Объект ва предмети омӯзиши сотсиология


Объект ва предмети сотсиологияБарои дарк намудани моҳият, сохтор ва вазифаҳои илми сотсиология пеш аз ҳама муайян намудани объект ва предмети омӯзиши он зарур аст. Объект чизест, ки ба он раванди дониш равона шудааст. Предмет бошад ин он паҳлӯҳо, алоқаҳо ва муносибатҳои объект ҳастанд, ки мавриди омӯзиш қарор доранд. 
  • Объекти сотсиология дар маънои васеъ ин тамоми ҷомеа ҳамчун низоми том ва ягона мебошад, аммо ҷомеа натанҳо объекти сотсиология ҳаст, балки метавонад объекти дигар илмҳои ҷомеашиносӣ, мисли сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ, таърих ва ѓайра низ бошад. Аз ин гуфтаҳо саволе ба миён меояд, ки пас фарқ байни сотсиология ва дигар илмҳо дар чист? Он чизе, ки ин илмҳоро аз якдигар фарқ мекунад, ин предмети омӯзиши онҳо мебошад. 
  • Предмети сотсиология паҳлӯҳо, алоқаҳо, муносибатҳо ва ё ҷиҳатҳои махсусе ҳастанд, ки муҳаққиқон вобаста ба шавқи илмии худ ва ё вобаста ба талаботи ҷомеа дар объект ҷудо намуда, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Сотсиология бошад сохтори иҷтимоӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ (умумиятҳои синфӣ-иҷтимоӣ, умумиятҳои касбӣ иҷтимоӣ, териториявӣ, сохторҳои муҳити зист, умумиятҳои этникӣ, умумиятҳои иҷтимоии демографӣ) институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ, низоъҳои иҷтимоӣ, таѓйироти иҷтимоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, сифатҳои иҷтимоии шахс, раванди иҷтимоишавӣ, рафтори иҷтимоӣ, шуури ҷамъиятӣ ва ѓайраро меомӯзад. Доираи тадқиқоти сотсиологӣ хело васеъ буда, аз вохӯрии лаҳзаинаи одамон дар кӯча оғоз шуда, то омӯзиши глобалии равандҳои иҷтимоиро фаро мегирад. Сотсиология ба мо нишон медиҳад, ки ҷомеае, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, чӣ тавр вуҷуд дорад ва кор мекунад (амал мекунад). Сотсиология воқеияти иҷтимоӣ, зуҳурот ва равандҳои ҳаёти ҷамъиятиро меомӯзад. 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив