Табрикоти ҷашни Наврӯз


Муҳтарам ______!
 
Бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Шумои гиромиқадрро ба муносибати фарорасии ҷашни шукӯҳманди аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику муборакбодӣ намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ, хушбахтиву хушҳолӣ, сарбаландиву пирӯзӣ ва дар фаъолияти пуршарафатон барору комёбиҳо таманно менамоем.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар партави щояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши Истиқлолияти давлатиамон ба марҳалаи нави эҳёи худ расида, туфайли сиёсати тамаддунофар ва фарҳангпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид. 
Дар партави сиёсати халқпарварона ва ободкоронаи Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини шаҳрамон чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба раванди корҳои созандагиву бунёдкорона вусъати тоза бахшида, баҳри шукуфоиву сарсабзӣ ва ободии Ватани маҳбубамон фидокорона меҳнат менамоянд. 
Басо рамзист, ки имсол низ Наврӯзи оламафрӯз бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш ва пайку муҷдаҳои баҳорӣ фаро расида, чун сарощози ҳаёти нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ҳар яки моро барои расидан ба ҳадафу ниятҳои некамон ҳидоят менамояд.
Бигзор, Наврӯзи бостонӣ ва баҳори нозанин барои мардуми Тоҷикистони азиз фаровониву ободӣ, шодиву нишот ва дастовардҳои беназир оварад.
 
Ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборак!
Табрикоти ҷашни Наврӯз

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив