарбориёни бонуфуз Низомиддин буд ва ин шахс бо Хусрави Дехлавӣ дар муносибати хуб набуд, шоир таклифи ба дарбори Муизиддин рафтанро қабул намекунад. Дар соли 1299 дар ҳаёти шоир бадбахтие рӯй медиҳад. Модар ва бародари хурди шоир дар байни як ҳафта вафот мекунанд. Хусрав дар достони «Маҷнун ва Лайли» аз ин ҳодиса бо сӯзу гудоз нақл намудааст:

К-имсол ду нур зи ахтарам рафт,

Ҳам модару ҳам бародарам рафт.

Як ҳафта зи бахти тофтаи манн

Гум шуд ду маҳи ду ҳафтаи ман

Хусрав соҳиби фарзандони зиёд буд, аз рӯи гуфтаҳои худи ӯ маълум мешавад, ки вай як духтар (Афифа ё худ Мастура ва панҷ писар (Масъуд, Хизр, Рукниддин, Айниддин, Малик Аҳмад ва Муҳаммад) доштааст, ки аз байни онхо Малик Аҳмад дар замони худ ҳамчун шахси бофазлу адаб ном бароварда буд. Хусрав 18-уми шавволи 725 ҳиҷри (27 сентябри соли 1325) вафот мекунад ва ӯро дар назди қабри Низомиддин ба хок месупоранд.

Мероси адабии Хусрави Деҳлавӣ. Хусрав яке аз пурмаҳсултарин шоиронест, ки қувваи эҷодии худро кариб дар ҳамаи намудҳои шеърии замони худ санҷида, чи дар назм ва чи дар наср асарҳои зиёде навиштааст.

Қисми асосии мероси адабии Хусрав ба забони форсист. Инчунин ба забонҳои урду ва ҳинди низ асар навишта будааст.

Девонхои Хусрав. Дар солҳои аввали эҷодиёти худ Хусрави Дехлавӣ, асосан ғазалу қасида менавишт ва тахаллуси аввалаи ӯ Султони буд ва бо ин тахаллус дар девони якуми ӯ бисёр ғазалҳоро дидан мумкин аст. Тахаллуси дуюм ва асосии шоир Хусрав аст.

Ба навиштани достон шоир аз синни 36-солаги шурӯъ менамояд. Ашъори лирикии шоир дар панҷ девон гирд оварда шудааст. Ин панҷ девон дар давраҳои гуногуни ҳаёти шоир тартиб дода шудаанд ва Хусрав мувофиқи давраҳои синну соли худ ба ҳар кадоми онҳо номи махсусе додааст.

1. «Тухфатуссигар» (Тӯҳфаи ҷавонӣ) – девони аввалини шоир мебошад, ки ашъори ӯро то синни нуздаҳсолагӣ дар бар мегирад. Дар дебоча Хусрави Деҳлавӣ дар бораи дар айёми хурдсоли ба шеърнависӣ шуғл варзидани худ, оид ба тахаллуси аввалааш Султони, инчунин доир ба масъалаи имтиҳон шудани ӯ дар соҳаи назм ва амсоли инҳо сухан меронад.

2. «Васатулҳаёт» (Миёнаи ҳаёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсияҳои дар ҳаққи султон Муҳаммад Коон машҳур ба Хони шаҳид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд.

3. «Ғурратулкамол». Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъалаҳои муҳими адабиёт, инчунин аз тарҷимаи ҳоли худ сухан меронад.

4. «Бақиятулнақия». дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. Қасидаву тарҷеъбанд ва таркиббандҳои ин девон ба таърифи Низомиддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони ӯ Муборакшоҳ ва Хизрхон ва чанде аз дарбориени бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девонҳои дигари муаллиф ғазалиёт, қитъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд.

5. «Ниҳоятулкамол». Девони панҷумин ва охирини Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Дар ин девон марсияи Ғиёсуддин Туглук (с.в.1325) ва қасидаҳо дар васфи писари Ғиёсуддин султон Муҳаммад Туғлук (1325-1351) низ дарҷ шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки «Ниҳоятулкамол» чанд моҳ пеш аз вафоти Хусрав ҷамъовари гардидааст. Дебочаи девон дар ҳамди Худову наъти пайғамбар ва тавсифи Низомиддин Авлиё мебошад. Девон қасоиду тарҷеъбанд, маснавиҳои ҳаҷман хурд, ғазалиёт, қитъаву рубоиётро дар бар мегирад.

Ба қалами шоир зиёда аз 300 қасида тааллуқ дорад, ки даҳяки онҳо қасидаҳои фалсафӣ мебошанд. Дар ин гуна қасидаҳо бисёр фикрҳои иҷтимоӣ ва тарбияви-ахлоқии замони шоир акс гардидаанд. Ба як қатор қасидаҳои шоир (ба мисли «Дарёи аброр» ва ғайраҳо) бисёр намояндагони адабиёти минбаъда, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ назира навиштаанд.

Маснавиёти Амир Хусрав. Аз соли 1289 сар карда, Хусрави Деҳлавӣ дар баробари жанрҳои лирикӣ ба эҷод намудани асарҳои эпикӣ низ шурӯъ менамояд. Дар жанри достон Амир Хусрав худро шогирди Низомии Ганҷавӣ мешуморад ва онро дар чанд ҷои осори худ таъкид менамояд.

Аввалин достони худ – «Қиронуссаъдайн»-ро соли 1289 навиштааст ва дар соли 1291 достони дуюми худ «Мифтоҳулфутуҳ»-ро эҷод менамояд.

Дар байни солҳои 1299-1302 Хусрави Деҳлавӣ ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ҷавоб менависад. «Хамса»-и Амир Хусрав аз ин достонҳо фароҳам омадааст: «Матлауланвор», «Ширин ва Хусрав», «Маҷнун ва Лайли», «Ҳафт биҳишт», «Оинаи Сикандарӣ». Баъди достони «Хамса» Хусрав боз се достони дигар – «Дувалрони ва Хизрхон» (соли 1316), «Нух Сипехр» (соли 1318) ва «Туглукнома» (тақрибан соли 1324) – ро таълиф менамояд. Ғайр аз ин достон шоир боз чанд достони дигари ҳаҷман хурд низ навиштааст. Аз ҷумла, достони «Асбнома» – ро шоир ба ҳокими Авад Али Сарчондор машҳур ба Ҳотамхон бахшидааст.

Мавзӯи панду ахлоқ, ки маъмултарин мавзӯи адабиёти ҷаҳоншумули форси маҳсуб мегардад, дар ашъори Амир Хусрав мақоми баландро дорост. Шоир тавассути ашъори пандомез беҳтарин хислатҳои инсониро ситоиш мекунад ва барои тарбияи насли наврас дар таргиби накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, ростиву растагори барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ саҳм мегузорад:

Чу напсанди ғуборе бар дили хеш, Хазон дар гулистони кас меяндеш, Чу поят гирад аз барги гул озор, Ба рах мапсанд дар пои касон хор. (Аз «Дувалрони ва Хизрхон»)

Касеро тоҷи сар бар зар диҳад зеб,

Ки н-ояд бар заиф аз тахташ осеб.

(Аз «Дувалрони ва Хизрхон»).

Озори касе талаб ҳамеша,

К-озурдани халқ кард пеша.

(Аз «Маҷнун ва Лайлӣ»).

 

Касе, к-аз ранҷи мардум гум набошад,

Ба назди мардумон мардум набошад.

(Аз «Ширин ва Хусрав»).

 

Ҷавонмарди ба даст омӯз худро,

Ки назди ҳамгинон миқдор ёбӣ.

Ба дасти дод бояд шуд ҷавонмард,

Ҷавонмарди забон бисёр ёбӣ.

(Аз девони «Бакияи накия»)

Як қатор суханҳои ибратбахши Хурави Деҳлавӣ, ки онҳоро шоир дар натиҷаи таҷрибаи бои зиндагӣ гуфтааст, мисли мақолу зарбулмасалҳои халқи садо медиҳад:

Ҳар чӣ ки бар хеш надори раво,

Бар дигаре низ набошад даво.

Нохун, ки харош чун хасон кард,

Бо ӯ он кун, ки бо касон кард.

Он, ки надорад сифати мардуми,

Нест бари одамиён одаме.

Чунон кун зиндагони дар замона,

Ки аз вай зинда мони ҷовидона.

Ба осоиш басе бошанд ёрон,

Ба ғам кун озмуни дустдорон.

Ҳарчи ба ҳангом нагӯяд касе,

Хомуши аз гуфт накӯтар басе.

Як шох, ки мевае диҳад тар,

Беҳтар зи ҳазор боғи бебар.

Амир Хусрав Дар эҷоди ғазал ба Саъдии Шерози пайрави кардааст ва аз сеҳри сухани ин ғазалсарои бузург таъсир бардоштааст. Чуноне ки худи ӯ мегӯяд:

Хисрави сармаст андар соғари маънӣ бирехт

Шира аз хумхонаи масте, ки дар Шероз буд.

Шумораи ғазалиёти Амир Хусрав бештар аз 37 ҳазор байтанд ва дар равониву шевои дилпазиру дилнишинанд. Намунаи ғазалиёти шоир манзур мегардад:

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,

Ҳарчанд васфат мекунам, дар хусн аз он болотари.

Ҳаргиз наёяд дар назар нақше зи рӯят хубтар,

Шамси надонам ё қамар, хури надонам ёпари?

Офокро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,

Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигари.

Олам ҳама яғмои ту, халке ҳама шайдои ту,

Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.

Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,

З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.

Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,

Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?

Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар мулки шумо,

Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ.

Диле дорам, ки ҷуз ҷонон нахоҳад,

Ҳамин маъшуқа хоҳад, ҷон нахоҳад.

Агар ҷон хоҳад аз вай хубрӯе,

Равоне бидҳаду фармон нахоҳад.

Гузар дар кӯи мо он дӯзахирост,

Ки ҷон дар равзаи ризвон нахоҳад.

Сари ман з-ин пасу шамшери хубон,

Касе то хуни ман з-эшон нахоҳад.

Нигоро, розиям бар хар чи дорӣ,

Ки дардатро кассе дармон нахоҳад.

Ғам омад дар дили тангам надонист,

Ки дар танги кассе меҳмон нахоҳад.

Биранҷам, гар ту Хусравро нахоҳӣ,

Ту хоҳӣ, лек ин фармон нахоҳад.

 


Комментарии (1)

    Ishoq 10 декабря 2022 19:29

    Иншо дар бораи Дувалрони ва Хизрхон

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив