Хеҷ кадоме аз мо идеал нестем. Ҳар як шахс дар тӯли ҳаёти худ, сайъ мекунад то идеали худро пайдо кунад ва ба ӯ аз ҷиҳатҳои мусбиаш пайравӣ кунад. Баъзан ин ҷустанҳо метавонад то ба охири ҳаёти инсон бенатиҷа анҷом ёбад.
Инсон – махлуқи ғалатист! Нигоҳ накарда ба тарафҳои мусбиаш ӯ барои ноил гаштан ба қуллаҳои баланди худшиносӣ аз худ дида, чизе беҳтареро меҷӯяд. Бояд қайд кард, ки чунин амал ба пешрафти сифати зиндагии хеш ва ҷамъият оварда мерасонад.
Он чӣ, ки ба идеали ман тааллуқ дорад, фикр дорам, новобаста аз камбудиҳояш ӯ барои соҳиб гаштани ин унвон сазовор аст. Ӯ одами оддист, вале соҳибхислат аст. Ба ин унвон якчанд номзадҳои дигаре ҳам буданд, аммо ман танҳо ба ӯ ин мавқеро сазовор донистам. Чунки ӯ ростгӯву ошкорбаён аст ва аз қафои одамон бадгӯи намекунад, ба мақсадҳои дар наздашгузошта мустақилона мерасад. Ҷидду ҷаҳд ва худидоракуниаш маро ҳамеша дар ҳайрат мегузошт. Бо шарофати ӯ ман ғанимат донистани ҳар лаҳзаи умри худ ва бамаврид истифодабарии он, роҳу василаҳои расидан ба мақсадҳои хеш ва боварӣ доштан ба муваффақиятро омӯхтам. Ҳар, вақте ки ӯ камбудиҳоямро ислоҳ мекард, ман боз хубтар ба худ боварӣ ҳосил мекардам. Некиву хубиҳои ӯ нисбат ба одамон натавонист маро дар канор гузорад. Ман дарк кардам, ки нигоҳ накарда ба намуди зоҳирӣ ва зебогӣ, покии ботин ва виҷдон нисбатан бештар барои инсон арзиш доштааст.
Бо интихоб кардани касби духтурӣ, ман худро ҳамчун инсони зарурӣ мешуморам. Бо пайравӣ намудан ба идеали худ, ман ба атрофиён ғамхорона муносибат кардану расидан ба қадри ҳаёти инсониро омӯхтам. Ман касби худро дӯст доштам ва барои мӯҳтоҷон аз рӯи тонистам кӯмак мерасонам.
Аз рӯи гуфтаҳои боло метавон чунин хулосабарорӣ кард, ки ман нисбати интихоби идеалам хато накардам. Ӯ ба ман барои беҳтару хубтар шуданам кӯмак кард. Дар оянда, ман нақша дорам, ки аввалан инсони хуб шавам, то идеалам бо ман бифахрад!
Чуноне, ки орифон мефармоянд:
Хуб ё бад парранда тавлид ёбад,
Он хосияти парридан дорад.
Бо инсон чунин нахоҳад шуд,
Тавлид ёфтан ҳамчу инсон кам аст.
Бояд аввал сазовори он шуд!
Комментарии (0)