Таъсири мусиқи ба зиндагии инсон


Таъсири мусиқи ба зиндагии инсон

Ҳар як халқу миллат санъати мусиқии хоси худро дорост. Дар қатори ин миллатҳо миллати тоҷик низ аз азал санъати мусиқии воло аз қабили шашмақом, опера ва эстрадаро доро буд ва ҳаст. Санъати мусиқӣ низ яке аз нишонаҳои бофарҳангии халқ буда, аз маданияти боло дарак медиҳад. Дар ҳамин вақт саволе ба худ фурӯ мекашад, ки нафъи суруду мусиқӣ ба зиндагии инсон чӣ гуна аст? Мусиқиро манфиатовар гуфтан мумкин аст ё на?

Мусиқӣ аз нигоҳи ман як санъати латифу гуворост, ки равони инсонро озуқа мебахшад. Банда ҳаётамро бе мусиқӣ тасаввур карда наметавонам, зеро оҳанги дилнавоз бо мақомҳои маънодораш уқдаҳои зиндагиро боз мекунаду роҳи дуруштро ҳамвор. Новобаста аз мусиқии халқу миллатҳо  мусиқиеро, ки ба ман дарси одаму одамгариро меомӯзад, дӯст хоҳам дошт ва аз шуниданаш фароғат хоҳам кард. Инсон вобаста ба табъаш мусиқӣ интихоб мекунад. Банда дар вақти хурсандӣ мусиқии шӯхро баланд карда, хуб бо пои дилам рақс мекунам. Дар вақти хастагиву ғамгинӣ бошад, шашмақом гӯш мекунам ва пай мебарам, ки маро аз ҳолати маъюсӣ ба умеди хушбахтӣ равона мекунад. Дубора зиндагиро дӯст медорам, гӯё дунё ба назарам биҳишту атрофиён нексиришт. Баъзан меандешаму ба  худ мегӯям, ки маҳз қудрати мусиқӣ аз ҷиҳати мусбӣ ранги рӯзгорамро дигаргун кардааст. Ҳатто усулҳои табобате ҳастанд, ки маҳз бо мусиқӣ беморро даво мекунанд. Шоир ширинсухан Амир Хусрави Деҳлавӣ дар ин маънӣ хуб гуфта:

Мутрибе мегуфт Хисравро , ки эй ганҷи сухан,

Илми мусиқӣ зи ҷинси назм некӯтар бувад.

Олимон собит сохтааанд, ки рустаниҳо низ намудҳои мусиқиро интихоб мекунанд. Масалан, як навъи гул операро меписандаду дигарӣ ҷазро.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба бастакорону навозандагону сарояндагони асили шеъру суруд миннатдории хешро изҳор намуда, дар фаъолият тозакориҳоро таманно дорам. Бошад, ки оҳангҳои бастаи онҳо касро дар зиндагӣ бахшанда, собир ва шокир гардонад.

Аз гуфтаҳои арш чунин хулоса метавон кард, ки суруду мусиқӣ санъати олӣ, як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти одам, раҳнамои фарҳанг ва талқингари шодист. Шояд дар дунё шахсе ёфт нашавад, ки бо мусиқӣ қаҳрист. Дӯстдорони мусиқӣ дорандагони маданият ва ҷаҳонбинии волоянд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив