Ки бояд фитри руза диҳад?
Дар Тоҷикистон ҳадди ақал дар ҳаҷми тақрибан 12 ҳазор сомонӣ дар соли 2021 тахминан ҳисобида шудааст. Яъне агар касе аз ин маблағ зиёдтар пулро ба муддати беш аз аз як сол дар тасаруфи худ бе истифодаи эҳтиёҷоти зарурӣ нигоҳ дошта бошад, пас ин нафар одам бояд садақаи фитрро доданаш лозим.Садақи фитри рӯзаро дар шакли мол яъне баробари 1 саа (2,25 килограм) гандум ё ҳамарзиши онро дар шакли пул ба муҳтоҷон ё ба хазинаи масҷид додан қобили қабул аст. Дар навбати худ шахсони масъули масҷид тибқи маълумоти доштааш ба шахсони дахлдор садақи фитри рӯзаро тақсим менамоянд. Дар Тоҷикистон ҳаҷми садқаи фитри рӯза баробари 5 сомонӣ сари як нафар дар соли 2021 ҳисобида шудааст.
Дар таърих тақсимоти садақаро 1-3 рӯз пеш аз рузи иди моҳи шарифи рамазон тақсим мекарданд, то ин ки камбағалон ҳам рӯзи ид барои хурсандӣ кардан шароити модди худро беҳтар намоянд. Тибқи дигар адабиёти исломӣ фитри рӯзаро барои комилтар ё подош кардани рӯзаи худ дода мешавад.
Комментарии (0)