Дар дунё аз ҳама махлуқи олитарин аз ҷиҳати сурат ва сират ин инсон аст. Инсон маҳз ба хотири ақл, идрок ва маърифату маданияти хеш хушбахтона зиндагӣ мекунад. Хусусан, то кадом андоза одобу ахлоқ доштани шахс аз забону баёни ӯ маълум мегардад. Мутаассифона, дар ҷамъият бо инсонҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки аз гуфторҳои қабеҳу дилхарош истифода мебаранд. Дар натиҷа суоле ба миён меояд, ки ашхоси бадлафз аз ҳамсӯҳбати худ чӣ гуна ҷавоб хоҳад шунид? Хостам хӯшае аз хирмани андеша гуфта бошам.
Дар урфият мегӯянд, ки ба кӯҳ чӣ гуна садо диҳӣ, айнан ҳамонро хоҳӣ шунид. Оре, мо низ хоҳ дар оила, хоҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо дӯсту дугонаҳои худ вобаста ба рафтору гуфторашон муносибат мекунем. Бо оромтабиат оромона, бо мулоимсухан мулоим, бо ҳазлгӯ ҳазломез, агар лозим ояд бо тундхӯ тунд. Саъдӣ низ бо гуфтаҳояш фикри болоро тасдиқ менамояд:
«Ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор»
Модоме, ки чунин аст, мо соҳибақлонро мебояд, ширинзабон бошем, то посухи мусбиро интизор шавем, вагарна як сухани беҷо боиси нороҳативу беобрӯтӣ дар байни хешу бегона хоҳад буд. Шоире барҳақ мегӯяд:
Нигар, он чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гӯйӣ, ҳамон бишнавӣ.
Ё ки:
Одамиро оқилӣ мебояд, на ҷоҳилӣ.
Бале, банда низ чандин маротиба шоҳиди чунин ҳодисаҳо шудаам. Рӯзе дугонаам Ширин дар назди ман Ҷасурбек ном ҳамсинфашро аз барои одоби бад доштанаш бо суханони таҳдори безеб танқид намуд. Посухи Ҷасурбек ҳам аз танқиди ҳамсинфаш монданӣ надошт. Дар натиҷа дугонаам чунон шарм кард ва пушаймон шуд, ки дигар маҷоли гап заданаш намонд. Аз чунин ранг гирифтани ҳодиса хулосабарорӣ намудам, ки дар ҳама ҳолат инсон суханашро дар тарозуи ақл баркашида, сипас ба забон орад, то ба обрӯяш рахна назанад. Дар ҷамъият обрӯю эътибори худро дар як сатҳ нигоҳ доштан низ санъат аст. Агар андеша кунем, сухани бад ҳам, нек ҳам аз як забон мебарояд, пас: Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ.
Паёмбари ғазал мегӯяд:
Забон дар даҳон эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки гавҳарфурӯш аст ё пилавар.
Аз гуфтаҳои зикршуда чунин хулоса бармеояд, ки умри инсон нотакрор аст. Онро бояд зебо, хурсанд ва самаранок истифода бурд. Аз инсонҳои бад низ ҷиҳатҳои хубашро дарёфт намуда, тарбия бояд намуд. Ба худ баҳо додан ва айбро аз худ ҷустан ҳам аз тарбияи хуб ва поквиҷдонӣ дарак медиҳад. Агар байти зерро шиори худ созем, ба манфиати кор аст.
Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сӯйи хеш зиёнро,
Аз гуфтаи нохуш нигаҳ дор забонро.
Комментарии (0)