Тест аз фанни "Биология"


Тести мазкур аз 80 савол иборат буда, барои тайёрӣ ё ки ёри ба муаллима хизмат менамояд. 

 Тестхои биология

Узвҳое, ки  дар ҷанин   мавҷуд буда, дар ҳолати  баъд аз тавлид нестанд, чӣ ном дорад?

А) бластодискҳо

 В) узвҳои муввақатӣ

 С) узвҳои дохилӣ

 Д) узвҳои берунӣ

Аз кадом давраи эмбрионалӣ зинаи ҷанинӣ оғоз меёбад?

 А) дар авали 8-ҳафта

 В) дар дуюм семоҳагии ҳомиладорӣ

 С) аз 12 ҳафта

 Д) аз 9- ҳафта

Ҷанини якқабата чӣ ном дорад?

А) эктодерма

 В) гаструла

 С) бластула

 Д) морула

Ҳуҷайраҳое, ки дар ҷараёни тақсимшавӣ ба амал омадаанд, чӣ ном доранд?

А) тақсимшавии гаструла

 В) морула

 С) баргакҳои ҷанинӣ

 Д) бластомерҳо

Давраи онтогенез, ки дар он афзоиши ҳуҷайраҳо ба амал меояд, чӣ ном дорад?

А) тақсимшавӣ

 В) ба тартиб дарорӣ

 С) гаструлятсия

 Д) ҷанинӣ

Ҷараёни ташаккулёбии системаи узвҳо чӣ ном дорад?

А) гистогенез

 В) органогенез

 С) гаструлятсия

 Д) онтогенез

Маҷмўи муносибатҳои  ҷараёни доираи ҳаётии  организмҳо чӣ ном дорад?

А) инкишофи махсус

 В) метаморфоз

 С) онтогенез

 Д) таҷдид

Давраи онтогенез, ки аз ҳолати бордоршавӣ то аввали тақсимшавӣ мегузарад, чӣ ном дорад?

А) тақсимшавӣ

 В) ба тартибдарорӣ

 С) гаструлятсия

 Д) то тақисмшавии ҷанин

Дар асоси пайдоиши ҳуҷайраҳои ҷинсӣ кадом давра мехобад?

А) пеш аз ҷанинӣ

 В) то репродуктивӣ

 С) балоғат

 Д) баъд аз репродуктивӣ

Дар асоси инкишофи ҳамаи узвҳо кадом ҷараён мехобад?

А) афзоиши нашвӣ

 В) афзоиши ҷинсӣ

 С) шизогония

 Д) афзоиши ҳуҷайравӣ

Хлорелла бо кадом роҳ афзоиш мекунад?

A) танҳо ҷинсӣ

 B) танҳо ғайриҷинсӣ

 C) ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ

 D) афзоиш намекунад

Рудимент чист?

A) маҳдуд ё пурра нест шудани вазифаи ягон узв

 B) аз меъёр зиёд шудани вазифаи ягон узв

 C) нест шудани узвҳо бо ёрии ҷарроҳӣ

 D) узвҳои аз қобилияти корӣ баромада

Камонаки рефлекторӣ аз чанд қисм иборат аст?

A) 3

 B) 5

 C) 7

 D) 9

Меъда ба кадом система дохил мешавад?

A) дилу рагҳо

 B) нафаскашӣ

 C) ҳозима

 D) эндокринӣ

Вазифаи ҳароммағзро нишон диҳед?

A) гузаронандагӣ

 B) кашишхурӣ

 C) ҳиссиётӣ

 D) ядроӣ

Дар  “Китоби Сурхи Тоҷикистон” чанд намуди растаниҳои гулдор дохил карда шудаанд?

A) 226

 B) 336

 C) 300

 D) 200

Ба воситаи паррандаҳо гардолудшавии растаниҳоро чӣ меноманд?

A) зоофилия

 B) автохория

 C) орнитофилия

 D) антрофилия

Ғадуд чист?

A) узвҳое, ки қобилияти афзоиш карданро доранд

 B) узвҳое, ки қобилияти ҷудо кардани ин ё он моддаро доранд

 C) узвҳое, ки дар организм ҷуфт дида мешаванд

 D) узвҳое, ки аз худ моддаҳоро ҷудо намекунанд

Дили тимсоҳҳо чандхонагӣ мебошад?

A) 1

 B) 2

 C) 3

 D) 4

Нахустин мавҷудоти зинда дар сайёраи Замин кай пайдо шудааст?

A) 4 млн

 B) 3 млн

 C) 4,5 млрд

 D) 3,5 млрд

Косахонаи сар азчанд устухон иборат аст?

A) 20

 B) 30

 C) 25

 D) 35

Аз меъёр кам будани витаминро дар организм чӣ меноманд?

A) авитаминоз

 B) гиповитаминоз

 C) нормовитаминоз

 D) гипервитаминоз

Ҳормони қад чӣ ном дорад?

A) тиреотропин

 B) соматотропин

 C) инсулин

 D) кортизон

Чӣ гуна растаниҳоро анемохория меноманд?

A) тухми онҳо ба воситаи одам паҳн мешавад

 B) тухми онҳо ба воситаи ҳайвонот паҳн мешавад

 C) тухми онҳо ба воситаи об паҳн мешаванд

 D) тухми онҳо ба воситаи шамол паҳн мешавад

Сурхии хун ба кадом элементи химиявӣ вобаста аст?

A) калсий

 B) оҳан

 C) натрий

 D) мис

Маънои луғавии селексия чист?

A) интихоб

 B) дурагакунӣ

 C) тағйирот

 D) гардолудшавӣ

Илме, ки функсияи ҳамаи узвҳои баданро дар пуррагӣ ва алоҳидагӣ меомӯзад, чӣ ном дорад?

A) биология

 B) анатомия

 C) физиология

 D) гистология

Рефлексҳо чанд намуд мешаванд?

A) 5

 B) 1

 C) 4

 D) 2

Инкишофи скелети одам дар синни чандсолагӣ қатъ мегардад?

A) 12-15

 B) 20-23

 C) 22-25

 D) 40

Ҳангоми синтези сафеда ба ҳар як аминокислотаҳо чандто нуклеотид рост меояд?

A) 2

 B) 5

 C) 4

 D) 3

Ҳормони ғадуди болои гударо нишон диҳед?

A) инсулин

 B) адреналин

 C) тироксин

 D) окситатсин

Кашишхӯрии дили кӯдак дар батни модар дар чандмоҳагии ҳомиладорӣ шунида мешавад?

A) 1,5 моҳагӣ

 B) 4,5 моҳагӣ

 C) 5 моҳагӣ

 D) 7 моҳагӣ

Ба ҳуҷайраҳои бактерияҳо ҷорӣ кардани генҳои одамро чӣ меноманд?

A) эволютсия

 B) дивергенсия

 C) популятсия

 D) инженерияи генӣ

Устухони хурдтарини организми одам кадом аст?

A) устухони панҷа

 B) устухони дохили гуш

 C) устухони қафаси сина

 D) мӯҳраҳо

Пояе, ки дар он муғча ва барг мерӯяд чӣ ном дорад?

A) навда

 B) байнибанд

 C) банд

 D) тана

Илме, ки сохт, таркиб, фаъолияти ҳаётӣ ва афзоиши ҳуҷайраҳоро меомӯзад, чӣ ном дорад?

A) биология

 B) анатомия

 C) ситология

 D) ботаника

Аз моҳиҳои зерин хурдтаринашро нишон диҳед?

A) суфрамоҳӣ

 B) гулмоҳӣ

 C) ширмоҳӣ

 D) моҳии Бичок

Ҳосилшавии ҷанинҳои ду ва сеқабатаро чӣ меноманд?

A) бластулла

 B) гаструлла

 C) онтогенез

 D) эритропоэз

Норасоии кадом витамин ба бемории чилаашур оварда мерасонад?

A) А

 B) В

 C) C

 D) D

Мендел чанд қонун дорад?

A) 5

 B) 2

 C) 3

 D) 7

Илме, ки таркиб, сохт ва афзоиши бофтаҳоро меомӯзад, чӣ ном дорад?

 A) гистология

 B) анатомия

 C) ситология

 D) ботаника

Падари илми тиб кист?

 A) Арасту

 B) Сино

 C) Ҳипократ

 D) Павлов

Чанд даври гардиши хун мавҷуд аст?

 A) 3

 B) 2

 C) 5

 D) 4

Ҳуҷайраи сурхи хунро чӣ меноманд?

 A) тромбосит

 B) миосит

 C) лейкосит

 D) эритросит

Ҳуҷайраҳои решаи растаниҳо чиро нафас мегиранд?

 A) натрий

 B) гази карбонат

 C) оксиген

 D) калий

Одами калонсол дар як дақиқа чанд дақиқа нафас мегирад?

 A) 70 - 75

 B) 30 - 36

 C) 140

 D) 18 - 22

Фотосинтез дар кадом узви растанӣ мегузарад?

 A) реша

 B) поя

 C) барг

 D) бофта

Асосгузори илми зооология кадом олим аст?

 A) Аристотел

 B) Линней

 C) Ламарк

 D) Левенгук

Ба пайвастагиҳои органикии ҳуҷайра кадом модда дохил мешавад?

 A) кислотаҳои ғайриорганикӣ

 B) сафедаҳо

 C) об

 D) намакҳо

Қабати мобайнии дил чӣ ном дорад?

 A) перикард

 B) эндокард

 C) эпикард

 D) миокард

Илме, ки шароитҳои ҳаёт, меҳнат, истироҳати одамонро барои нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани саломатиро меомӯзад, чӣ ном дорад?

A) биология

 B) гигиена

 C) анатомия

 D) ситолоия

Маркази бисёрнавъии растаниҳоро дар табиат кӣ муқаррар намудааст?

A) И.В.Мичурин

 B) М.Е.Лобашов

 C) Н.П.Дубинин

 D) Н.В Вавилов

Генофонд чӣ маънӣ дорад?

A) кулли генҳои популятсия ё намуд

 B) кулли генҳои организм

 C) кулли генҳо дар маҷмӯи гаплоидии хромосомаҳо

 D) кулли генҳои фардҳои як намуд

Дарозии рӯдаи борик чӣ қадар аст?

A) 2,5 м

 B) 5,5 м

 C) 3,5 м

 D) 1,5 м

Инкишофи касалии шабкурӣ аз чӣ вобаста аст?

A) надоштани колбача дар шабака

 B) норасоии витамини А

 C) доштани колбача дар шабака

 D) надоштани қаламча дар шабака

Аз рӯи тарзи ғизогирӣ организмҳоро ба кадом гуруҳҳо ҷудо мекунанд?

A) автотрофҳо ва гетеротрофҳо

 B) сапрофитҳо ва паразитҳо

 C) автотрофҳо ва сапрофитҳо

 D) растанихӯр ва даррандагон

Органоиди ҳуҷайра, ки дар назди ядро ҷой гирифта, ҳангоми тақсими ҳуҷайра аҳамияти калон дорад, кадом аст?

A) комплекси Голҷи

 B) тури эндоплазматикӣ

 C) рибосома

 D) маркази ҳуҷайра

Дар муайян намудани сохтори сафеда нақши асосӣ ба чӣ таллуқ  дорад?

A) КРН - а

 B) КРН - и

 C) КДН

 D) КРН – р

Онтогенезро ба кадом зинаҳо тақсим кардан мумкин аст?

A) баъдиҷанинӣ, ҷанинӣ

 B) зигота, таваллуд, балоғат, пиршавӣ

 C) репродуктивӣ, то репродуктивӣ

 D) репродуктивӣ, балоғат

Маҳсули ҷудокрдаи ғадудҳо чӣ ном дорад?

A) ҳормон

 B) моеъ

 C) лимфа

 D) подтан

Нақшаи ҳуҷайра дар табиати Сайёра?

 A) воҳиди элементарӣ, сохтори функсионалӣ ва генетикӣ

 B) таркиби химиявии мавҷудоти зинда

 C) воҳиди элементарии генетикӣ

 D) интиқоли ахбори ирсӣ ба наслҳои оянда

Кадом қисми биология ба омӯзиши ҳуҷайра машғул аст?

 A) анатомия

 B) генетика

 C) ситология

 D) ботаника

Сабзишу инкишофи бофта ва организмҳо ба чӣ вобаста аст?

 A) ҷилди ҳуҷайра

 B) митохондрия

 C) худи ҳуҷайра

 D) ҷараёни ҳосилшавии ҳуҷайраҳо

Шаклҳои ҳуҷайраҳоро номбар кунед?

 A) гирдшакл

 B) бисёркунҷа

 C) чӯбчашаклу ситорашакл

 D) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд

Ҳуҷайраи нав чӣ гуна ҳосил мешавад?

 A) дар натиҷаи ҷараёни ахбор

 B) дар натиҷаи омезиши гаметаҳо

 C) дар натиҷаи тақсимшавии ҳуҷайраҳои модарӣ

 D) дар натиҷаи ҷараёни фотосинтез

Ҳуҷайра вобаста ба механизми дар он буда ... таъмин мекунад:

 A) мубодилаи моддаҳо, истифодаи ахбори биологӣ, афзоиши хусусиятҳои ирсият

 B) захираи карбогидратҳо, сафедаҳо ва чарбҳо

 C) нигоҳ доштан ва интиқоли ахбори ирсӣ

 D) пайдо шудани аломатҳои нави организм

Назарияи ҳуҷайра кай ва аз тарафи кӣ пешниҳод шудааст?

 A) 1665 – Р.Гук

 B) 1839 – Т.Шванн

 C) 1831 – Р.Броун

 D) 1825 – А.Пуркине

Кадом органоид таҷзияи моддаҳоро ба амал меорад?

 A) рибосома

 B) митохондрия

 C) дастгоши Голҷи

 D) лизосома

Вазифаи асосии ситология?

 A) омӯзиши сохт ва вазифаи узвҳо

 B) омӯзиши сохт, вазифаи ҳуҷайра ва компонентҳои он

 C) омӯзиши шумора ва вазифаи хромосомаҳо

 D) омӯзиши сохт ва вазифаи КРН

Бофтаҳо аз чӣ ҳосил мешаванд?

 A) ҳуҷайраҳое, ки аз руи сохт ва вазифа монанд нестанд

 B) аз митохондрия

 C) ҳуҷайраҳое, ки аз руи сохт ва вазифа монанданд

 D) аз гурӯҳи узвҳо

Дастгоҳи генетикии эукариотҳо кадом аст ва дар куҷо ҷойгир мебошад?

  A) хромасомаҳо, КДН бо сафедаҳои гистонӣ, ядро

  B) КРН бо сафедаҳои гистонӣ, ядро

  C) хромосомаҳо, КДН бе сафедаҳои гистонӣ, ядро

  D) рибосома, КДН бо сафедаҳои гистонӣ, ядро

Компонентҳои асосии сохтори ҳуҷайра кадомҳоянд?

  A) ҷилд, митохондрия, ситоплазма, ядро

  B) ситоплазма, дастгоҳи Голҷи, ядро

  C) ҷилд, ситоплазма, ядро

  D) ҷилд, ситоплазма, ядроча

Ҳуҷайраҳои прокариотӣ барои чунин организмҳо хосанд:

  A) бактерияҳо, сианобактерияҳо, обсабзҳои сабзи кабудчатоб

  B) бактерияҳо, занбурӯғҳо, растаниҳо

  C) обсабз, растаниҳои лучтухм, кирми лойхурак

  D) обсабзҳо, занбурӯғҳо ва сарахсшаклон

Протоплазма аз чӣ иборат аст?

  A) ситоплазма ва ядро

  B) органоид ва омезаҳо

  C) ҷилд ва ситоплазма

  D) ядро ва ядроча

Кадом намуди ҳуҷайраҳо дар табиат вомехӯранд?

  A) бисёрядрогӣ ва прокариотӣ

  B) прокариотӣ бо рибосома

  C) ядродор бо рибосома

  D) прокариотӣ ва эукариотӣ

Вазифаи ҷилди ҳуҷайра кадом аст?

  A) ҷудокунанда, нақлиётӣ

  B) ҷудокунанда

  C) нигоҳдории ахбори ирсӣ

  D) интихоби ахбори ирсӣ

Фарқияти ҷилди ҳуҷайраи растанӣ ва ҳайвонот, вазифаи онҳо:

  A) қисми берунаи ҷилди растанӣбо мутсин ва пардаи луобӣ пушида шудааст, муҳофизатӣ

  B) қисми берунаи ҷилди растанӣ бо хитин ва пардаи луобӣ пушида шудааст, нақлиётӣ

  C) қисми берунаи ҷилди растанӣ бо селюллёза, гемиселлюллёза ва моддаи пектинӣ пӯшида шуда, ба бофтаи растанӣ мутаҳкамӣ мебахшад

  D) болояш бо пардаи луобӣ ва ҷилд рӯйпуш аст, мубодилаи энергия

Ҳуҷайраҳои эукариотӣ характероканд барои ...?

  A) занбурӯғҳо, бактерияҳо ва растаниҳо

  B) занбурӯғҳо, растаниҳо ва ҳайвонот

  C) бактерия, растанӣ ва ҳайвонот

  D) обсабзҳои сабзи кабудчатоб ва растаниҳо

Ба омезаҳои ҳуҷайра чиҳо дохиланд ва кадом нақшро иҷро мекунанд?

  A) сафеда, митохондрия, чарб, моддаҳои ғизоӣ

  B) ангиштоб, рибосома, чарб, синтези сафеда

  C) ангиштоб, сафеда, чарб, мубодилаи модда

  D) ангиштоб, сафеда, чарбҳо, моддаи ғизоӣ

Дастгоҳи генетикии прокариотҳо кадом аст?

  A) КРН бо сафедаи гистонӣ

  B) КРН ва КДН бо сафедаи гистонӣ

  C) КДН ва хромасомаи ягонаи ҳалқагӣ бо сафедаи гистонӣ

 D) КДН ва як хромасомаи ҳалқагии бе сафедаи гистонӣ


Комментарии (1)

    Шукрулло 8 февраля 2021 13:47

    Мада  якбор  разрешине  наметиян

    Тест  чува  намедрояд

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив