1. Афзоиши растаниҳо дар чӣ мебошад?
А) дар зиёдшавии микдори баргҳои растаниҳо мебошад; В) дар зиёд шудани ҳуҷайра дар таркиби растаниҳо; С) дар нест кардани растаниҳои зараровар мебошад; D) дар тағйирёбии обу ҳаво мебошад;
2. Пардаи тунуки пиёзро барои он бофта меноманд, ки он:
А) хеле тунук аст; В) аз ҳуҷайраҳои аз ҷиҳати сохт якхела ва иҷрокунандаи вазифаи муҳофизатӣ иборат мебошад; С) дар таркибаш равғани эфир дорад; D) аз якчанд қабат иборат аст;
3. Кадоме аз узвҳои номбаршуда қисми навдаи тани растаниҳоро ташкил медиҳанд:
А) реша ва баргҳо; В) муғҷа ва баргҳо; С) пӯст; D) гул;
4. Мева аз чӣ ташаккул меёбад:
А) аз муғҷаҳои калон ташаккул меёбад; В) аз танаи навда ташаккул меёбад; С) аз гураи тухмдон ташаккул меёбад; D) аз витаминҳои организми растанӣ;
5. Мева аз тухмҳои дорои патҳои сафед, парашутчаҳо ва болҳо ба воситаи: А) ба воситаи ҳашаротҳо паҳн мешаванд; В) ба воситаи барфу борон паҳн мешаванд; С) ба воситаи шамол (бод) паҳн мешаванд; D) ба воситаи растаниҳои атроф паҳн мешаванд;
6. Лунда – ин:
А) муғҷаҳои калони сабз ба шумор меравад; В) шакли дигаргуншудаи навда ба шумор меравад; С) баргҳои лундашакли хурд ба шумор меравад; D) гули растанӣ ба шумор меравад;
7. Лундачаҳое, ки хокро хосилхез мегардонанд, дар кадоме аз оилаҳои номбаршуда ҳосил мешаванд:
А) дар настаранҳо ҳосил мешаванд; В)дар лубиёгиҳо ҳосил мешаванд; С) дар буттаҳо ҳосил мешаванд; D) дар растаниҳои якпалла ҳосил мешаванд;
8. Муғча – ин:
А) ҳуҷайраҳои пухтаи растанӣ мебошад; В) навдаи ҳанӯз инкишофёфтаи ҷанинӣ мебошад; С) меваи инкишофнаёфта мебошад; D) навдаи хушкшуда аст;
9. Аввалин ихтироъкори микроскоп кист ва он микроскоп ашёро чанд маротиба калон нишон медод:
А) Ч. Дарвин, 150 маротиба; В) А. Арасту, 270 маротиба; С) А. Сино, 300 маротиба; D)А. Левенгук, 270 маротиба;
10. Нуқтаи сабзиши муғҷа аз чӣ иборат аст?
А) аз бофтаи бавучудоваранда,(хосилкунанда) иборат аст; В) аз бофтаи мевадиҳанда иборат аст; С) аз бофтаи сабзиш иборат аст; D) аз бофтаи муғҷабарор;
11. Вазифаи пояи растаниҳо дар чист?
А) хокро нарм ва ҳосилхез мекунанд; В) моддаҳои химиявиро нест карда моддаҳои органикиро ба растанӣ мефиристонанд; С) маҳлули модаҳои ғизоиро мегузаронанд, моддаҳои органикиро ҳосил мекунанд; D) растаниро аз ҳашаротҳои дар зери хок буда эмин медоранд;
12. Кадом узви растаниро гул меноманд:
А) узви генеративии растаниро; В) узви хромотофории растаниро; С) узви бордоршавандаи растаниро; D) узви сапрофитии растаниро;
13. Барои аксариятҳои биогеосензҳои табиӣ ба сифати манбаи энергия чӣ баромад мекунад?
А) поя; В) барг; С) хлорофилл; D) мӯякрешаҳо;
14. Барои чӣ занбурӯғхо кобилияти гузаронидани раванди фотосинтезро доро нестанд?
А) чунки онҳо фотосинтезро қабул наменамоянд; В) чунки онҳо хлорофил надоранд; С) чунки дар ҳуҷайраи онҳо вакуола вуҷуд надорад; D) чунки нури офтоб ба онҳо намерасад;
15. Сохти ҳуҷайравии тамоми растаниҳо чиро тасдиқ мекунанд:
А) пайдоиши онҳоро аз пешгузаштагони умумиро тасдиқ мекунанд; В) ранги сабзашонро тасдиқ мекунанд; С) ҷиҳати сохт ва шаклашонро; D) макони сабзишро тасдиқ мекунанд;
16. Санавбар барои чӣ дар чангалзор табақаи болоиро ишғол намудааст?
А) чунки пояи дароз дорад; В) чунки иқлими хушкиро дӯст медорад; С) чунки равшанидӯст аст; D) чунки дар онҳо барг намесабзад;
17. Ситоплазма дар ҳуҷайра чиро таъмин менамояд:
А) ранги гуногунро вобаста ба иқлимро таъмин менамояд; В) ҳифзи қисмҳои дигари ҳуҷайраро таъмин менамояд; С) аз пӯсидан ва нест шудани организм эмин медорад; D)алоқамандии қисмҳои гуногуни ҳуҷайраро таъмин менамояд;
18. Кадоме аз шохаҳои илми биология сохти растаниҳоро меомӯзад:
А) Зоология; В) Экология; С) Ботаника; D) Биологияи умумӣ;
19. Системаи реша таркиб ёфтааст аз:
А) аз мӯякрешаҳо; В) аз патакрешаҳо; С) аз тиррешаҳо; D)аз тамоми хелҳои решаҳои растанӣ;
20. Тухм аз чӣ таркиб ёфтааст:
А) аз ҳуҷайраҳои нав инкишофёфта; В) аз реша, поя, барг ва гул; С) аз ҷанин ва моддаҳои ғизоӣ таркиб ёфтааст; D) аз моддаҳои органикӣ;
21. Кадом намуди растанӣ тавассути лундаҳо афзоиш меёбанд:
А) себ; B) картошка; С) гандум; D) меваҳои тропикӣ (банан, ананас, …);
22. Ботаника чиро меомӯзад:
А) узвҳои растаниҳоро; В)фаъолияти ҳаёти растанӣ ва сохти берунию дарунии растаниҳоро; С) растаниҳои нестшударо; D) тамоми организми зиндаро;
23. Барои чӣ танаи растании дарҷаи олӣ организми том дониста шудааст?
А) барои он ки онҳо аз хок ғизо мегиранд; В) барои он ки онҳо организми зиндаанд; С) барои он ки ҳамаи узвҳои он аз ҳуҷайра таркиб ёфтаанд; D) танаи растании дараҷаи олӣ организми том дониста нашудааст;
24. Таснифот (систематика) – илмест, ки:
А) растаниҳои қадимаи дар вақти ҳафриёт ёфташударо меомӯзад; В) рӯшноӣ ва ғизогирии растаниҳоро меомӯзад; С) аломатҳои умумии гурӯҳҳои растанҳои хешро меомӯзад; D) ба воситаи ҳайвонҳо гардолуд шудани растаниҳоро меомӯзад;
25. Растаниҳоро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?
А) ба ду гурӯҳ: якпалла ва дупалла; В) ба ду гурӯҳ: тропикӣ ва субтропикӣ; С) ба гурӯҳҳо тақсим намешавад; D) ба се гурӯҳ: соядиҳанда, мевадиҳанда ва буттагӣ;
26. Тухми растаниҳои лубиёгӣ аз миқдори зиёди:
А) моддаҳои химиявӣ таркиб ёфтааст; В)сафедаҳо таркиб ёфтааст; С) мӯякрешаҳо таркиб ёфтааст; D) крахмал таркиб ёфтааст;
27. Такомул (эволюсия) гуфта чиро меноманд?
А) аломатҳои умумии растанҳоро меноманд; В) аз нав эҳё шавии қисмҳои зараровари растаниро; С)инкишофи таърихии олами растаниҳоро меноманд; D) вобаста ба шакл, намуд, оила ҷудо намудани растаниҳоро меноманд;
28. Дар кадом намуди организми растаниҳо, ҳуҷайраҳои гуногун вазифаҳои ҳархеларо иҷро мекунанд;
А) растаниҳои бисёрҳуҷайра; В) растаниҳое, ки якранга нестанд; С) растаниҳои рӯшноидӯст; D) растаниҳои гулкунанда;
29. Тани гулсангҳо аз кадом организмҳо таркиб ёфтаанд:
А) пӯст ва мӯякчаҳо; В) занбуруғ ва обсабз; С) барг; D) решачаҳои зиёдатӣ;
30. Вакуолаҳо бештар дар ҳуҷайраҳои кадом растанӣ хуб намоёнанд?
А) дар ҳуҷайраҳои растаниҳои пир ва тарбузи пӯхта; В) дар растаниҳои тропикӣ аз ҷумла банан, ананас, афлесун ва ғ. С) дар растаниҳои хушкшуда, ки аллакай қобилияти нестшавиро дороянд; D) дар ҳеҷ растанӣ вакуолаҳоро хуб дида намешавад;
31. Вазифаи ситоплазма дар ҳуҷайра аз чӣ иборат аст?
А) алоқаманд гардонидани органоидҳои ҳуҷайравӣ байни ҳамдигар; В) таъмин намудани органоидҳои ҳуҷайра аз моддаҳои фоидаовар; С) қабул намудани фотосинтез аз нурҳои офтоб; D) зиёд кардани узвҳои растанӣ;
32. Аз рӯйи аломатҳои систематикӣ (таснифотӣ) номи дуюми растаниҳои пушидатухм чигуна муаррифӣ карда шудааст:
А) растаниҳои буттагӣ; В) растаниҳои гулдор; С) растаниҳои якпалла; D) растаниҳои дупалла;
33. Растаниҳои гулдор ба олами кадом намуди организмҳо дохил кардаанд:
А) ба организмҳои зинда дохил кардаанд; В) ба организмхои ядродор дохил кардаанд; С) ба организмҳои серҳуҷайра; D) ба организмҳои ғайризинда;
34. Муҳитеро номбар кунед, ки барои растании дараҷаи олӣ ба сифати манбаи аз худ намудани нитрогене, ки барои онҳо аз ҷиҳати синтез намудани пайвастагии органикӣ зарур аст, баромад кунад?
А) об; В) офтоб; С) хок; D) ҳаво;
35. Тассавур кунед, ки мавҷудотҳои зиндаи дар поён овардашуда ба ҳайати як занҷири ғизоӣ дохил мешаванд. Гӯед, ки кадоме аз онҳо дар занҷири ғизоӣ мавқеи аввалинро ишғол намудааст?
А) одам; В) ҳайвонҳо; С) растаниҳо; D) ҳама баробаранд;
36. Вазифаи ядро дар ҳуҷайра:
А) дар рафти алоқаманд гардонидани органоидҳои ҳуҷайравӣ байни ҳамдигар иштирок мекунанд; В) дар рафти нестшавии ҳуҷайра иштирок мекунанд; С) дар рафти тақсимшавии ҳуҷайра иштирок мекунанд; D) дар рафти фиристодани моддаҳо ба дигар органоидҳои ҳуҷайра иштирок мекунанд;
37. Ҷузъҳои асосии гулро номбар кунед?
А) ғӯрак ва тухмдон; В) гардбарг ва тухмдон; С) косабарг ва гулбарг; D) гулбарг ва ғӯрак;
38. Навда гуфта чиро меноманд?
А) муғҷаеро меноманд, ки қобилияти навдабарориро доранд; В) пояеро меноманд, ки дар он гулҳо мерӯянд; С) пояеро меноманд, ки дар он муғҷаҳо ва баргҳо инкишоф меёбанд; D) пояе, қобилияти мевадиҳиро дорад, навда меноманд;
39. Вазифаи селексионерҳо дар чист?
А) рӯёнидани навъҳои нави растаниҳо; В) ҳифзи растанӣ аз ҳашаротҳои зараррасон; С) инкишофи ҷузъҳои растанӣ; D) тағйир додани шакли растанӣ;
40. Нафаскашӣ гуфта чиро меноманд:
А) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо гази карбонат аз худ мешавад ва оксиген хориҷ мегардад; В) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо моддаҳои химиявӣ аз худ карда мешавад ва газҳои оксигену карбон хориҷ мешавад; С) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо оксиген аз худ карда мешавад, гази карбонат хориҷ мегардад, энергия ҷудо мешавад; D) Нафаскашӣ гуфта, сеякӣ узвҳои нафасбарорро меноманд;
41. Ба гурӯҳи организмҳои автотрофӣ кадом гурӯҳи организмҳо дохил мешаванд? А) танҳо растаниҳои гармидӯст, ки бе об зиндагӣ карда метавонанд; В) растаниҳое, ки қобилияти мевадиҳиро надоранд; С)тамоми растаниҳо, сианобактерияҳо (обсабзҳои кабуду сабз) ва бактерияҳои хемосинтезкунанда; D) растаниҳое, ки энергияи (нурӯи) офтобро дӯст медоранд;
42. Дар куҷои картошка оҳар захира мешавад?
А) дар решаҳо; В) дар эндосперми тухмаш; С) дар баргҳояш; D) дар даруни лундаҳо;
43. Аломати асосии синфи растаниҳои дупалла – ин доштани:
А) Доштани пӯсти ғафс; В) Дар онҳо системаи шохаронӣ дида намешавад; С) Системаи типи тирреша, ҷанини дорои ду тухмпалла; D) дар фаъолияти ҳаёташон як бор гул кардан;
44. Растаниҳои пушидатухм аз растаниҳои дигар бо он фарқ мекунанд, ки:
А) онҳо мева ва тухм ҳосил мекунанд; В) решаи онҳо то 10 метр қад мекашад;
С) онҳо қобилияти мева ҳосил карданро надоранд; D) тамоми узвҳои растанӣ бо мӯякрешаҳо пӯшонида шудааст;
45. Навъи растаниҳо гуфта:
А) гурӯҳи растаниҳои нисбатан ҳархела ва дорои аломатҳои гуногунро меноманд, ки аз ҷониби инсон ба даст оварда шудаанд; В) гурӯҳи растаниҳоеро меноманд, ки аз як синфанд ва тарзи инкишофёбиашон якхелаанд; С) гурӯҳи растаниҳоеро меноманд, ки аз як навъи растанианд ва бо хосияти пайвандкунӣ зиёд мешаванд; D) гурӯҳи растаниҳои нисбатан якхела ва дорои аломатҳои муайянро меноманд, ки аз ҷониби инсон ба даст оварда шудаанд;
46. Кадом узви номбаршудаи растаниҳоро мева гуфтан дуруст нест:
А) решамева ва лундаро; В)гул ва реша; С) муғҷа ва тухм; D) мева ва тухм;
47. Растаниҳои алафи аз растаниҳои буттагию дарахтӣ бо доштани:
А) рангашон фарқ мекунанд; В) баргҳои дарозрӯяашон фарқ мекунанд; С) ранги пӯст ва миқдори паҳнияшон; D)пояи сабзи сероб фарқ мекунанд;
48. Ҳуҷайраи растанӣ ба воситаи кадом пигмент энергияи нурҳои офтобро аз худ намуда, онро ба энергияи, бандҳои химиявӣ дар таркиби молекулаҳои пайвастагиҳои органикӣ захирашуда, табдил медиҳад:
А) крахмал; В) сафедаҳо; С) фотосинтез; D)хлорофилл;
49. Ранги баланд барои гулҳои растаниҳое хос мебошад, ки онҳо:
А) қади баланд дошта дар тарафи нурҳои офтобанд; В) ба воситаи хашарот гардолуд мешаванд; С) хоки заминашон аз моддаҳои органикӣ бой аст; D) решаи дароз доранд;
50. Растаниҳои дараҷаи олиро барои он ба ин ё он синф дохил мекунанд, чунки онҳо:
А) аз як синф ва оилаанд; В) узвҳои бо ҳам монанд доранд; С) аз ҷиҳати хосияташон (яъне соядиҳанда ва мевадиҳанда); D) дорои типи якхелаи реша мебошанд;
Ҷавобҳо:
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
A | B | B | C | C | B | B | B | D | A | C | A | D | B | A | C | D | C |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 32 | 33 | 34 | 35 | 36 |
D | C | B | B | C | C | A | B | C | A | B | A | A | B | B | C | C | C |
37 | 38 | 39 | 40 | 41 | 42 | 43 | 44 | 45 | 46 | 47 | 48 | 49 | 50 |
B | C | A | C | C | D | C | A | D | A | D | D | B | D |
Комментарии (1)