Табрикнома


Ба Раиси Кумитаи иҷроияи ___________ 
_________________________________
муҳтарам _________________________

Муаллимаи арҷманд!

Дар ин айёми фараҳбахш, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони азиз боз як рӯйдоди муҳими сиёсӣ – 25 -солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаро расида, хеле хотирмон таҷлил мегардад, Шумои гиромиро аз номи мақомоти _____________, сокинону ҳизбиёни шаҳр ва шахсан худам самимона муборакбод менамоям.
Дар ҳақиқат санаи 10-уми декабри соли 1994 барои ҳамаи мардуми мамлакат ва бахусус, барои ҳар як нафар узви ин нерӯи бузурги сиёсӣ рӯзи таърихӣ ва басо азизу мӯътабар аст.
Зеро бисту панҷ сол муқаддам, он айёми ҳассос, мухолифату даргириҳо ва вазъи ноороми кишвар худ тақозо дошт, ки як қувваи тавоное ба майдони сиёсат ворид гардад, ки тавонад тавассути мафкураи созанда аз сулҳи деринтизори миллат паёму муҷдаи нак ӯ оварад.
Имрӯз, бо гузашти айём, пас аз чоряк аср шоҳиди онем, ки ин ҳизби сиёсӣ бар нафъи халқу Ватани азизамон аз нигоҳи таърих дарвоқеъ, хизматҳои барҷастаро ба сомон расонид ва чун ниҳоди боэътимод аз ҷониби сокинон пазируфта шуда, мардумӣ эътироф гардид.
Бешубҳа, ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат, Раиси соҳибэҳтироми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин бобат хеле бамаврид зикр доштанд:
“Бисту панҷ соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол далели он аст, ки ҳизби мо дар хизмати мардум аст. Зеро ҳизби мо аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, дар ин муддат барои хомўш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва аркони давлатдорӣ саҳми сазовор гузошт.”
Дар ин лаҳзаҳои гуворо изҳори эътимод менамоям, ки сокинону ҳизбиёни шаҳр минбаъд низ, дастурҳои Роҳбари муаззами ҳизбро сармашқи кори худ намуда, дар таъмини зиндагии шоистаи халқ талош меварзанд ва дар раҳнамоии мардум ба бунёдкориҳо ва даъват ба дурбиниву дурандешӣ ҳиссаи сазовори хешро мегузоранд. 
Дар ниҳоят, бори дигар, Шумо, муаллимаи гиромӣ ва кулли кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятиро ба ифтихори 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сидқан табҳният гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, саодату хушбахтӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти хидматиатон комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу амният ва сарсабзиву шукуфоӣ орзумандам.


Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри ________         ___________

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив