- Вазифаи маърифат. Сотсиология қонуниятҳои тараққиёти иҷтимоиро дар сатҳи гуногуни системаи ҷамъиятӣ меомӯзад ва маънидод мекунад. Донишҳои сотсиологӣ дар амалияи иҷтимоӣ истифода шуда, одамонро ба муҳити иҷтимоӣ мутобиқ мегардонанд.
- Пешбинӣ кардан. Дар асоси омӯхтани қонуниятҳои тараққиёти ҷамъият сотсиология метавонад пешбинии кӯтоҳ, миёна ва дарозмудатро дар соҳаҳои демография, сохтори иҷтимоӣ, сатҳи зиндагӣ, бозор, маъракаи интихобот ва ѓайра кор карда барояд.
- Вазифаи идоракунӣ. Бе донишҳои сотсиологӣ ба корҳои идоракунӣ машѓул шудан дар замони ҳозира аз имкон берун аст. Аз донишҳои сотсиологи нерӯҳои сиёсии ҷомеа истифода мебаранд;
- Вазифаи идеологӣ. Ҳамчун дигар илмҳо дар бораи ҷамъият сотсиология ҳам вазифаи идеологиро иҷро мекунад. Ҳарчанд сотсиолог кӯшиш менамояд, дар бораи равандҳои иҷтимоӣ донишҳои объективӣ ба даст орад, аммо пурра аз баҳодиҳии сиёсӣ озод буда наметавонад.
- Вазифаи тадқиқотӣ – методологӣ. Сотсиология методҳои хоси худро дорад, ки тавассути онҳо омилҳои пайдоиши мушкилоти ҷомеаро ошкор намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд. Аз методҳо ва натиҷаҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ дигар илмҳо истифода мебаранд.;
- Вазифаи гуманистӣ – донишҳои сотсиологӣ барои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии одамон мусоидат менамояд, рӯҳияи инсондӯстии одамонро боло мебардорад.
Вазифаҳои илми сотсиология
Вазифаи сотсиология аз он иборат аст, ки ба мо барои фаҳмидани имрӯзу ояндаи ин ҷаҳон ва ҷамъият кӯмак расонад. Сотсиология ба мо имконият медиҳад, ки дар бораи худамон, ҳаёти ҷамъиятӣ маълумот гирем. Сотсиологияи муосир ҳамчун илм вазифаҳои зиёдеро ба зимма дорад.
Комментарии (0)