Одоби сухангӯйӣ


Одоби сухангӯйӣ
Сухан армуғони Худо, воситаи изҳори ҳиссу ҳаяҷони фикр, инчунин, воситаи мукаммал намудани тафаккур ва фарҳанги инсонист. Инсон маҳз бо афкор ва баёни худ аз дигар махлуқи зинда фарқ мекунад. Аз ин гуфтаҳо мебарояд, ки инсон хушбахттарин халқшуда дар рӯйи ҷаҳон будааст. Инак, саволҳои бисёр андешаро фишор медиҳад. Магар сухангӯйӣ одоб дорад? Одоб ва маданияти сухангӯйӣ чӣ гуна бошад?

Бале, сухагӯйӣ одоб ва маданияти худро доро буда, ҳини суҳбат дониш, заковат ва хислатҳои одамонро метавон фаҳмид. Одоби сухан дар ҷойи мувофиқ, беғалат, пурмазмун, бо овози паст баён кардани фикр аст. Сухани нарму зебо аҷоиб сеҳр дошта, шунавандаро чун оҳанрабо ба худ мекашад ва дилҳоро тасхир менамояд. Сухани зишт, баръакс, дилхарош буда, шунавандаро аз худ дур менамояду маданияти инсониро паст.

Забоне, ки андар сараш мағз нест.

Агар дурр биборад, ҳамон нағз нест.

Риояи одоби сухан ин дурӯғ нагуфтан, сухани касеро набуридан, худро таъриф накардан, пургӯӣ набудан аст. Сухани бамаънӣ мудом дар мизони ақл баркашида, сипас гуфта мешавад. Сухани зебо ҳам, сухани зишт ҳам аз як забон мебарояд. Пас моро мебояд барои нигоҳ доштани обрӯву эътибор ва қимати инсонӣ танҳо ва танҳо сухани зебо гӯйем, то азизу мукаррам бошем. Аттор дар ин маънӣ мегӯяд: 

Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,

Нарму ширин гуй бо мардум калом.

Хоксорӣ, эҳтироми атрофиён, ширинзабонӣ, дурандешӣ ва ботамкинӣ нишонаи боодобиву худшиносии инсон аст. Ҳар яки мо вобаста ба касби худ дар соҳаҳои гуногун фаъолияти корӣ дорем. Агар тартибу низом ва меъёрҳои мубодилаи афкорро риоя накунем, ба натиҷаҳои мусбат ноил намешавем. Фирдавсӣ гуфтааст:

Нигар, ҳар чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,

Сухан ҳар чӣ гӯйӣ, ҳамон бишнавӣ.

Хуллас, сухангӯйӣ одоб ва маданияти худро дошта, бозгӯкунандаи сирати инсонист. Дар ин дунё ҳар амали одамон бозпас ба эшон бармегардад. Аз ин хотир риояи одоби сухангӯйӣ шарт ва зарур, то ки ҳангоми бозгашт ба шаъни мо рахна назанад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив